(Тоҷикӣ) НОМИНАИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ” БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ ЮНЕСКО ВОРИД ГАРДИД
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр зимни иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Деҳлии Нав номинаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, номинаи мазкур аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии созмони зикргардида пешниҳод шуда буд.