(Тоҷикӣ) ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДОЛОНҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ-НАҚЛИЁТӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

15 декабри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Масъалаи таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Марказ ва намояндагони вазорату идораҳо, коршиносон, мутахассисони ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар ширкат варзиданд.
Зимни баргузории мизи гирд як қатор масъалаҳои муҳим аз ҷумла масъалаи муайян намудани зарфиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ, баррасии мушкилот дар самти ҳузури фаъоли Тоҷикистон дар фаъолияти долонҳои нақлиётӣ-энергетикӣ, имкониятҳои азхуднамуда дар ин самт, нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар бунёди долонҳои сабз дар Осиёи Марказӣ, стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар заминаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини амнияти фаъолияти долонҳои нақлиётӣ ва боркашонӣ дар шароити ҷаҳони муосир, инчунин рушди ҳамкории минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳамчун заминаи тавсеаи долонҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ҳамаҷонибаи коршиносон қарор гирифтанд.
Дар рафти чорабинӣ коршиносон иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббусҳои нақлиётии байналмилалии фаъолона ҳамроҳ мешавад. Имрӯз терминалҳои боркашонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Хоруғ, инчунин дар аксари гузаргоҳҳои назоратӣ-гузаришии дорои мақоми байналмилалӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ барои сохтмони марказҳои нави логистикии мултимодалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Бохтар корҳои мақсаднок идома доранд.
Инчунин, дар самти рушди иқтидори гидроэнергетикии кишварамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ин соҳа дорои захираҳои бузург мебошад, бинобар ин, ояндаи рушди он аз бисёр ҷиҳат аз самаранок ва оқилона истифода намудани ин намуди энергия вобастагӣ дорад. Вобаста ба ин, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ташаккули «иқтисоди сабз», яъне таъмини рушди иқтисодиёт ва нигоҳ доштани зарфиятҳои табиӣ, ки ба ҳаёти одамон безарар мебошад, аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудаанд.
Кайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти татбиқи сиёсати энергетикӣ ба мувафаққиятҳои беназир ноил гардидааст, хусусан бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ба монанди НБО Сангтуда-1, Сангтуда-2, ду агрегати НБО “Роғун”, инчунин, иқтидорҳои нави азхудшаванда низ дар доираи татбиқи сиёсати энергетикӣ бо дигар шарикони стратегӣ таҷдид гардидаанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён таъкид намуданд, ки мутаасифона, сайёраи мо имрӯз ба ҳолати душвори экологӣ рӯ ба рӯ гардидааст, бинобар ин масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувор ва иқтисоди сабз дар саросари ҷаҳон аз мубрамтарин масоили асри ХХI дониста мешаванд. Дар ин замина, мақсади асосӣ аз татбиқи ин ҳадафҳои созанда, дар навбати аввал, таъмини истиқлоли энергетикӣ ва суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии иқтисодиёт, бо дарназардошти баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар ба ҳисоб меравад.
Таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аз самаранок истифодабарии иқтидорҳои энергетикӣ ва густариши робитаҳои нақлиётӣ бо шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии бештар дорад. Яъне, дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” давра ба давра бо андешидани тадбирҳои зарурӣ, рушди иқтисоди рақамӣ таъмин карда мешавад, чунки таҷрибаи кишварҳои муттараққӣ нишон медиҳад, ки ташаккули иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои роҳу нақлиёт ва энергетика, омили инсониро аз байн мебарад ва шаффофияти амалиёти молиявиро таъмин карда метавонад.
Дар маҷмуъ, истифодаи самараноки неруи барқ ҳам аз ҷониби аҳолӣ ва ҳам аз тарафи субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор ва соҳибкорони хурду миёна ба устувории низоми энергетикӣ заминаи мусоид гузошта метавонад.
Дар ҷараёни мубодилаи афкор иштирокчиён оид ба таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии долонҳои транзитӣ ва таъмини амнияти онҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд. Ҳамчунин, зарурати ҳамоҳангсозии сиёсати энергетикӣ ва нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя барои таъмини рушди минтақавӣ таъкид гардид.
Дар натиҷаи баргузории мизи гирд иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки рушди долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъмини амнияти онҳо яке аз омилҳои калидии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, тақвияти иқтисоди сабз, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ метавонанд мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари транзитӣ ва энергетикии муҳим боз ҳам тақвият бахшанд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон