(Тоҷикӣ) ТАҲАВВУЛОТИ СУБОТИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРҲИЛАИ МУОСИРИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Санаи 5 сентябри соли 2025, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Таҳаввулоти суботи Истиқлоли давлатӣ дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон» баргузор гардид.

Чорабиниро директори Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуд. Вай ҳадафи баргузории мизи гирдро шарҳ дода, зикр кард, ки чунин чорабиниҳо барои таҳлилу баррасии раванди ташаккул ва таҳаввули низоми давлатдорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ заминаи арзишманд фароҳам меоранд.

Ӯ дар идомаи суханрониаш ба дастовардҳои замони Истиқлол ва сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ ишора намуда зикр кард, ки таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо рамзи истиқлолу озодии давлати тоҷикон, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, меҳнати созанда ва талошҳои пайваста баҳри ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Зимни суханронӣ мавсуф қайд намуд, ки “Истиқлолияти давлатӣ таҳкимбахши ҷаҳони имрўзаи миллати тоҷик аст, ки баҳри амалӣ гардидани марому мақсадҳои олии миллӣ, таърихии мардуми мо имкониятҳои воқеиро ба вуҷуд овард ва он чун неъмати бебаҳо маҳсуб меёбад. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Бинои босуботи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути заҳматҳои пайвастаи рӯйи ҳам гузоштани хиштҳои заррин аз анъанаҳои пурғановати сиёсию фарҳангӣ ва иродаи матини соҳибдавлатии насли имрӯза бунёд ёфтааст. Ин табиист, зеро тамоюли руҳияи истиқлолиятхоҳӣ ҳамеша ҳамқадами зина ба зина ташаккул ёфтани худшиносии миллии ў дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардид, то ин ки ниҳоятан тавонист дубора дар даврони нав ба худ чеҳраи мукаммали сиёсӣ касб карда, ба ваколаташ салоҳияти бидуни дахолати берунӣ пайрезию татбиқи самти сиёсати дохилию хориҷиро бидиҳад”.

Ҳамчунин  таъкид гардид, ки дар маҷрои пурталотуми равандҳои ҷомеасозӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шоҳиди бори нахуст дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон роҳандозии муваффақонаи истифодаи зарфияти давлати миллӣ ба сифати абзори ҳувиятсоз ва сипари амнияти миллӣ гаштем, ки онҳо имрўз аз рукнҳои муҳимми таъмини истиқлолияти сиёсии мамлакат ба шумор мераванд. Сокинони ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳимми худро мебинанд. Зеро онҳоро арзишҳои эъломдоштаи сохти давлатдории имрўзаи Тоҷикистон дар ғояи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ атрофи худ гирд овардааст.

Дар ҳамоиш инчунин Саидҳомид Шарифзода  – сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мазуъи “Дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии рушди  Истиқлоли давлатӣ”, Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода – сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи “Арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва нақши онҳо дар рушди низоми иқтисодии кишвар”, Бобоев Ҷурахон  Исломович – сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавуъи “Тамоюли  рушду пешрафти  соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ  дар марҳилаи имрӯзаи  рушди низоми давлатдории миллӣ”  маърузаҳо намуданд.

Зимни суханрониҳояшон баромадкунандагон  аз вазъи ҷаҳони имрӯза, татбиқи  ҳадафҳои стратегӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муназзами иқтисодиёт ва ҳаёти сиёсию  иҷтимоии кишвар, ки яке аз афзалиятҳои асосӣ  дониста мешавад изҳори андеша намуданд. Қайд гардид, ки  Ҳукумати мамлакат пайваста саъй менамояд, ки барои рушди соҳаи иҷтимоию сиёсии кишвар дар марҳалаи нави ташаккули давлатдории миллӣ  муҳити мусоид фароҳам оварда,  барои беҳтар гардидани сифати зиндагии шаҳрвандон мусоидат намояд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки яке аз ҷанбаҳои муҳимми таҳкими истиқлол  ин ваҳдати миллӣ, дастгирии ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ мебошад. Ҳамзамон барои пойдории истиқлол, таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир, зарурати таҳкими фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва низоми ҳуқуқӣ муҳим ба шумор меравад. Бешубҳа ҳифзи амнияти миллӣ аз таҳдидҳо, пурзур намудани иқтидори мудофиавии кишвар, танҳо бо ҳамкории  мардуми сарбаланди тоҷик имконпазир аст.

Ҳамоишро Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим ва боарзиш арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ин гуна ҳамоишҳо замина фароҳам меоранд, то дастовардҳо ва камбудиҳо дар раванди давлатдорӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гиранд. Ҳамчунин, бо натиҷагирӣ аз марҳилаҳои тайнамудаи давраи соҳибистиқлолии кишвар имкони муайянсозии стратегияҳои дурнамои рушди давлатдории миллӣ низ таъмин мегардад.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти  стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон