(Тоҷикӣ) ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ РӮШОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинону аҳли фарҳанги ноҳия самимона ва бо шодиву сурур истиқбол гирифтанд.

Лозим ба зикр аст, ки ноҳияи Рӯшон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушду пешрафти назаррас ноил гардидааст ва дар натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар сатҳи зиндагии сокинонаш сол аз сол беҳтар мегардад.