(Тоҷикӣ) ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии идона бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар сохторҳои гуногун баргузор гардид.
Дар ин роҳпаймоӣ инчунин ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳпаймоӣ аз назди майдони Истиқлол оғоз гардида, то майдони Парчам идома ёфт. Дар он зиёда аз 20 ҳазор нафар иштирок доштанд.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфтааст, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон