(Тоҷикӣ) МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТҲОРО ДАР СОЛИ 2025 ҶАМЪБАСТ НАМУД
25 декабри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода, муовинони директор, сардорони раёсатҳо, роҳбарони шуъбаву бахшҳо ва кормандони илмии Марказ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми директори Марказ, раиси Шӯрои илмӣ-методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи мазкур як масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт: Ҳисоботи раёсатҳои Марказ оид ба натиҷгирии фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар соли 2025.
Сардорони раёсатҳо зимни суханрониҳои худ доир ба самтҳои муҳими корҳои илмию таҳқиқотии ба анҷом расонидашуда, таҳияи маводҳои таҳлилӣ, нашри мақолаҳо, гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва таҳкими равобити байналмилалӣ гузориш дода, ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посухҳои мушаххасу қаноатбахш ироа намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа аъзои Шӯрои илмӣ-методӣ оид ба фаъолияти раёсатҳо, рушди самтҳои афзалиятноки таҳқиқотӣ ва саҳми Марказ дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Зикр гардид, ки Марказ дар давраи ҳисоботӣ 9 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ ба имзо расонидааст, аз ҷумла бо Маркази пажуҳишии Шӯрои исломии Эрон, Институти тадқиқоти дипломатии Арабистони Саудӣ, Донишгоҳи сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Чин ва дигар муассисаҳои илмии минтақа ва ҷаҳон. Инчунин 2 Барномаи ҳамкорӣ бо Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Чин роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар давоми соли 2025 кормандони Марказ дар конфронсҳо, семинарҳо, ҳамоишҳо ва мизҳои гирди сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намудаанд. Ҳамзамон, гузоришҳо ва иттилооти марбут ба ин чорабиниҳо пайваста дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва сомонаи расмии Марказ нашр гардидаанд. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи Марказ беш аз 1070 хабарҳо ва мақолаву матолиби гуногуни илмӣ бо се забон – тоҷики, русӣ ва англисӣ дарҷ гардидаанд. Дар ин давра ба сомонаи Марказ 22 ҳазор хонанда ворид шудааст, ки аксарияти онҳо аз хориҷи кишвар мебошанд.
Хайриддин Усмонзода, директори Марказ, зимни сухани ҷамъбастӣ ба фаъолияти раёсатҳо ва саҳми онҳо дар рушди таҳқиқоти стратегӣ дар соли 2025 баҳои муносиб дод. Ӯ дар баробари зикри натиҷаҳои назаррас, ба баъзе камбудиҳо ва нуқтаҳои ташвишовар низ ишора карда, барои беҳтар намудани самтҳои илмию таҳлилӣ ва такмили фаъолияти Шӯроҳои илмӣ ва методӣ тавсияҳои мушаххас ироа намуд.
Ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методӣ дар фазои озоди илмӣ, бо рӯҳияи созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳокимаи пурсамар доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон