(Тоҷикӣ) САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА САДИР ЖАПАРОВ АЗ БӮСТОНСАРОЙИ БЕРУНАЗШАҲРИИ «ТАКОБ» БОЗДИД НАМУДАНД

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 июл дар идомаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба меҳмони олиқадр муҳтарам Садир Жапаров як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро  муаррифӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Сарони давлатҳо ва Раиси шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои зебо суҳбати озоди дӯстона доир намуданд.