(Тоҷикӣ) ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ИФТИХОР ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи муҳим аст, ки ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишварро бозгӯ мекунад. Аммо аҳаммияти парчам танҳо алоқаманд ба таърих ва фарҳанги он нест, балки таъсири амиқе ба рушди устувори иқтисодии давлатҳо дорад.

Тазаккур бояд дод, ки Парчам рамзи миллии давлатро нишон медиҳад ва метавонад барои бахшҳои гуногуни кишвар маънои қудрат, субот ва ягонагии миллатро ифода намояд. Дар ин замина, парчам барои сармоягузорони хориҷӣ аз эътимод ва устувории сиёсӣ ва амнияти иқтисодии давлатпаём медиҳад. Ин ба маънои он аст, ки парчам на танҳо як рамзи сиёсӣ, балки далели эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар баъзе кишварҳо, парчам ҷузъи муҳимми сиёсати иқтисодӣ аст, ки метавонад барои равандҳои иқтисодӣ ва таваҷҷуҳ ба стратегияи рушди кишварҳо истифода шавад. Масалан, кишварҳое, ки дар сатҳи иқтисодии назаррас фаъолият мекунанд, парчамро барои баланд бардоштани мақоми байналмилалӣ ва сатҳи эътибори миллии худ истифода мекунанд. Вақте, ки парчам аз сиёсатҳои устувор ва натиҷагирии муассири иқтисодиёти давлат дарак медиҳад метавонад барои муҳити сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар маҷмуъ, парфишонии парчам далели фазои амн ва оромии кишвар буда, метавонад ба сармоягузорони хориҷӣ эътимод бахшад, ки иқтисодиёти кишвар устувор аст ва барои дастгирӣ инчунин боварии соҳибкорон дар роҳи рушди соҳаҳои саноат, бонкдорӣ ва инфрасохтор кӯмак кунад, зеро ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамчун нишондиҳандаи бебозгашт ва устувор барои иқтисодиёти кишвар муҳим аст.

Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ метавонад дар соҳаҳои истеҳсолот ва хидматрасонӣ, ки мустақиман ба соҳаи иқтисодиёт дахл доранд, ба таври муассир нақш гузорад.

Истифодаи парчам дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, як манбаи асосии даромад барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ нақши муҳимро мебозад.

Дар кишварҳое, ки ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзам роҳандозӣ шудааст, парчам метавонад рамзи як ҳадафи муайян дар соҳаи рушди устувор ва соҳибкорӣ бошад.

Парчам на танҳо дар дохили кишвар нақши муҳим дорад, балки ҳамчун воситаи сиёсати байналмилалӣ барои ба вуҷуд овардани муносибатҳо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо дигар кишварҳо истифода мешавад. Маҳз парчами миллӣ метавонанд дар саҳнаи ҷаҳонӣ тасвирҳои мухталифи муносибатҳоро бо кишварҳои дигар намоиш диҳанд.

Кишварҳои зиёд барои ташкили ҳамкориҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангӣ дар миқёси ҷаҳонӣ бештар бо истифодаи муқадассоти миллии худ, ки парчам яке аз унсурҳои муҳимми он аст, кӯшиш мекунанд, ки робитаҳои байналхалқии худро ба таври муфид ва баробар роҳандозӣ намоянд.

Рушди фарҳанги кишвар ва робитаи он бо парчам инчунин дар тақвияти соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ нақши муҳим мебозад. Ҳар як парчам нишона ва ранги хоси худро дорад, ки аз таърих ва фарҳанги миллат ривоят мекунад ва ҳавасмандии сайёҳонро бештар намуда ва аз ҳисоби ин ҳамкориҳо даромадҳои иқтисодиро афзоиш медиҳанд. Таасуроти сайёҳ дар рушди бахши меҳмоннавозӣ ва хизматрасониҳо дар кишварҳо, ки бо парчамҳои худ ба ҷаҳон паҳн мекунанд, барои иқтисоди кишвар аҳаммияти бузургро ба худ касб менамоянд.

Хотирнишон бояд сохт, ки Парчами давлатӣ як рамзи муҳимми миллӣ ва таърихии ҳар кишвар мебошад, ки ба рушди иқтисодӣ ва устувории он мусоидат менамояд. Аз ҷалби сармоягузорӣ то пешбурди стратегияи иқтисодӣ, нақши муҳим дорад. Он метавонад воситаи беҳтарин барои муаррифии эътимод ба ҷаҳон ва барои таъмин намудани рушди устувор ва шароити хуб барои сармоягузорон ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҷанбаҳо, ҳар кишвар бояд ба аҳаммияти парчам ва истифодаи дурусти он дар роҳи рушди иқтисодӣ ва муносибатҳо бо кишварҳои дигар таваҷҷуҳ кунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш ва ҷавонон ҳамасола зиёд гашта истодаас, зеро ҳамасола дар сабқатҳои гуногуни варзишӣ ва олимпиядаҳои фаннӣ ҷавонон бо як ҳуввияти миллӣ парчами давлатии худро дар минбарҳои гуногуни байналмилали парафшон менамоянд.

Тазаккур бояд дод, ки соли 2024 барои миллати тоҷик соли фаромӯшнашаванда буд, зеро дар ин сол варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 хуб ҳунарнамоӣ карда соҳиби 3 ҷойи 3-юм – нишони биринҷӣ гардиданд, ки ифтихори тамоми тоҷикон мебошад. Дар ин сол аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул гардид. Ташаббуси мазкур кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ бештар муаррифӣ намуд ва нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ба варзиш зиёд аст. Инчунин гӯштини миллӣ мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард ва муаррифгари миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳон гардид.

Ҳамаи ин дастовардҳо аз мадди назари Пешвои миллат дур намонда, дар Паём зикр гардиданд.

Ҳар як фарди кишварро лозим аст, ки аз дастовардҳои миллат ва боло рафтани нуфузи миллат дар сатҳи байналмилалӣ ифтихор намоянд. Кӯшиш кунанд, ки дар рушд ва нумуи давлат саҳмгузор бошанд, ҳамеша дастовардҳои кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоянд ва парчами давлатро ҳамчун рамзи озодиву истиқлоли миллӣ баланд бардорад.

Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон