(Тоҷикӣ) ДУРАХШИ РӮЗАФЗУНИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН
Сазовори ёдовар шудан аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни муқаддас ҷойгоҳи сазовори худро пайдо намудааст ва ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад. Маънои аслии мафҳуми истиқлол ҳамчун истилоҳ рафтори озодона, мустақилона ва бомантиқ доштан дар муҳити ватани обод мебошад. Аз мавқеи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ истиқлоли давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонист. Аз нуқтаи назари сиёсӣ, истиқлол амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд. Ҷанбаи муҳими соҳибихтиёрӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ ноил шудан ба тақсимоти муваффақонаи ваколатҳои ҳокимияти давлатиро ифода менамояд. Мушарраф шудан ба ин рӯйдоди хотирмон ва тулӯи офтоби гарму форами санаи мубораки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 мувофиқ омадааст. Чун ҳамасола ин рӯзи фараҳбахшро тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомӣ дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон орзуву ҳавас, меҳру муҳаббат, ҳисси баланди ватандӯстӣ, қаноатмандию болидарӯҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои бештар аз пештар таҷлил менамоянд.
Сазовори гуфтан аст, ки тибқи Амри махсус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили сазовори санаи фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон низ ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан як раванди бесобиқа ва ифодагари ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ пайдо намудааст. Аз ин нигоҳ, ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли Ватани аҷдодӣ марҳилаи охирини омодагиҳо ба ҷашни армуғонии соли оянда хоҳад буд. Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон анъанаи ҳасанаи дар арафаи Истиқлоли давлатӣ – ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ шахсони саховатманду ватандӯст ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари давлати азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани объектҳои дорои таъйиноти инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ имсол чандин маротиба зиёдтар шудааст. Албатта, ин муждаҳои ҷашнӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии сокинони мамлакат, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ниҳоят бузург мерасонанд. Ҳоло аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар сол, ба хусус 34-солагӣ – соли баркамолии давлати ҷавони тоҷикон чӣ гуна дарахти пурсамари Истиқлоли тоҷик мақому манзалати худро афзун мегардонад. Илова бар ин, қудсияти ин ҷашн дар шинохти мардум бо гузашти ҳар сол қавитар ва пурҷилотар мегардад.
Ҳар гоҳ дар бораи рушди мустақилона дар даврони Истиқлол сухан доир мешавад, бегумон самтҳои барозанда ва омилҳои меҳварии ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷумҳурӣ пеши назар ҷилвагар мешавад.
Муҳимтарин омили таҳкими давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама, соҳибӣ карда тавонистани истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он мебошад. Дар таърихи навини мо ин вазифаи муҳим бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаллу фасли дурусти худро пайдо кард ва ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона гардид. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба марҳилаи шукуфоӣ ва рушди устувор оварда расонид.
Омили дигари муҳим дар раванди ташаккули давлатдории миллии тоҷикон дар маҳорати баланди фаъолияти сиёсатмадории Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ ва таъмини сулҳу субот ҳанӯз дар ҳамон муҳити ниҳоят сарбастаи оғози Истиқлоли давлатии кишвар ифода гардид. Дар он замон пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон машғулияти хатарнок маҳсуб мешуд. Вале иродаи қавӣ, ватандӯстӣ ва боварӣ доштан ба ояндаи неки давлату миллат ба Сарвари тоҷикон имкон фароҳам овард, ки ҳамаи мушкилоти дар ҷомеа пайдошударо тавассути хислатҳои сабру таҳаммулпазирӣ ва камоли масъулиятшиносӣ ва хирадмандию ҷавонмардӣ бартараф намоянд. Корнамоиҳои Пешвои миллии тоҷикон дар соли равон низ масарратбахш ва унсури устувори таҳкими пайвастаи дастовардҳои Истиқлол, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва муаррифии муваффақонаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ба ваҷҳи писандида тақвият бахшиданд. Ин ҷо тазаккур додани ду рӯйдоди муҳими соли равонро мувофиқи мақсад меҳисобем. Нахуст, имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвари ҳамсоя ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни ин кишварҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар рафти Саммити сарони се кишвар 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Ин дастоварди таърихӣ ба раванди аломатгузории марзии миёни давлатҳо ва музокироти ҳалли баҳсҳои марзии беш аз се даҳсола идомадошта хотима бахшид ва оғози таҳаввулоти нави ҳамкорию ҳамгироӣ, тақвияти пояҳои сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид. Рӯйдоди дуюми муҳим он аст, ки бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардид ва дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Дар ин замина, 29-31 майи соли равон нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки он оғози марҳилаи нави иқдомҳои муштараки ҷаҳонӣ барои ҳифзи табиат, захираҳои обӣ ва фардои инсоният баҳогузорӣ шуд. Дар натиҷа, Душанбе ҳамчун минбари муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои криосфера ва пиряхҳо эътироф гардид.
Ба андешаи мо, ҳамин қабил корнамоиҳои Пешвои миллат боис ба он шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шавад ва номи тоҷику Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба таври абадулобод ҷойгузин гардад. Ҳифзи бегазанди Истиқлоли давлатӣ ва эъмори давлатдории миллӣ минбаъд низ расидан ба дастовардҳои бузургро дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, энергетика ва логистика, саноат ва озуқаворӣ, фарҳангу маориф дар пояи таҳияи чаҳор ҳадафи стратегӣ имконпазир мегардонад.
Файзулло Баротзода,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон