(Тоҷикӣ) РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ҲАМЧУН ОМИЛИ КАЛИДИИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ)
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги энергетикӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, мавқеи ҷуғрофӣ ва иқлими мусоиди он, ки дар сол то 280–300 рӯзи офтобиро фаро мегирад, барои рушди соҳаҳои энергетика, бахусус энергетикаи обӣ ва офтобӣ, имкониятҳои фаровони табиӣ фароҳам меорад.
Тибқи таҳлилҳои коршиносон кишвари мо аз рӯйи захираҳои гидроэнергетикӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон мақоми пешсафро касб намуда, иқтидори умумии гидроэнергетикӣ беш аз 527 млрд. кВт /соат дар як солро ташкил медиҳад. Илова бар ин, асоси рушди неругоҳҳои барқи обии кишварро асосан дарёҳои бузург, ба монанди Вахш, Панҷ, Зарафшон ва Сир ташкил дода, дар заминаи онҳо як қатор неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, бузургтарини онҳо НБО-и Норак бо иқтидори 3000 МВт, НБО-и Сангтуда 1 ва Сангтуда 2 бо иқтидори умумии 890 МВт, НБО-и Бойғозӣ бо иқтидори 600 МВт, НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт, НБО-и Қайроқум бо зарфияти 174 МВт ва ғайраҳо ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, сохтмони НБО-и Роғун яке аз бузургтарин ва муҳимтарин иншооти энергетикӣ на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои минтақа ба шумор меравад. Неругоҳи мазкур ҳамчун лоиҳаи стратегӣ дар таъмини истиқлоли энергетикӣ, рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Бояд гуфт, ки зарфияти умумии лоиҳавии НБО-и Роғун 3760 МВт буда, он аз 6 чархаи гидроэнергетикӣ иборат аст, ки пас аз пурра истифода доданаш Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи асосии неруи барқ табдил хоҳад ёфт. Инчунин, неругоҳи мазкур ҳамчун такягоҳи асосии низоми энергетикии кишвар дар масири таъмини рушди устувор ва пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварамон нақши муҳим мебозад. Бунёди ин иншооти азими аср дастоварди бузурги даврони Истиқлоли давлатӣ буда, барои наслҳои оянда мероси гаронбаҳо хоҳад буд.
Бояд зикр дошт, ки Тоҷикистон дар баробари зарфиятҳои мавҷудаи гидроэнергетикӣ боз дорои имкони рушди манбаъҳои дигари таҷдидшаванда, ба монанди энергеияи офтобӣ ва энергияи бодӣ мебошад, ки ин асосан барои таъмини неруи барқ дар рустоҳо ва минтақаҳои дурдасти кишварамон аҳамияти калон доранд.
Таъмини рушди низоми энергетикии кишвар аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёт ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз таъмини истиқлоли энергетикӣ вобастагии бештар дорад.
Айни ҳол, иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон омили муҳимми рушди устувор маҳсуб ёфта, дар баробари ин, истифодаи самарноки неруи барқ метавонад мавқеи кишварамонро дар бозори минтақавию байналмилалии боз ҳам ташаккул диҳад. Бо дарназардошти ин, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегӣ расидан ба истиқлоли энергетикӣ бунёди низоми ягона, ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги энергетикӣ ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ то охири соли 2025-ум 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 млрд. доллар амалӣ гардида, айни замон 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,6 млрд. доллари ИМА дар марҳилаи амалисозӣ қарор доранд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар зикр доштанд “Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд”.
Бояд зикр дошт, ки ҳамаи ин дастовардҳо бо талошу заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, ҳамасола дар кишвар иқтидорҳои нави алтернативӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки вобаста ба ташаккули низоми энерегтикии кишварамон таъсири мусбат мерасонанд. Масалан, дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 300 неругоҳҳои барқӣ, аз ҷумла неругоҳҳои обию офтобӣ бо зарфияти 6,2 МВт сохта ба истифода дода шуд, ки ин нишондиҳанда дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 25 неругоҳи хурду бузурги барқи обиро бо иқтидори 4 ҳазор МВт ташкил медод.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2025 иқтидори истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ 24,2 млрд. кВт-соатро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015-ум 7 млрд. кВт-соат ё 40 дарсад афзоиш ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зимни таҳлилу арзёбиҳои масъалаи мазкур иброз доштанд, ки “Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд. Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд”.
Самти муҳимми дигаре, ки ҷиҳати ташаккули низоми энергетикии кишвар мусоидат мекунад кам намудани талафоти неруи барқ ба ҳисоб меравад. Масъалаи паст намудани талафоти неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат муайян гардида, дар ин самт таъмини чорабиниҳо тавассути татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалкунанда ба манфиати кор дониста мешавад. дар доираи иқдоми мазкур муайян гардидааст, ки то соли 2027 бояд 100 дарсади муштариён бо ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ фаро гирифта шаванд. Мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо неруи барқи талафёбанда ба неруи барқи фоидаовар табдил дода мешавад.
Таҳлилҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои милат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, нишон доданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир ҷиҳати самаранок истифода гардидани низоми энергетикии кишварамон ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил меёбанд. Дар робита ба ин Сарвари давлат чунин иброз доштанд, ки “Танҳо дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли равон талафот 13 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 банди фоизӣ кам мебошад. Инчунин, талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиард киловатт – соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт – соат кам шудааст”.
Воқеан ҳам, паст кардани талафоти неруи барқ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди устувори соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, навсозии низоми инфрасохтори энергетикӣ, гузаштан ба низоми билингӣ, коҳиши талафот дар интиқол ва тақсимот, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ ба устувории низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Чунки устувории низоми энергетикӣ ба рушди дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъсири мусбат расонида, дар маҷмуъ пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҷамъият ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин менамояд.
Ҳамзамон, истифодаи самараноки неруи барқ ба рушди истеҳсолоти миллӣ заминаи мусоид гузошта, ба паст гардидани шиддати муҳоҷират, таъмини рушди инфрасохтори маҳал ва рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ҷумла, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи сабз, аз қабили неруи обӣ, офтобӣ ва бодӣ на танҳо дар таъмини амнияти энергетикӣ нақши муҳим дорад, балки ҳифзи муҳити зистро низ таъмин намуда, он имкон медиҳад, ки кишвар ба шохисҳои ҳадафҳои рушди устувор ноил гардида, дар ин замина таъсири манфии тағйирёбии иқлим коҳиш ёбад.
Ҳамин тавр, рушди низоми энергетикии кишвар на танҳо як соҳаи алоҳида, балки пояи асосии ташаккул ва пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳсуб ёфта, шарти муҳим ҷиҳати рушди фарогир, суботи иҷтимоӣ ва ояндаи неки кишварамон дониста мешавад.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон