(Тоҷикӣ) НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАВАНДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТСОЗӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Ба ифтихори 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмию амалӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди давлат ва миллатсозӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти Марказ иштирокчиёнро ба ин санаи таърихӣ табрик гуфт. Мавсуф дар суханронии худ таъкид кард, ки қабули Конститутсия дар давраи душвору ҳассоси кишвар бо иродаи устувори мардуми тоҷик сурат гирифта, дар таҳкими давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот нақши калидӣ бозидааст.
Дар суханрониаш Ораз Муртазозода зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо беш аз 87 фоиз овоз тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ҳамчун пойдевори давлатдории навини тоҷикон, кафили ваҳдати миллӣ ва бахтномаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Сипас, муовини директори Марказ Шарифзода Лоҳутӣ бо маърузаи илмӣ дар мавзуи “Нақш ва мақоми Конститутсия дар ташаккул ва рушди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намудааст.
Ба гуфтаи мавсуф, қабули Конститутсия дар шароите сурат гирифт, ки кишвар нав ба истиқлол расида буд ва ниёз ба як санади ягонаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи ваҳдат, истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дошт. Бо шарофати қабули он, пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлат мустаҳкам гардиданд ва Тоҷикистон тавонист самти дурусти рушд ва суботро пеш гирад. Маҳз татбиқи меъёрҳои Конститутсия заминаи рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими пояҳои қонуният ва болоравии ҳисси ватандӯстӣ дар миёни шаҳрвандонро фароҳам овардааст.
Инчунин дар доираи ҳамоиш иштирокчиён бо маърузаҳо дар мавзуъҳои “Таҳаввулоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон: нигоҳи сиёсӣ ба он”, “Ҷойгоҳи афкори ҷамъиятӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши Конститутсия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки омӯзиши Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро беҳтар дарк намуда, дар назди давлат ва ҷомеа масъулият ҳис намояд. Танҳо дар заминаи омузиш ва риояи Конститутсия метавонем як ҷомеаи адолатпазир, ором ва пешрафтаро бунёд кунем. Конститутсия ба мо меомӯзонад, ки Ватанро дӯст дорем, ба қонун эҳтиром гузорем, ба меҳнат дилбастагӣ дошта бошем ва барои ободии Тоҷикистони азиз талош варзем. Он рамзи ваҳдат, озодӣ, истиқлол ва худшиносии миллии мост.
Дар фарҷоми мизи гирд, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, зарурати таҳкими омӯзиши мазмуну муҳтавои Конститутсия, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва татбиқи устувори меъёрҳои он дар ҷомеа таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар остонаи таҷлили 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва рушди минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон