(Тоҷикӣ) АЗ ХУҶАНД ТО ХУҶАНД: ТАҶРИБАИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Баъд аз касби истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991, чанде нагузашта кишвари мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор гардид. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравии кишвар то ҷое мураккаб гардид, ки кишварро хатари аз даст додани истиқлоли давлатӣ таҳдид менамуд.

Дар чунин вазъи мураккаб, Тоҷикистон ба роҳбари содиқу сарсупурдае ниёз дошт, ки омода бошад ҷони худро дар хатар андохта, кишварро аз нобудӣ наҷот диҳад.

Ҳамин тавр, 19 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифт, ки вазъи сиёсии кишвар мураккаб ва пешгӯинашаванда буд. Дар он замон, сохторҳои қудратии кишвар фалаҷ гардида, кафолати ҳифзи ҷони шаҳрвандон, фаъолияти озоди ниҳодҳои давлатию ҷамъиятиро дода наметавонистанд.

Пас аз интихоб шуданашон ба сифати Раиси Шурои Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин ваъдае, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон дода буданд, “ман ба Шумо сулҳ меорам” мебошад.

Маҳз дар раванди Иҷлосия бо пешниҳоди Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов иҷлосия дар бораи сулҳу ризоиш қарор қабул кард. Аз рӯи ин қарор, 26 ноябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи сулҳу ризоияти миллӣ эълон гардид.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки яке аз хислатҳои наҷиби роҳбари давлат, ки омили муҳими расидан ба ваҳдату ягонагӣ гардид ва он дар замири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳувайдо буд, бахшиши гуноҳи нафароне буд, ки дар давраи аввали низоъи миллӣ ба ҷиноят даст зада буданд.

Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят содир намудаанд” ба ҳисоб мерафт.

Мақсади асосии қонун хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, пешгирии фоҷиаи миллии ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гуруҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадили ниҳодҳои давлатӣ ба ҳисоб мерафт.

Тибқи моддаи аввали қонуни мазкур шахсоне, ки дар ҳаракатҳояшон нишонаҳои зерин мавҷуд буданд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод карда мешуданд:

-ғасби биноҳои мақомоти ҳокисмият в идораи давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, алоқа ва иншоотҳо;

– муҳосираи роҳҳои нақлиёт ва роҳи оҳан, пулҳо, биноҳо, истгоҳҳои нақлиётӣ, истгоҳҳо, фурудгоҳҳо, биноҳои телевизион ва радио, иншооту алоқа, ки бо оқибатҳои сангин наанҷомида бошанд;

– ташкил ва гузаронидани гирдиҳамоиҳо, раҳпаймоиҳо ва намоишҳои ба қайд гирифтанашуда;

– вайрон кардани сарҳади давлатӣ, ки ба қочоқи маводи мухадир вобаста нестанд.

Дар робита бо ин, таъкид намудан зарур аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 17 маротиба санадҳои авф қабул гардида, зиёда аз 170 ҳазор нафар ҷинояткорон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда шудаанд. Ҳамаи ин иқдомот ба хотири таъмин намудани амнияти миллату давлат, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ буд.

Иқдоми мазкур таҷрибаи нодир дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва расидан ба сулҳи пойдор ҳисобида мешавад. Дар робита бо ин метавон иброз намуд, ки аввалин андешаҳои сулҳхоҳона ва сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи тақдирсози шаҳри Хуҷанд манша гирифта буданд.

Дар заминаи тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз руйдодҳои муҳим дар таърихи навини давлатдориамон Муроҷиатномаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ ба халқи шарифи Тоҷикистон буд, ки санаи 12 декабри соли 1992 ироа гардид. Ҳангоми ироаи Муроҷиатнома Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Аз рӯи мазмуну муҳтаво метавон Муроҷиатномаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ ба халқи шарифи Тоҷикистонро, аввалин Паёми стратегии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номид, зеро он аз рӯи сохтор ва мазмуну муҳтаво ба Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ пурра монанд буд.

Маҳз зимни ин Муроҷиатнома Раҳмонов Эмомалӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳои зеринро ҷиҳати таъмини рушди устувори мамлакат муайян намуданд:

  1. Ҳарчи зудтар дар тамоми гушаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор намуда, кори пурмаҳсули онҳоро таъмин намоем;
  2. Дар маҳалҳо сохтори мақомоти амалкунандаи ҳифзи ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам оварем, то онҳо ҳаёти халқ ва амнияти шаҳрвандони ҷумҳуриро тибқи меъёрҳои умумибашарӣ таъмин намоянд;
  3. Гурезаҳо ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардонида, онҳоро бо сару либос, хурокворӣ таъмин намуда, барои кори бонизом дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам оварем;
  4. Ҳарчи зудтар кори корхонаҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳоро барқарор карда, одамонро ба кори фоидабахши ҷамъиятӣ ҷалб намудан зарур аст. Дар як вақт фаъолияти корхонаҳои хурд ва муносибатҳои бозоргониро инкишоф бояд дод: барои иқтисоди ҷумҳуриро зина ба зина ба муносибатҳои бозоргонӣ гузаронидан мунтазам фаъолият карда, дар бораи ислоҳоти хоҷагии қишлоқ, молия, низоми бонкӣ, истифодаи боигариҳои зеризаминӣ, таълими кадрҳои баландихтисос, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус одамони камбизоат барномаи махсу қабул намудан зарур аст.

Зимнан, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки барои ҳар як давлати соҳибистиқлол масъалаҳои зеринро ҳаётан муҳим мешуморам:

  • асоси қонунии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъсис дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст;
  • таъсис додани Артиши миллӣ, пурзур кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомкаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси муносибатҳои баробарҳуқуқӣ ва мутақобилан судманд ҳамкорӣ намояд;
  • аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ;
  • мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои муштаракулманофеъ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.

Ҳамзамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов иброз намуда буданд, ки “давлати мустақил ва соҳибистиқлоли мо дар роҳи истиқлолият қадамҳои аввалин мегузорад.

Инчунин, дар асоси риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва баробарҳуқуқӣ, аз ҷумла дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар, мо муносибати худро бо мамлакатҳои ҳамсоя – Афғонистон, Покистон, Хитой, Эрон ва дигар давлатҳои Осиёву Африқо ва Аврупою Амрико барқарор менамоем. Маҳз ҳамин нуктаҳоро коршиносон ва олимони соҳаи равобити байналмилал, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон самтгирӣ ва ҳавзаҳои асосии таҳкими равобити дипломатӣ арзёбӣ менамоянд.

Дар робита бо ин Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвари сулҳпарвараш дар зарфи кутоҳи вақт муносибатҳои дипломатии худро бо кишварҳои олам тавсеа бахшид. Барои муқоиса агар ба санаи 8 январи соли 1992 Тоҷикистонро 45 давлати дунё ба расмият мешинохт, пас то имрӯз кишвари мо бо 187 кишвари олам равобити дипломатӣ барқарор намуд.

Маҳз масъалагузориҳое, ки Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Муроҷиатномаашон ба халқи шарифи Тоҷикистон анҷом дода буданд, аз дарки амиқи низоми идораи давлатӣ ва донишу маҳорати баланди роҳбарии эшон гувоҳӣ медоданд.

Ба таври низомнок таҳлилу масъалагузориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома боиси он гардид, ки Тоҷикистон минбаъд ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мо дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Таъкид ба мавриди хос аст, ки андешаҳои сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки соли 1994 ҳангоми таҳияи Қонуни асосии кишвар масъалаи сулҳхоҳии Тоҷикистон мақоми афзалро пайдо намуд, ки аз замири миллати мутамаддини тоҷик ва сарвари сулҳофараш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меомад.

Вобаста ба масъалаи мазкур мо дар моддаи 11 Қонуни асосии кишвар иброз намудем, ки “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.”

Зимни талошҳои пайваста ва андешидани чораҳои зарурӣ, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ бо талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ҳашт даври музокирот аз санаи 5-19 апрели соли 1994 дар Москва то 22-28 майи соли 1997 давраи ниҳоии гуфтушиниди тоҷикон оид ба мусолиҳаи миллӣ дар шаҳри Теҳрон анҷом ёфта, давраи хотимавии он баъд аз 216 рӯз, санаҳои 24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфт.

Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  мо ба марҳалаи нави рушди фарогир қадам ниҳодем. Барои мисол, дар зиёда аз бист соли охир рушди солонаи иқтисоди кишварамонро дар сатҳи 8,3 фоиз таъмин намуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то беш аз 150 миллиард сомонӣ дар соли 2024 ва дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш додем, ки он натиҷаи ваҳдат ва суботи сиёсӣ дар ҷомеаи кишвар мебошад.

Дар заминаи сабақи таърихӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва муқовимат бо тамоми тамоюлҳои номатлуб, ба монанди ҷудоихоҳӣ, терроризму экстремизм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо ин тамоюлҳо, ки омили асосии аз байн бурдани ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ мегарданд даъват менамуд.

Таҷрибаи сулҳмеҳвари давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис бар он гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон тайи се даҳсола ду раванди Душанбе – “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ҳамчун майдони муҳими таҳлилу баррасии масъалаҳои мазкур дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардад.

Моҳиятан ду раванди мазкур, ба таъмини амнияти байналмилалӣ ва дастгирии сулҳ дар олам, инчунин, бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният равона гардидаанд.

Дар заминаи андешаҳои сулҳофарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “инсоният дар асри нав бояд на душман, балки дӯст ҷӯяд ва бо истифода аз нерӯҳои зеҳнии хеш наслҳоро ба пуштибонию дастгирии сиёсати фарҳанги сулҳ омода созад.

Дар робита бо ин, таъкиди ташаббуси нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ, ҷиҳати қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” зарур мешуморам.

Ташаббуси мазкур бо дарназардошти вазъи сиёсии ҷаҳони муосир мубрам ва саривақтӣ мебошад. Зеро, таҳлили омори ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла оҷонсиҳои соҳавӣ (SOS Children’s Villages) нишон медиҳад, ки ҳоло дар дунё 470 миллион кудакон аз ҷанг ранҷ мебаранд, ки он 19 % шумораи умумии кудакони сайёраро (1,9 миллиард) дар бар мегирад. Вазъи мавҷуда ба мафкураи насли оянда ва дур мондани онҳо аз таълиму тарбия ва коста шудани андешаи сулҳу ваҳдат таъсири амиқ мерасонад.

Дар робита ба масъалаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мардуми мо алалхусус, насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд.

Маҳз дар заминаи андешаҳои сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон, ҷиҳати эҷоди навори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар, инчунин, инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила дар сарзамини ваҳдатофари тоҷикон, Тоҷикистони соҳибистиқлол 31 марти соли 2025, санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва қабули “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ” дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расонида шуд.

Моҳияти қабули “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ” ба пешгирии чолишҳои минтақави зерин мусоидати ҷиддӣ намуд:

  1. ҳалношуда боқӣ мондани масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи марзҳо миёни кишварҳои минтақа, ки имкони барангехтани низоъҳо миёни қавму халқҳои минтақаро ба бор меовард;
  2. вуҷуди монеаҳои гуногун дар ҷодаи ҳамгироии муассири минтақавӣ, рафтуойи озоди одамон ва ҳамлу нақли бемамониати молу хизматрасонӣ;
  3. табдил додани Водии Фарғона аз минтақаи эҳтимолии низоъангез ба макони имконият, рушд ва тавсеа.

Аз ин рӯ, бо итминони комил гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи тақдирсози Хуҷанд оғоз гардида, то имзои “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ” ва дигар иқдомҳои сулҳхоҳона ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ расида, ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилаӣ мусоидати ҷиддӣ намуда, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва хештаншиноси тоҷик мебошад.

Дар маҷмуъ, вобаста ба дарки воқеии мавзуъ, таҳлилу баррасии бештари моҳияти ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу суботи кишвар дар давраи дарозмуддат пешниҳодҳои зеринро манзур менамоем:

  • бо назардошти таҷриба ва саҳми Тоҷикистон дар таъмини амнияти байналмилалӣ, таъсис додани “Донишгоҳи сулҳи Тоҷикистон ба номи Эмомалӣ Раҳмон” дар шаҳри Душанбе;
  • тарғиби аҳамияти “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ” дар доираҳои илмии миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти ваҳдати кишварҳои Осиёи Марказӣ;
  • таҳлилу таҳқиқи илмӣ ва таҳияи амсилаи намунавии “сулҳофарии” Тоҷикон ва тарҷумаи он бо забонҳои аввали Созмони Милали Муттаҳид;
  • дар баробари “Раванди Душанбе” зимни ҳамкорӣ бо сарпарастони “Муколамаҳои байналмилаии сулҳ ва амният” табдили Душанбе ба майдони баргузории равандҳои душанбегӣ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои сулҳу амният, аз қабили Конфронси Мюнхен оид ба амният, “Гуфтугуи Теҳрон” ва ғайраҳо.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки бо назардошти саҳми бузург дар эҳё ва таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон ва таҳкими сулҳу дӯстӣ миёни мардумони олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, мардуми сипосгузори тоҷик ба поси азхудгузаштагӣ ва муборизаҳои ҷоннисоронаи Сарвари худ дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон ӯро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пешбарӣ карданд. Дарвоқеъ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” рӯйдоди одилонаву таърихӣ мебошад, ки 14 ноябри соли 2016 № 1356 қабул карда шуд.

Инчунин, бо назардошти саҳми арзанда дар таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ то имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмону ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ ва тақрибан 20 давлати дунё аз чор сӯи олам, 27 орден, 12 медал, 8 доктори фахрӣ, 12 профессори фахрӣ ва 5 нишони фахрӣ тақдим гардидааст. Миёни онҳо аз ҷумла, 2 ордени дӯстӣ ва 3 ҷоизаи сулҳ мебошанд.

Ҳамин тавр метавон иброз намуд, ки мафҳуми “аз Хуҷанд то Хуҷанд”- яъне ибтидои талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ аз Иҷлосияи тақдирсози Хуҷанд (16 ноябр то 2 декабри соли 1992) то имзои санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва қабули “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ” дар таърихи 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Аз ин рӯ, бо талошҳои сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист дар заминаи Иҷлосияи тақдирсози Хуҷанд (аз Хуҷанд) ба сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин, таҷрибаи сулҳофарӣ  ва  қабули “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ” (то Хуҷанд) ба ваҳдат ва таъмини сулҳ дар минтақа дастёб гардад.

Ҳамзамон, иқдомҳои муҳим ва таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сулҳофар ва сиёсатмадори дараҷаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

РУЙХАТИ САРЧАШМАҲОИ ИСТИФОДАШУДА

  1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”. ш.Душанбе. 14 ноябри соли 2016 № 1356. [манбаи электронӣ. URL: http://mmih.adlia.tj/SEARCH/DocumentView?DocumentId=128045. (санаи муроҷиат: 10.06.2025).
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. 28.12.2024. шаҳри Душанбе. [манбаи электронӣ].URL: https://www.president.tj/event/missives/49225. (санаи муроҷиат: 23.06.2025).
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.04.2002. шаҳри Душанбе. https://prezident.tj/event/missives/6240. (санаи муроҷиат: 05.06.2025).
  4. Суханронӣ ба муносибати 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ. 26.06.2015. шаҳри Душанбе. [манбаи электронӣ]. URL: https://prezident.tj/event_by_theme/internal_politics/national_unity/8584. (санаи муроҷиат: 22.06.2025).
  5. Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар. 09.03.2024, шаҳри Душанбе.[манбаи электронӣ]. URL: https://www.president.tj/event/speeches/37084. (санаи муроҷиат: 20.06.2025).
  6. Ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. [манбаи электронӣ]. URL: https://www.president.tj/president/awards. (санаи муроҷиат: 21.06.2025).

ШАРИФЗОДА САИДҲОМИД САФАР,
номзади илмҳои таърих,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази  тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон