(Тоҷикӣ) БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021–2025 НАТИҶАГИРӢ ШУД
10-уми декабри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ–амалӣ таҳти унвони “Натиҷагирӣ аз Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва ҳадафҳо баҳри оянда” баргузор гардид, ки ҳадафи он баррасии натиҷаҳои татбиқи барномаи мазкур, бардошт аз таҷрибаи амалии вазорату идораҳо, таҳлили омилҳои таъсиррасон ба рушди иқтисодӣ ва муайян намудани самтҳои нави рушд барои марҳалаи минбаъда буд.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Марказ, муовинони директор, сардорони раёсатҳо, инчунин намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлили ва васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Кори конфронсро директори Марказ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дастоварди муҳим барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буда, ҷамъбасти натиҷаҳо ба мо имконият медиҳад, ки стратегияҳои ояндаро ҳамоҳанг ва муассиртар созем.
Ба гуфтаи Х.Усмонзода, конфронс барои табодули таҷриба миёни вазорату идораҳо ва коршиносон, ҳамчунин барои таҳлили омилҳои таъсиррасон ба рушди иқтисодӣ ва муайян кардани самтҳои нави ҳамкорӣ заминаи хуб фароҳам овард: “Мо умедворем, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои таҳлили дастовардҳои рушди устувори кишвар ва татбиқи самараноки стратегияҳои миллии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард”, – изҳор дошт директори Марказ Хайриддин Усмонзода.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои калидии татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушд, рушди стратегияҳои давлатӣ, соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, зеҳни сунъӣ, амнияти озуқаворӣ, инчунин нақши телекомуникатсия дар раванди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ баррасӣ гардиданд.
Зимни таҳлили вазъи иқтисодии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд, ки дар 9 моҳи соли 2025 ҳаҷми ММД 117,8 млрд. сомонӣ ва рушди воқеъии он 8,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 афзоиши воқеъии он 0,2 банди фоизи кам мебошад. Рушди иқтисодиёт дар ин давра бештар аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 24,0 фоиз, сохтмон 24,4 %, хизматрасонии пулӣ 16,6 %, гардиши савдои чакана 10,6 % ва кишоварзӣ 8,1 % ба амал омадааст.
Ҳамчунин ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли 2025 7,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,7 % ё ба маблағи 1,4 млрд. доллари ИМА зиёд мебошад.
Инчунин зикр карда шуд, ки бо назардошти тамоюлҳои чаҳонӣ, рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор гирифта, омилҳои калидӣ ба ҳисоб меравад ва ояндаи кишварро муайян намуда, уфуқҳои навро барои рушди иқтисодӣ ва пешрафти технологӣ боз менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳар як пешрафти технологӣ ва рақамикунонии бахшҳои иҷтимоию иқтисодиётро бидуни инфрасохтори муосири телекоммуникатсионии боэътимод ҳамчун такягоҳи рушди инноватсионӣ, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо назардошти ин, таҷдид ва мутобиқ кардани тамоми ҷузъҳои системаи телекоммуникатсионӣ ба стандартҳои байналмилалӣ барои мо аҳамияти хоса дорад.
Дар бахши энергетика таъкид шуд, ки таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо роҳандозии вазифаҳои асосӣ, аз ҷумла зиёд намудани иқтидори энергетикӣ то 10 гВт, содироти солонаи неруи барқ то 10 миллиард кВт соат, ҳиссаи дигар манбаҳои барқароршавандаи энергия то 10 фоиз ва кам кардани талафоти неруи барқ то 10 фоиз муайян гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии кишвар ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ то соли 2025-ум 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллар амалӣ карда шуда, 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,5 миллиард доллар дар марҳилаи амалисозӣ қарор дорад.
Дар бахши амнияти озуқаворӣ зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи озуқаи босифат дар баробари татбиқи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2024-2028, Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 инчунин барномаҳои соҳавӣ қабул карда шудаанд, ки замина барои рушди соҳа гузошта истодааст.
Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳум чораҷӯиро аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа тақозо менамояд.
Дар анҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои амалӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷамъбаст гардиданд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон