(Тоҷикӣ) ЭЪЛОМИЯИ ТЯНҶИН: БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ДУШАНБЕГИИ ИЗҲОРОТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ СҲШ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаласаи ҷашнии 25 – Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд СҲШ) баргузор гардид. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҷаласаи навабатии СҲШ дар тули 24 соли фаъолияти созмон аз ҳама калонмиқёс арзёбӣ мегардад.

Зеро дар кори ҷаласа роҳбарони даҳ кишварҳои аъзои созмон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои нозир ва шарикони муколама, инчунин Котиби Генералии СММ Антониё Гуттериш ва роҳбарони ду кишвари аъзои СААШ – Президенти Туркийе Раҷап Тайип Эрдуғон ва Словакия Роберто Фитсо иштирок доштанд. Маҷмуан дар саммити Тянҷин роҳбарони 20 кишвари олам ва намояндагони 10 созмони байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Дар анҷоми ҷаласа 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломияи Тянҷин, Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расиданд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки Эъломияи Тянҷин аз панҷ қисми асосӣ бо фарогирии соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сохтори зерин аз ҷониби роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расид:

  1. Ҷанбаҳои таърихӣ-консептуалии бунёди созмон.
  2. Таъмини сулҳи устувори байналмилалӣ.
  3. Нақши минтақаи СҲШ дар барқарорсозии иқтисоди ҷаҳонӣ.
  4. Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг.
  5. Дурнамои рушди созмон.

Миёни изҳорот ва санадҳои қабулгардида баъзе аз нуктаҳои эъломияро, пеш аз ҳама бо инъикоси саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ таъкид намудан ба маврид аст.

  1. Қабули Изҳороти Шурои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ (минбаъд ШСДСҲШ) дар робита бо 80 солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва таъсиси СММ.

Дар робита ба санади болозикр роҳбарони давлатҳо зарурати мутобиқ гардидани СММ бо воқеаиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ бо ворид намудани ислоҳот дар фаъолияти созмонро бо назардошти мавқеи кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар сохторҳои идоракунии СММ изҳор намуданд.

Зимни ҳамоиш, кишварҳои аъзои СҲШ зарурати қабули қатъномаи МУСММ оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” (пешниҳоди Тоҷикистон) иброз доштанд.

Кишварҳои аъзои созмон нақши марказии Осиёи Марказиро дар фаъолияти СҲШ, баргузории конфронси байналмилалиро таҳти унвони “Осиёи Марказӣ – асли СҲШ: 25 соли ҳамкориҳо бар манфиати рушди мутақобила” (ш. Душанбе, 19 июни соли 2025) ва инчунин, ташкили ҳамасолаи онро таъкид намуданд.

Кишварҳои аъзо умумиятӣ, ҷудонашавандагӣ, вобастагӣ ва робитаи мутақобилаи тамоми ҳуқуқҳои инсон, инчунин уҳдадориҳои худро оид ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон тасдиқ намуда, ба татбиқи “қолабҳои дугона” дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва дахолат ба корҳои дохилии дигар давлатҳо бо баҳонаи ҳифзи онҳо мухолифат мекунанд.

Бо мақсади минбаъд беҳтар намудани фаъолияти СҲШ кишварҳои аъзо Стратегияи Рушди СҲШ барои то соли 2030, ки афзалиятҳо ва самтҳои асосии таъмиқи муносибатҳои гуногунҷанбаи онҳоро инъикос менамоянд, қабул намуданд.

  1. Дар раванди чорабинӣ кишварҳои аъзо Созишнома оид ба Маркази универсалии муқовимат бо таҳдиду чолишҳои амнияти кишварҳои аъзои СҲШ (дар шаҳри Тошканд) ва Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ (дар шаҳри Душанбе) ба имзо расониданд.

Кишварҳои аъзои созмон ба аҳамияти ҳамкориҳои гуногунсамта дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзуи «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе» (ш.Ал-Кувайт, 4-5 ноябри соли 2024) таъкид намуданд.

Сарони кишварҳо пешниҳодро оид ба гузаронидани даври минбаъдаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба амнияти сарҳадӣ ва идоракунро дар чаҳорчубаи Раванди Душанбе соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк таъкид намуданд.

Дар робита ба ин, сарони давлатҳо Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзоро дар мубориза бо идеологияи ифротгароӣ дар фазои СҲШ барои солҳои 2026-2030 қабул карданд, ки он ба иҷрои Конвенсияи мубориза бо ифротгароӣ аз ҷониби кишварҳои аъзо нигаронида шудааст (Остона, 9 июни соли 2017).

Кишварҳои аъзо ҷонибдории худро ба истиқрори Афғонистон ҳамчун давлати мустақил, бетараф ва осоиштаи аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир озод тасдиқ намуда, омодагии худро барои дастгирии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу рушд дар ин кишвар изҳор намуданд.

Инчунин, кишварҳои аъзо бори дигар таъкид карданд, ки ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ-сиёсии ҷомеаи Афғонистон ягона роҳи расидан ба сулҳу субот дар ин кишвар аст.

Давлатҳои аъзои созмон фаъолияти Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро дар Алмаато таъкид намуданд.

Зимни нишасти Тянҷин Изҳороти Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳалли босамари мушкилоти ҷаҳонии маводи мухаддир ва мубориза бо он қабул гардид.

Дар заминаи афзояндаи чолишҳо ва таҳдидҳо ба амният, онҳо нақшаи баргузории Муколамаи «СҲШ +» оид ба масъалаҳои амниятро дар Тошканд қайд карданд.

Кишварҳои аъзо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам амиқтар намудани ҳамкориҳо дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва судӣ изҳор намуданд. Дар робита ба ин, онҳо ҷонибдори татбиқи минбаъдаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои адлияи кишварҳои аъзои СҲШ (Душанбе, 18 августи соли 2015) гардиданд.

  1. Дар саммити Тянҷин Изҳороти Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба дастгирии низоми савдои бисёрҷониба қабул гардид.

Изҳороти Шурои сарони давлатҳои СҲШ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ қабул гардид.

Кишварҳои аъзо баргузории ҷаласаи 20-уми Форуми СҲШ (Деҳлии Нав, 21-22 майи соли 2025)-ро қайд намуданд.

Изҳороти Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноати «сабз» қабул гардид.

Изҳороти Шурои сарони кишварҳои узви СҲШ оид ба рушди устувори энергетика қабул ва Харитаи роҳ оид ба татбиқи Стратегияи рушди ҳамкориҳои энергетикии кишварҳои узви СҲШ барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шуд.

Сарони давлатҳо аз густариши ҳамкориҳои энергетикӣ бо шарикони муколамаи СҲШ ҷонибдорӣ намуда, пешниҳоди баргузории Ҷаласаи сатҳи баланди СҲШ-LAS оид ба тағирёбии иқлим ва энергияи устувор (Остона, 3 октябри соли 2025) дастгирӣ намуданд.

Дар нишасти сарони давлатҳои СҲШ Изҳороти Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи таҳкими ҳамкориҳои илмию техникӣ ва инноватсиони қабул гардид.

Кишварҳои аъзо аз Қатъномаи МУСММ “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” аз 25 июли соли 2025 истиқбол карданд, ки дар он ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе зикр шудааст.

Зиёда аз ин, кишварҳои аъзо аз натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” (Душанбе, 29-31 майи соли 2025) истиқбол карданд.

Кишварҳои узв аз баргузории Саммити минтақавии иқлим бо дастгирии СММ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2026 пуштибонӣ карданд.

  1. Зимни нишасти Тянҷин кишварҳои аъзо тасмим гирифтанд, ки мақоми “нозир” ва “шарики муколама”-ро ба мақоми ягонаи “шарики СҲШ” муттаҳид намоянд. Кишварҳои аъзо қабули қарорро дар бораи ба Ҷумҳурии Халкии Демократии Лаос додани мақоми шарики муколамаи СҲШ бо қаноатмандӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Инчунин, аз ҷониби кишварҳои аъзо ба натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар СҲШ, солҳои 2024-2025, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳои кишварҳои аъзо ва таҳкими нуфузи Созмон мусоидат кардааст, баҳои баланд дода шуд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, раёсати СҲШ ба Ҷумҳурии Қирғизистон вогузор шуда, он таҳти шиори “25 соли фаъолияти СҲШ: якҷоя ба сӯи сулҳи пойдор, рушд ва шукуфоӣ” соли 2026 баргузор хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ, агар ба таҳлили ҷанбаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари муассис дар фаъолити СҲШ назар афканем, пеш аз ҳама, руйдодҳои зерини дар Эъломияи Тянҷин таъкидгардида:

  1. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба амнияти сарҳадӣ ва идоракунро дар чаҳорчубаи Раванди Душанбе соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк;
  2. Имзои Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ (шаҳри Тянҷини ҶМЧ, 01 сентябри соли 2025);
  3. Қабули Қатъномаи МУСММ “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” аз 25 июли соли 2025 бо таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе;
  4. Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Осиёи Марказӣ – асли СҲШ: 25 соли ҳамкориҳо бар манфиати рушди мутақобила” (ш. Душанбе, 19 июни соли 2025);
  5. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 2025 (Душанбе, 29-31 майи соли 2025);
  6. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе» (ш.Ал-Кувайт, 4-5 ноябри соли 2024);
  7. Ҷонибдорӣ аз татбиқи минбаъдаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои адлияи кишварҳои аъзои СҲШ (Душанбе, 18 августи соли 2015) – вобаста ба “Раванди оби Душанбе”, “Раванди Душанбе дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм”, инчунин “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” ба ташаккули механизми муайяни рушду ташаккули фаъолияти сиёсӣ, таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодии кишварҳои СҲШ мусоидати ҷиддӣ менамоянд.

 

ШАРИФЗОДА САИДҲОМИД САФАР,
номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати таҳлил ва
 ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон