(Тоҷикӣ) ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон бо самимияти хоса, рӯҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олиқадр аҳли санъат як барномаи рангини фарҳангӣ дар сатҳи баланд пешниҳод намуданд.

Дар ноҳияи Шуғнон ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, раванди созандагиҳо вусъати тоза касб мекунад.

Имрӯз симои ноҳияи Шуғнон бо қомат афрохтани иншооти хуштарҳу замонавӣ куллан тағйир ёфтааст.

Бо қудуми файзбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ вусъати бештар мегиранд.