(Тоҷикӣ) ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ МАСОИЛИ МУБРАМИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРРАСӢ ГАРДИД
4 декабри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон мизи гирд таҳти унвони «Масоили мубрами ҳимояи ҳуқуқи инсон дар раванди сиёсии муосир» баргузор гардид.
Чорабиниро директори Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” дар кишварамон ҷашн гирифта мешавад, барои таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва бознигарии масоили марбут ба ҳимоя ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти махсус дорад.
Роҳбари Марказ хотирнишон намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, принсипҳои ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар Конститутсия ва қонунгузории миллӣ мустаҳкам намудааст ва барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар ин самт пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Ба гуфтаи ӯ, таъмини волоияти қонун, амнияти миллӣ ва суботи иҷтимоӣ пояи асосии рушди давлат ва шарти муҳим барои татбиқи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, Директори Марказ зикр кард, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд аст. Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, аз роҳҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Барои татбиқи ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди устувори давлат маҳсуб мешаванд.
Сипас муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоҳутӣ Шарифзода дар мавзӯи «Масъалаҳои инкишоф ва рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ» ва муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Карим Назриев дар мавзӯи «Вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва ҳолати ҳуқуқи байналмилалӣ дар дунёи муосир: дидгоҳи геополитикӣ» баромад намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир, ҳуқуқи инсон арзиш ва меъёри асосии ҳар як давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Ҳама тағйироте, ки ҳам дар раванди давлат ва ҳам дар дохили худи ҷомеа ба амал меоянд, дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон инъикос меёбанд. Ҳуқуқи инсон як категорияи умумибашарӣ мебошад, ки ба шаҳрванд имкон медиҳанд, ки аз имтиёзҳо ва шароити зиндагии беҳатар ва озод дар ҷомеа ва давлат баҳра баранд. Ҳуқуқҳои инсон аз худи табиати инсон сарчашма мегиранд. Онҳо дар посух ба шароити доимо тағйирёбандаи ҷомеа ба вуҷуд меоянд ва инкишоф меёбанд. Онҳо аз таваллуд ба афрод тааллуқ дошта, хусусияти ҷудонашаванда доранд, ҳамчун табиӣ ва мустақиман татбиқшаванда эътироф карда мешаванд. Эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон вазифаи ҳар як давлат аст.
Қайд карда шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинае мебошад, ки дар асоси он рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Бо қабули Конститутсияи даврони соҳиб¬истиқлолӣ дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Инчунин, Конститутсияи кишвар ҳамчун санади олии меъёрии ҳуқуқии кишвар таъмини эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии онро кафолат медиҳад. «Меъёрҳои ҳуқуқие, ки ба таъмини риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мустаҳкам гардонида шуда, ба он боби алоҳида ҳам ҷудо гардидааст. Қисмати зиёди меъёрҳои Конститусияро маҳз меъёрҳои ҳуқуқи инсон ташкил медиҳанд.
Дар воқеъ, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтаанд. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд «қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст».

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон