(Тоҷикӣ) УСТУВОРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМИНАИ СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ ВА ПАЁМИ СОЛОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими молияи давлатӣ яке аз ҳадафҳои калидии сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ин самтҳо диққати махсус дода шуда, рушди иқтисоди миллӣ ва идоракунии самараноки молияи давлатӣ ҳамчун заминаи асосии пешрафти кишвар арзёбӣ гарданд.

Зимни ироаи Паём, ба рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим, саноату кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, низоми бонкӣ, фаъолияти самараноки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусуӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Дар Паём таъкид гардид, ки баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ омили муҳимми таъмини амнияти иқтисодӣ ба шумор меравад. Ин раванд ба маблағгузории имтиёзноки низоми бонкӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна вобастагии зич дорад.

Дар баробари ин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисоди миллӣ, молияи давлатӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ  мавриди таҳлил қарор дода шуда, вазифаҳо барои таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар доираи ҳадафҳои  дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинигардида, дар  даҳ соли охир ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва афзоиши чандинкаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, устувории буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имкониятҳои сармоягузориро ба иқтисоди миллӣ таъмин карда тавонистем.

Мувофиқи пешниҳоди коршиносони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баробари тағйирёбии авзои сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии сатҳи нархҳои ашёи хоми хусусияти стратегидошта дар бозорҳои байналмилалӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарур аст, ки бештар ба сектори хусусӣ, соҳибкории хурду миёна ва корхонаҳои истеҳсолӣ маблағгузорӣ намоянд. Ҳамзамон, рушди бахши хусусӣ ва афзоиши ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз сиёсати муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз заҳмату талошҳои мардуми Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дурнамои рушди иқтисоди миллӣ дар ҳамбастагӣ, ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоду молия, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои воқеӣ, аз ҷумлаи омилҳои таъминкунандаи рушди устувор номида шуданд. “Ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд”, гуфта шуд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ин равандҳо барои коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам меоранд. Ҳамчунин, рушди иқтисоди «сабз», бозори сармоя, ба муомилот баровардани коғазҳои қимматноки «сабз», такмили механизмҳои қарздиҳии дарозмуддат ва таъсиси Фонди кафолати қарзҳо ҳамчун омили муҳимми дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ арзёбӣ гардиданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ироаи Паём иброз намуданд, ки “Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, корбарӣ намоянд”.

Тибқи нишондиҳандаҳо дар соли 2025 Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ба хусус:

  • зиёд гардидани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар даҳ соли охир 3,4 баробар, яъне аз 509778 млн. сомонии соли 2015 то 173,0 млрд. сомонӣ дар соли 2025 ва дар ин давра, ба ҳисоби миёна сатҳи рушди иқтисоди миллӣ 7,6 дарсад таъмин гардид;
  • дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ равона гардидани беш аз 670 млрд сомонӣ, аз ҷумла 159 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат;
  • маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, яъне ин нишондиҳанда дар ин давра 2,7 баробар зиёд гардидааст;
  • коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то 19 дарсад дар соли 2025;
  • афзоиш ёфтани даромади пулии аҳолӣ аз 26,0 млрд сомонии соли 2015 то 165 млрд сомонӣ дар соли 2025;
  • дар соли 2025 ба 22 дарсад расидани суръати рушди соҳаи саноат.

Дар назар аст, ки мувофиқи индикаторҳои мақсадноки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар панҷ соли оянда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ то 10 дарсад паст ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 дарсад афзоиш ёбад. Дар баробари ин, бояд эътибори аввалиндараҷа ба рушди иқтисоди «сабз» ва иқтисоди «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим дода шавад.

Дар ҳақиқат, яке аз омилҳои асосии таъмин намудани рушди иқтисодиёти миллӣ дар доираи фаъолияти низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва маърифати молиявии шаҳрвандон ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ, сиёсати мукаммали молиявӣ, аз ҷумла сиёсати андозию буҷетӣ, қарзӣ ва такмили низоми пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.

Бо дарназардошти муҳим будани масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодиёти кишвар дар доираи ҳадафҳои миллӣ ба вазорату кумитаҳои дахлдор ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. Ба андешаи мо таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ дар заминаи рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва такмили савдои электронӣ алоқаманд мебошад, метавонад ба афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи устувор гузорад.

Новобаста аз он, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ беш аз 80,0 млрд сомонӣ қарз дода шудааст, боз ба Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати идома додани пешниҳоди қарз бо дарназардошти фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ, ҳаҷми қарзҳои низоми бонкиро ба иқтисодиёт ҳамасола зиёд намоянд ва то охири соли 2027 ин нишондиҳандаро ба беш аз 100 млрд. сомонӣ расонад.[1]

Айни замон, Ҳукумати ҳар як мамлакат бо мақсади ҳалли дурусти масъалаҳои иқтисодӣ ва таъмини пешрафти иқтисодиёташ сиёсати худро барои чанд соли оянда муайян менамояд. Мақсади асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумат аз инҳо иборат мебошад: таъмини рушди иқтисодиёт, таҳти назорат гирифтани таваррум ё роҳ надодан ба болоравии нархҳо, роҳ надодан ба бекории шаҳрвандон ё дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани сатҳи бекорӣ, таъмини тавозуни пардохти мусбат ё ба таври дигар таъмини барзиёд будани содирот аз воридот.

Дар баробари ин, ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зиёд будани хавфҳои қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол аз ҷумлаи мушкилиҳое мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъа эъҷод менамоянд. Дар шароити имрӯза, сарфи назар аз дараҷаи рушди нисбӣ, бахши молиявии кишвар бо сабабҳои мавҷуд будани баъзе камбудиҳо ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад. Масалан, дар мавриди саноатикунонии босуръат эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар, ки ин ба таъмини устувории иқтисодиёт ва рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ замина мегузорад, баланд будани меъёри фоизи қарзҳои низоми бонкӣ мушоҳида мегардад. Меъёри миёнавазни қарзҳои бонкҳо бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар давоми солҳои 2015-2024 ва моҳи октябри соли 2025 тавассути (диаг. 1) нишон дода мешавад.

Сарчашма: дар асоси маълумоти Бюллетени омори бонкӣ Декабр соли 2023 (341) саҳ. 71-72, Бюллетени омори бонкӣ Октябри соли 2025 (363) саҳ. 72, Бюллетени омори бонкӣ Декабр соли 2015 (245) саҳ. 81 ва сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон https://www.nbt.tj [захираи электронӣ]/upload/iblock/983/ ualss1lhvqf4 04chpu0zzsdnlciytgr/BULL12%20new.pdf

Аз нишондиҳандаҳои диаграмма ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки фоизи қарзи бонкҳо давоми солҳои 2021 –2023 нисбат ба соли 2020 ва солҳои 2024–2025 нисбатан баланд мушоҳида мегардад. Дар баробари ин давоми солҳои 2023-2025 меъёри миёнавазни қарзҳо бо асъори хориҷӣ низ тамоюли пастшавиро ба худ касб намудааст. Аз ҷумла, дар даҳ моҳаи соли 2025 меъёри миёнавазни қарзҳои бонкҳо бо пули миллӣ 22,41 дарсад ва бо асъори хориҷӣ 11,71 дарсадро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли 2021 меъёри фоизи қарз бо асъори хориҷӣ ба андозаи 1,16 фоиз пасттар мебошад.

Ҳамин тавр, яке аз омилҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, сиёсати мукаммали пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва истифодаи васеъи рақамикунонии соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ба шумор меравад, ки пайваста аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар навбати худ, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои пешниҳоди қарз ба муштариён, танзими ҳаррӯзаи амалиётҳои дохилии бонкӣ, такмили низоми ҳисоботҳои байнибонкӣ, тақвияти низоми иттилоотӣ, яъне гирифтани маълумотҳои фаврӣ оид ба тағйиротҳои амалиётҳои молиявиро иҷро менамояд. Ин ҷо, қарзҳои низоми бонкӣ нисбати маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар давоми солҳои 2015-2024 ва октябри соли 2025 тавассути диаграммаи 2 нишон дода мешавад.

Сарчашма: дар асоси маълумоти Бюллетени омори бонкӣ Декабр соли 2015 (245) саҳ. 46, Бюллетени омори бонкӣ Декабр соли 2023 (341) саҳ. 42-43, Бюллетени омори бонкӣ Октябри соли 2025 (363) саҳ. 8–42 ва сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон https://www.nbt.tj [захираи электронӣ] /upload/iblock/983/ ualss1lhvqf4g 04chpu 0zzsdnlciytgr/ BULL12% 20new. pdf

Аз нишондиҳандаҳои диаграммаи 2 хулоса баровардан мумкин аст, ки соли 2015 маблағгузориҳои низоми бонкӣ 9350045 ҳазор сомониро ташкил намудааст ва соли 2024 ин нишондиҳанда ба 24557814,5 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки дар ин давра афзоиш 15207770 ҳазор сомонӣ ё ин, ки бештар аз 2,62 баробарро ташкил менамояд. Танҳо дар даҳ моҳи соли соли 2025 ҳамаи маблағгузориҳои низоми бонкӣ маблағи 24225622,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024-ум 4999808,9 сомонӣ ин, ки 25,8 дарсад зиёд мебошад.

Таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки устувории иқтисодиёти мамлакат дар заминаи сиёсати пулию қарзии мукаммал ва истифодаи васеъи рақамикунонии соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ таъмин гардида, тавассути пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва маблағгузории мақсаднок ба густариши фаъолияти самараноки соҳибкории хурду миёна ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд. Бо дарназардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои қаблӣ низ мавриди ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳиро ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ бо мақсади ба роҳ мондани коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ, таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ ва умуман бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ супоришҳои қатъӣ медоданд.

Вобаста ба ин, дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳои миёнамуҳлати рушд ва дигар ҳуҷҷатҳои қонунгузории соҳавӣ диққати бештар ба истифодаи мақсадноки имконияту захираҳои молиявӣ дода шудааст, ки ин имкон медиҳад, раванди маблағгузории низоми бонкӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ пайваста мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ҳамзамон, рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар заминаи маблағгузории низоми бонкӣ таъмин гардида, ҳамин тавр, таъсири бевоситаи худро ба рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, хусусан ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва устувории буҷети давлатӣ мерасонад.

 

Ғуломносирова Ф.М.,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

[1]Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2024