(Тоҷикӣ) БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

30 декабр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мизи гирд таҳти унвони «Арзёбии ҳалли масъалаҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ: аз Паём то Паём» баргузор гардид.
Дар кори мизи гирд доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода, муовинони директор, сардорони раёсатҳо, роҳбарони шуъбаву бахшҳо ва кормандони илмии Марказ иштирок намуданд.
Ҳамоишро директори Марказ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки рушди ҳамаҷонибаи соҳаи соҳибкорӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ташаббускори тадбирҳои муассир ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ мебошанд.
Х. Усмонзода зимни идомаи суханронӣ зикр намуд, ки дар шароити кунунӣ рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолии инноватсионӣ, дар пешрафти устувори иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад.
Қайд гардид, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ пазируфта шудааст. Дар ин замина, бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва густариши муколамаи созанда байни давлат ва бахши хусусӣ, дар кишвар тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.
Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ Амин Одиназода дар мавзуи «Арзёбии ҳалли масъалаҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ: аз Паём то Паём», инчунин номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи «Аз Паём то Паём: дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025» маърӯза намуданд.
Зикр карда шуд, ки ироа шудани Паём аз ҷониби Роҳбари давлат ва дар доираи он муайяну мушаххас намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бешубҳа баёнгари амалӣ шудани мақсаду Ҳадафҳои Рушди устувор дар кишвар мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳамасола дар баробари дигар бахшу соҳаҳо, таҳлилу амиқу дақиқи вазъ ва дурнамои рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла дастовард ва масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодиёт яке аз бахшҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Зеро ҳоло дар мамлакат 80 дарсади истеҳсоли молҳо ва 70 дарсади шуғли аҳолӣ бевосита аз ҳисоби бахши хусусӣ ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар таъмин мегардад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ, ки санаи 28 декабри соли 2024 сурат гирифта буд, дар баробари дастоварҳои дигар самтҳо, аз нақши барҷастаи соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ёдовар шуда, саҳми соҳибкорони мамлакатро дар иҷрои ҳамаи корҳои хайру ободонӣ ниҳоят бузург хонда, ба онҳо барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати кишвар ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Дар ин раванд, бо дарназардошти нақши муҳим доштани бахши мазкур, масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки дар соли 2025-ум ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва дар ин замина ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба иқтисодиёт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Инчунин қайд кардид, ки тайи ду даҳсола мешавад, ки паёмҳои солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натанҳо татбиқкунандаи рӯзномаи стратегии рӯшди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон балки, ифодагари рӯзномаи байналмилалии рушди устувор мебошанд.
Дар робита ба татбиқи ҳадафҳои гузошташудаи соли 2024 бо итминони комил метавон иброз дошт, ки соли 2025 Тоҷикистони соҳибистиқлол бо пешбурди сиёсати хориҷӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳадафҳои худ ноил гардид.
Дар рафти ҳамоиш ҳамчунин таъкид гардид, ки бо саъю талоши аҳлона ва пайгирӣ аз сиёсатҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эълон гардидани соли 2026 соли ҳамчун соли “Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” мо ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар ба дастовардҳои беназир ноил хоҳем гашт.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ директори Маркази Хайриддин Усмонзода мизи гирдро ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиён барои саҳми фаъолонаашон изҳори сипос намуда қайд кард, ки чунин нишастҳои илмӣ ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.
Мизи гирд дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон