(Тоҷикӣ) ПАРЧАМ РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ МИЛЛӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

21 ноябри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Парчам рукни давлатдорӣ ва рамзи миллӣ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Марказ баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазозода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва зимни суханронии худ қайд кард, ки тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст.
Мавсуф зикр намуд, ки Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид.
Дар баробари ин, Истиқлоли давлатӣ ба мо барои таҷлили тамоми ҷашнҳои таърихӣ ва миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчами миллӣ ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон шароити хеле мусоид фароҳам овард. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз шумори рамзҳо ва муқаддасоти давлат ба ҳисоб меравад.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин, садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ба Парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Боиси хурсандист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид”, – зикр намуд дар баромади худ Ораз Муртазозода.
Сипас мудири шуъбаи бойгонӣ ва корҳои махсус Саид Саидов, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Бахтовар Рашидов, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Моҳира Шарифхонзода ва сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодӣ Иброҳим Иброҳимзода оид ба нақши Парчами давлатӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар раванди тағйирпазирии ҷомеа суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муқаддасу устувори давлатдорӣ буда, нақши калидӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва ҳисси ифтихори ҳар шаҳрванд мебозад. Дар шароити тағйироти доимӣ дар ҷомеа, ки бо пешрафтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ аст, аҳамият ва ҷойгоҳи Парчами давлатӣ боз ҳам бештар зоҳир мешавад.
Парчам на танҳо рамзи Истиқлолияти давлатӣ аст, балки рамзи ягонагӣ ва муттаҳидии сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа низ мебошад. Он ҳамчун омиле барои муттаҳид намудани мардум ва гирд овардани онҳо атрофи идеяҳои миллӣ ва арзишҳои умумидавлатӣ хизмат мекунад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Парчами давлатӣ рамзи муҳими миллӣ ва таърихӣ буда, барои рушди иқтисодӣ ва устувории кишвар низ мусоидат менамояд. Аз ҷалби сармоягузорӣ то амалӣ намудани стратегияҳои рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад, эътимоди ҷомеаи байналмилалиро таҳким мебахшад ва шароити мусоид барои ҳамкориҳо ва сармоягузориро фароҳам меорад.
Дар баромадҳо аҳамияти тарбиявии рамзҳои давлатӣ низ қайд гардид. Таъкид гардид, ки истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳаммияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад, ки бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад. Истифодаи Парчам дар раванди таълимӣ ба насли наврас ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватанро тақвият медиҳад, ба онҳо хусусияти фарқкунандаи давлат ва аҳамияти рамзҳои давлатӣ фаҳмонида мешавад.
Дар охир Изҳори назар карда шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон сабаби ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Мизи гирд дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон