(Тоҷикӣ) ИБНИ СИНО ВА АБУБАКРИ РОЗӢ – НОБИҒАҲОИ ТАМАДДУНИ БАШАРӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

4 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1045 солагии олими забардасти тоҷик, Абуалӣ ибни Сино ва 1160 солагии файласуф, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ мизи гирд дар мавзӯи «Ибни Сино ва Абубакри Розӣ – нобиғаҳои тамаддуни башарӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони марказ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода, кушода, дар суханронии худ ба саҳми ин ду нобиғаи бузург дар рушди илму фарҳанг таъкид кард. Мавсуф қайд намуд, ки Абуалӣ ибни Сино ва Абубакри Розӣ бо асарҳои худ на танҳо ба илму маорифи ҷаҳонӣ хидмат кардаанд, балки саҳми онҳо дар рушди тамаддуни башарӣ низ барҷаста мебошад. Мероси онҳо имрӯз ҳам таълимоти инсонсозии худро дар ҷаҳони муосир мегузорад.
Дар давоми ҳамоиш, сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатзода, дар мавзуи «Аҳаммияти таълимоти Абубакри Розӣ барои илм» баромад намуд. Номбурда дар суханронии худ оид ба нақши Абубакри Розӣ дар рушди илми тиб, химия ва фалсафа ишора кард ва зикр намуд, ки бозёфтҳои илмии мутаффакир, хусусан дар соҳаи тиб, бесобиқа буда, осори ӯ барои даҳсолаҳо дастури амал дар Ғарб буд. Абубакри Розӣ бо таҳқиқоти амиқ ва дастовардҳои илмии худ тавонист илми тибро ғанӣ гардонад.
Гуфта шуд, ки бузургию мартабаи Абубакри Розӣ дар таърихи илм бо мусанифоти зиёд роҷеъ ба химия ва тиб ба поён намерасад. Ӯ роҷеъ ба аксари улуми маъмули замонаш таълифоти пурарзише доштааст, ки мутаассифона аксари зиёди онҳо то мо нарасидааст. Таълифоти пурарзиши ў «Бурҳон», «Илми илоҳӣ», «Самъул-каён» (ё «Мадхали илми табиӣ»), «Замон ва макон», «Сабаби қёми замин дар васати осмон» ва ғайра барои инкишофи илмҳои табиӣ, илоҳиёт, нуҷум ва ғайра такони азиме доданд.
Дар кори мизи гирд котиби матбуотӣ Ибодат Давлатова ва муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Карим Назриев дар мавзуҳои «Абӯалӣ ибни Сино: 1046 сол аз таърих то абадият — нақши ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ» ва “Доктиринаи сиёсии инбни Сино” баромад намуданд. Дар баромадҳо нақши бузурги Ибни Сино дар ҳамгироии фарҳангҳо, аз ҷумла дар Аврупо ва Шарқи Наздик, ва инчунин таъсири амиқи таълимоти ӯ ба олимон ва файласуфон дар таърихи илм ва фалсафа таъкид карда шуд.
Ба гуфтаи иштирокчиён, осори адабӣ ва фалсафии Ибни Сино, аз ҷумла «Донишнома» ва «Ҳикмат-ул-Машриқия», намунаи олии фарҳанги андешавӣ ва забони илмии тоҷикӣ мебошанд. Ӯ бо истифода аз забони модарӣ барои ифодаи мафҳумҳои фалсафӣ нишон дод, ки забони тоҷикӣ қудрати пурраи илмӣ ва адабӣ дорад.
Андешаҳои ӯ дар бораи эҳтироми фарҳангҳо, арзиши дониш ва ҳамзистии инсонҳо то имрӯз низ аҳаммияти ҷаҳонии худро гум накардаанд. Аз ин рӯ, Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун рамзи хирад, дониш ва фарҳанги умумибашарӣ шинохта шудааст. Мутаффакири барҷаста, инчунин дар масъалаҳои ахлоқ, тарбия ва иҷтимоӣ андешаҳои пурарзиш баён кардааст. Ба андешаи ӯ, ҳурмат ба зан, тарбияи дурусти фарзандон ва ахлоқи солим пояи муҳимми ҷомеаи инсонӣ мебошанд.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, таъқиб ва саргардониҳо, Ибни Сино аз ҷустуҷӯйи илм даст накашид. Ӯ тавонист осори гаронбаҳое ба наслҳои оянда мерос гузорад, ки имрӯз ҳам ба рушди илму маърифат хидмат мекунанд.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол номи Ибни Сино бо ифтихор гиромӣ дошта мешавад. Дар саросари кишвари мо ва кишварҳои ҳамҷавор донишгоҳҳо, муассисаҳо ва хиёбонҳо ба номи ӯ гузошта шудаанд. Муҷассамаи ӯ дар шаҳри Душанбе рамзи хирад ва дониш аст.
Дар музокира сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷират ва омӯзиши афкори оммаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов суханронӣ намуда, вобаста ба андешаҳои фалсафии Абуалӣ ибни Сино ва нақши ӯ дар пешрафти илм дар Асрҳои Миёна изҳори андеша намуд. Қайд гардид, ки асарҳои арзишманди Ибни Сино то имрӯз арзиши илмии худро гум накардаанд ва барои аҳли башар хизмати мондагор намудаанд.
Дар охир, дар мизи гирд иштирокчиён таъкид карданд, ки мероси фарҳангии Ибни Сино ва Абубакри Розӣ имрӯз ҳам ба илму маърифат, ахлоқ ва хирад рӯҳ мебахшад, ва ихтисосҳои онҳо намунаи олии ирода, ҷасорат ва инсондӯстӣ мебошанд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон