(Тоҷикӣ) АРЗЁБИИ ЗАРФИЯТҲОИ ҶОЙДОШТА ДАР САМТИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИВУ ИҚТИСОДӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи босамари «сиёсати дарҳои боз» дар баробари дигар кишварҳо ба рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бо кулли мамлакатҳои Осиё ва Африқо, аз ҷумла Муғулистон аҳаммияти хосса зоҳир намуда, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ташаббускорӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои созанда ва самарабахш бо ин кишвар мебошад.
Муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели 1992 барқарор гардида, заминаи меъёрию ҳуқуқии ду кишварро 5 санади дуҷониба ташкил медиҳад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки 23 марти соли 2009 аввалин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон баргузор гардида, дар доираи он як зумра санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки дар байни онҳо Cозишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб меравад.
Чунин санади баимзорасида, бевосита баёнгари мавҷуд будани заминаи ҳуқуқӣ дар самти таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишвар мебошад.
Дар ин самт, яъне рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар дорои имкону захираҳои зиёд буда, минбаъд истифодаи онҳо дар бахшҳои барои ҳар дуҷониб манфиатовар имкон медиҳад, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар мунтазам афзоиш ёбад. Ногуфта намонад, ки дар ҳоли ҳозир ин нишондиҳанда чандон назаррас нест.
Муғулистон ҳамчун як кишвари дорои модели аграрию агросаноатӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи кишорварзӣ ба сифтаи омили асосии рушди иқтисодиёти ин мамлакат дониста мешавад.
Тибқи маълумот ҳоло ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД-ии ин мамлакат беш аз 35,9 дарсадро ташкил намуда, ин нишондиҳанда дар соҳаҳои хизматрасонӣ 52,5 дарсад ва кишоварзӣ 11,6 дарсадро ташкил медиҳад. Бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар таъмини рушди иқтисодиёти Муғулистон нақши муҳим дошта, саҳми он дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, энергетика ва обтаъминкунӣ 30 дарсадро дар бар мегирад. Ин рақам дар соҳаҳои нақлиёт, саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва хизматрасониҳои илмию техникӣ 30–80 дарсад баробар аст.
Ширкату корхонаҳои пешқадами дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт фаъолияткунанда бевосита таҳти назорати давлат қарор доранд. Содироти маҳсулоти саноати истихроҷ ва ашёи хоми кишоварзӣ, бахусус, маҳсулоти чорводорӣ ва коркарди он яке самтҳои асосии таъмини буҷети миллии кишвари зери таҳқиқот қарор гирифта ба ҳисоб мераванд.
Аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор беш аз 8,5 дарсадаш ба соҳаи саноат, бахусус, саноати истихроҷ рост омада, дар он зиёда аз 200 ҳазор нафар машғули кор мебошанд. Ҳиссаи ин бахш дар ташаккули ММД 25,3% ва ҳаҷми умумии содирот зиёда аз 80 дарсад арзёбӣ карда мешавад. Таъкид намудан зарур аст, ки беш 90 дарсади содироти маҳсулоти саноатӣ истихроҷ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рост меояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар бахши саноати истихроҷи Муғулистон тақрибан 10 ҳазор канданиҳои фоиданок бо 80 навъи маъданҳо ба қайд гирифта шудааст. Аммо ин танҳо қисмати марказӣ ва шарқии мамлакатро дар бар гирифта, қисмати ғарбии он барои кашфи навъҳои дигари конҳо ва сарватҳои зеризаминӣ ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда боқӣ мемонад. Ногуфта намонад, ки Муғулистон дар қатори шаш кишвари тавлидкунандаи тилло дар ҷаҳон мавқеъ дорад.
Бинобар ин, саноати истихроҷ ва маъданҳои кӯҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ дар ин кишвар муайян гардида, аз ҳаҷми умумии сармояи ҷалбгардида, бахусус, сармояи мустақим тақрибан 60 дарсадаш ба рушди ин соҳа равона карда мешавад.
Дар ин ҷо ба рушди саноати коркард, бахусус, дар заминаи зерсоҳаҳои зерин, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин коркарди ниҳоии ашёи хом низ таваҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳиссаи он дар истеҳсоли ММД беш аз 7,1 дарсад арзёбӣ мегардад. Тамоми корхонаҳои дар ин самт фаъолияткунанда хусусӣ гардонида шудаанд.
Дар баробари соҳаҳои зикргардида, кишоварзӣ низ яке аз соҳаҳои муҳим ва пешбарандаи иқтисодиёти Муғулистон ба ҳисоб меравад. Барои мисол, тибқи маълумот ҳоло беш аз 11,6 дарсади ММД, 8,2 дарсади содирот ва 25–30 дарсади шуғли аҳолӣ дар ин кишвар бевосита аз ҳисоби соҳаи мазкур таъмин карда мешавад.
Масоҳати умумии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар Муғулистон 114,8 млн гектарро ташкил намуда, аз он 96 дарсадаро чарогоҳҳо ташкил менамояд. Аз ин рӯ, дар сохтори соҳаи кишоварзии Муғулистон соҳаи чорводорӣ, бахусус, дар заминаи рушди маҷмаҳои чорводорӣ яке аз бахшҳои муҳимму афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Хоҷагиҳои инфиродӣ, кооперативҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои аграрӣ ҳамчун истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ буда, саҳми онҳо ҳамчун бахши хусусӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тақрибан 100 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, Муғулистон чун Тоҷикистон дар соҳаҳои ояндадору афзалиятнок дорои имкону захираҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошад, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:
- саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ;
- саноати коркард, бахусус, коркарди пусту пашм, чарм, газвор;
- манбаҳои энергияи барқароршаванда;
- истеҳсол ва коркарди гӯшт;
- кишоварзӣ, чорводорӣ;
- мошинсозӣ;
- истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ.
Дар Тоҷикистон бахшу соҳаҳои зерин бо зерсоҳаҳои худ бо дарназардошти мавҷуд будани имкону захираҳои фаррох дар кишвар, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ муайян гардидаанд:
- саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо;
- саноати хӯрокворӣ;
- саноати масолеҳи сохтмонӣ;
- саноати сабук;
- саноати дорӯсозӣ;
- соҳаи мошинсозӣ, мудофиа ва кимиё;
- бахши нақлиётӣ-логистикӣ;
- кишоварзӣ;
- энергетика;
- иқтисоди сабз.
Ба андешаи мо, чунин бахшҳои зикргардида, бешубҳа баёнгари мавҷуд будани замина ва имкониятҳои зарӯрӣ ҷиҳати рушду тавсия бахшидани ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои иқтисоду тиҷоратии ҳар ду кишвар ба ҳисоб рафта, ҳар ду ҷониб ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикргардида ҳавасманд мебошад.
Таъкид кардан зарур аст, ки ҳоло бо дарназардошти таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, масъалаи истифодаи самараноки тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Дар маҷмуъ, ҳоло бовуҷуди он, ки дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратву иқтисодии байни Тоҷикистон ва Муғулистон нишондиҳандаҳои мусбат мушоҳида гардад ҳам, вале суърати рушди он бо дарназардошти имкониятҳои зиёди ҷойдоштаи ҳар ду ҷониб қонеъкунанда нест.
Бинобар ин, мо чунин мешуморем, ки минбаъд рушду густариш бахшидани ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратӣ, бахусус, дар заминаҳои зерин барои ҳар ду кишвар ба манфиати кор хоҳад буд:
- таъсиси Комиссияи байни ҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию, иқтисодӣ;
- инкишофи раванди муаррифии имкониятҳои сармоягузории дар ҳар ду кишвар ҷойдошта;
- тақвияти ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»;
- вусъат бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, бахусус, Созмони ҳамкории Шанхай.
- бо дарназардошти имкониятҳои ҷойдошта таъсиси Шурои муштараки соҳибкорони кишварҳои Тоҷикистону Муғулистон.
Ҳамин тавр, бо дарназадошти имкониятҳои ҷойдошта ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, давра ба давра дар заминаи барномаҳои мушаххас, мавриди татбиқ қарор додани чунин имконияту иқтидорҳои зикргардида ба афзоиши ҳаҷми содироту воридоти молу маҳсулот ва дар маҷмуъ рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни ҳар ду кишвар метавонад таъсири мусбат расонд
н.и.и, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ
Одиназода А.И.