(Тоҷикӣ) НАҚШИ МАРДУМИ ТОҶИК ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ҲАМЧУН МЕРОСИ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ҲУВВИЯТИ ТАЪРИХӢ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 8 майи соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба 80 солагии «Рӯзи Ғалаба» ва иди касбии кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши мардуми тоҷик дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун мероси ташаккулдиҳандаи ҳуввияти таърихӣ» баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини якуми директори Марказ номзади илмҳои иқтисодӣ, Муртазозода Ораз ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 80 солагии «Рӯзи Ғалаба» ва иди касбии кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ табрик ва муборакбод намуд. Дар робита ба нақши тоҷикон дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун унсури ҷудонашавандаи ташаккули ҳуввияти миллӣ иброз намуд, ки ин ҳодисаи таърихӣ на танҳо фоҷиа, балки падидаи муттаҳидкунандае мебошад, ки ягонагии ҷомеаи сермиллати шуравиро дар мубориза ба фашизм инъикос намуд, ки дар он иардуми тоҷик низ дар қатори дигарон матонат ва фидокорӣ нишон дода, ҳам дар ҷабҳаи муқовимат ва ҳам дар ақибгоҳ саҳми арзишманд гузоштанд.

Вобаста ба ин, тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола санаи 9 май ҳамчун «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба фидокориҳои фарзандони миллат таҷлил гардида, аҳолии кишвар хотираи онҳоеро, ки баҳри ҳифзи озодии Ватан ҷони худро қурбон кардаанд, пос медорад.

Ҳамчунин дар робита ба иди касбии кормандони соҳаи сирри давлатӣ таъкид гардид, ки фаъолият дар соҳаи мазкур дар таъмини амнияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳифзи суботи сиёсӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Аз ин рӯ, таҷлили ин сана на танҳо ба саҳми мутахассисони соҳа дар пешгирии таҳдидҳо асоснок мегардад, балки нишонаи арҷгузорӣ ба садоқати онҳо ба масъулият, кордонӣ ва фидокорӣ эътироф мегардад.

Фаъолияти пурсамари хадамоти махфӣ на танҳо кадрҳои баландихтисоси дорои маҳорати таҳлилӣ, маҳорати оперативӣ ва устувории ахлоқӣ, балки мунтазам такмил додани усулҳои кор, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи геополитикӣ ва навъҳои нави таҳдидҳо, аз қабили терроризми киберӣ ва ҷанги иттилоотиро тақозо менамояд; Нигоҳ доштани сатҳи баланди касбӣ ва таҷҳизоти техникии хадамоти махфӣ шарти зарурии таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии давлат дар шароити рақобати ҷаҳонӣ ва бесуботӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти кишвар ва тамоми ҷомеаро тақозо мекунад.

Сипас тибқи барномаи ҳамоиш, кормандони Марказ маърузаҳои илмӣ ироа намуданд. Аз ҷумла, Шарифзода Лоҳутӣ Шариф – доктори илмҳои сиёсӣ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи «Асосҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» маърӯза намуда, аз нақши санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии соҳа дар рушди давлатдории миллӣ ёдрас гардид.

Таъкид гардид, ки асосҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ – маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки барои таъмини амнияти маълумоти дорои сирри давлатӣ бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, қобилияти мудофиавӣ, амният, манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Асоси ин низомро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», инчунин як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ки тартиби махфияти маълумот ба сирри давлатӣ, махфият, махфӣ кардан, таъмини низоми махфият ва назорати риояи онро танзим мекунанд.

Дар идома, Рустамҷони Сайдуллоӣ Қузратзода – номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодӣ дар мавзуи «Таъсири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иқтисоди Тоҷикистон»  маърӯза намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки таъсири ин ҷанг ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам бо шиддати назарраси захираҳо ва ҳам такони таҷдиди сохтории соҳа хос буд. Дар муддати кутоҳ дар иқтисодиёти кишвар дигаргуниҳои амиқ ба амал омаданд, ки дар натиҷа тамоми соҳаҳои истеҳсолоти ватанӣ ба эҳтиёҷоти фронт равона гардид.

Дар баробари ин ба фронт сафарбар гардидани аҳолии меҳнаткаш боиси коҳиш ёфтани қувваи кории баландихтисос, махсусан дар хоҷагии қишлоқ гардид. Аз ҷумла, дар оғози солҳои 1940 аҳолии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон зиёда аз 1,1 млн нафарро ташкил медод, ки фаъолияти асосии онҳо ба соҳаи кишоварзӣ равона гардида буд. Аз соли 1941 то соли 1945 зиёда аз 290 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар гардид, ки ин шумора зиёда аз 20 дарсади аҳолиии он вақтаи Тоҷикистонро ташкил медод. Аз шумораи умумии ба ҷабҳаи мубориза сафарбаршудагон зиёд аз 31 дарсадашон барнагаштаанд ва ба ҳамин монанд шумораи зиёде маъёб ё зарари ҷисмонӣ бардоштанд.

Ҳамчунин, Саидов Саид Мирзоевич – сардори бахши бойгонӣ дар мавзуи – «Нақши Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд. Тазаккур дода шуд, ки самаранокии фаъолияти низоми ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз такмили заминаи қонунгузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳифзи иттилоот, баланд бардоштани тахассуси кадрҳое, ки бо маълумоти махфӣ кор мекунанд, инчунин ташаккули фарҳанги махфияти кормандон вобаста аст, ки Марказ ҳамчун ниҳоди масъули соҳа принсипҳои болозикрро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, унсурҳои асосии онро дар амал татбиқ менамояд.

Дар идомаи ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, кормандони Марказ роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни мавзуъҳои ироагардида, андешаҳои худро изҳор намуданд.

Аз ҷумла, Шарифзода Саидҳомид Сафар – номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, роҷеъ ба масъалаи ҳифзи  сирри давлатӣ иброз намуд, ки «таъмини ҳифзи боэътимоди сирри давлатӣ шарти зарурии нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди бомуваффақияти иҷтимоию иқтисодии кишвар дар шароити рақобати ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии кишвар мебошад».

Дар навбати худ Давлатов Рамазонӣ – номзади илмҳои фалсафа, котиби матбуотии Марказ дар робита ба саҳми миллати тоҷик дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ иброз дошт, ки қаҳрамониҳои фарзандони милллат на танҳо як воқеияти таърихӣ, балки мероси зиндае мебошад, ки шахсияти таърихии муосирро ташаккул дода, арзишҳо, принсипҳо ва самтҳои стратегии рушди ҷомеаи тоҷикро муайян намуда, барои таъмини рушди устувор ва шукуфоии кишвар дар пешорӯи чолишҳои ҷаҳонӣ пайваста мубрамияти дарк, ҳифз ва интиқол ба наслҳои ояндаро тақозо мекунад.

Дар фарҷом, муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Муртазозода Ораз бо сухани ҷамъбастӣ аз ҳамоиш натиҷагирӣ намуд.

Мизи гирд дар фазои тантанавӣ ва руҳияи саммимият доир гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон