(Тоҷикӣ) ЭЪЛОН
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 декабри 2025 мизи гирдро таҳти унвони «Масъалаи таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор менамояд.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, коршиносон ва мутахассисони ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар сурат мегирад.
Зимни баргузории мизи гирд таҳлилу баррасии масъалаҳои зерин дар назар аст:
– Муайян намудани зарфиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ;
– Баррасии мушкилот дар самти ҳузури фаъоли Тоҷикистон дар фаъолияти долонҳои нақлиётӣ-энергетикӣ;
– Имкониятҳои муосири пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ;
– Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар бунёди долонҳои сабз дар Осиёи Марказӣ;
– Стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар заминаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;
– Таъмини амнияти фаъолияти долонҳои нақлиётӣ ва боркашонӣ дар шароити ҷаҳони муосир;
– Рушди ҳамкории минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳамчун заминаи тавсеаи долонҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ.
Вақт ва макон: 15 декабри 2025, соати 09:00, бинои Марказ, ш. Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур 27, толори ошёнаи 3.
Забонҳои конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.
Телефон барои тамос: 555555147.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон