(Тоҷикӣ) ЭЪЛОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Таҳти унвони «Нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ» санаи 18 декабри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад.
Дар кори ҳамоиш иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва намояндагони васоити ахбори омма дар назар аст.
Зимни баргузории конференсия таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла равандҳои давлатсозию миллатсозӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, консепсияи тамаддунии шинохти масоили геосиёсии муосир, зарурати шинохти тамаддунӣ дар ҷаҳони муосир, ташаккули давлатҳои миллӣ дар заминаи осори тамаддунӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ дар чорчӯби тамаддуни ниёгон, айнияти тамаддунӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва постмодерн, таъсири равандҳои геосиёсию тамаддунӣ ба рушди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бархӯрди тамаддунҳо ва таҳмили арзишҳои фарҳангӣ, масъалаҳои таъмини амнияти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳдиду чолишҳои фарҳангию тамаддунии муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамоиш соати 09:30 дар толори Марказ (ш. Душанбе, кӯч. Шоҳтемур 27, ошёнаи 3) баргузор мегардад.
Барои иштирок дар кори ҳамоиш хоҳишмандон метавонанд ба кумитаи тадорукот бо рақами 221-32-28 муроҷиат намоянд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон