(Тоҷикӣ) НЕРУГОҲИ ОБИ БАРҚИИ РОҒУН ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 26-04-2025 хатсайри саёҳати дохили Душанбе-Роғун-Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуд. Дар ин саёҳати дохилӣ аз рафти кории НОБ.Роғун дидан намуда, кормандон ифтихор аз он доштанд, ки дар ин иншооти бузурги аср кору фаъолият намуда, бо заҳмату талошҳои хеш иншоотро месозанд ва боиси рӯшноӣ ва кафолати зиндагии осоиштаи мардум, ҳамчунин сабаби расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегии кишвар истиқлолияти энергетикӣ мешаванд. Дар ин иншооти бузурги аср зиёда аз 16 ҳазор нафар кору фаъолият намуда, барои ҳарчи зудтар ва босифат анҷом додани корҳояшон шабонарӯз заҳмату талош варзида истодаанд.

НОБ-и Роғун яке аз иншоотҳои бузурги асри 21 ба шумор рафта, баландии сарбанди неругоҳ ба 3395м баробар аст. Ғунҷоиши об дар ин неругоҳ бошад, ба 13,5 миллиард метри мукааб омада мерасад, ки захирааш қариб баробари кӯли Сарез мегардад. Баъзан кишварҳои дигар аз ҷумла, мисриҳо бо аҳромҳои Хеопс, ҳиндуҳо бо Тоҷмаҳал, чиниҳо бо Девори бузурги Чин ва ғайраҳо  ба монанди инҳо фахр намоянд, мо – тоҷикон бояд бо баландтарин сарбанд дар ҷаҳон НОБ Роғун ифтихор намоем.

НОБ-и Роғун ояндаи дурахшони миллат, пешбарандаи иқтисодиёти давлат ва ғурури халқи тоҷик мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми меҳнатқарин ва баору номуси тоҷик қудрати азалии хешро ба ҷаҳониён нишон дода, аз рисолати ватандорӣ, созандагӣ, соҳибтоҷӣ ва бофарҳангии хеш дарак дод. Ҳоло, манфиати НОБ Роғун дар он аст, ки тамоми сокинони Ватан, иншоотҳо, корхона, кӯчаву хиёбонҳо ҳамарӯза бо қувваи барқ таъмин мегарданд. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат баён доштанд: «Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод».

Хотирнишон бояд сохт, ки дар оянда, дар атрофи обанбор фароғатгоҳу табобатгоҳҳои бемисл бунёд мегарданд, ин ҳама ободию шукуфои боис мегардад, ки соҳаи сайёҳӣ боз ҳам рушд ёбад ва барои хубтару беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ замина фароҳам созад.

Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо шукуҳу шаҳомати хосса идома дошта сохтмончиён дар ҳар кадом аз нақбҳои сохтмонӣ, аз ҷумла дар ЛОТ 4, корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкорӣ дар обқабулкунакҳои асосӣ аз сатҳи 1152 то 1570 метр идома дошта, корҳои пошидани маҳлули бетонӣ, гузоштани анкерҳо ва хобондани бетони конструктивии деворҳо аз сатҳи 1150 то сатҳи 1190 метр иҷро гардида истодаанд. Тамошо ва назорати сохтмончиён, ки кори заҳматталаби онҳо дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд, хеле ҷолиб ва қаҳрамонона ба назар мерасид. Тасаввур кардани он, ки дар баландии 335 метр (1290 метр аз сатҳи баҳр) ва бузургию ҳашамати Неругоҳро дарк намудан душвор аст. Воқеан, фазандони асили ин миллат афсонаро ба ҳақиқат мубадал мегардонад.

Бунёди ин корҳои бузург дар зери кӯҳҳои баланд ва бунёди чунин иншооти бузург неруи азим металабад. Як худи толори мошинҳо, ки дар чуқурии қариб 500 метр ҷойгир шудааст, хеле ҷолиб ва заҳматталаб ба назар расид.

Маркази чархи кори турбина дар баландӣ раванди корро зеботар менамояд. Обқабулкунаки муваққатӣ, ки ҳоло тавассути он об аз обанбор ба ду агрегат ворид мешавад, остонааш дар сатҳи 1044-ум воқеъ гардидааст. Об дар Неругоҳ дар баландии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Оби обанбор то ба 1290 метр пур карда мешавад. Чунин кори заҳматталаби сохтмончиёнро дар Неругоҳ бояд бо чашми сар дид. Он заҳматҳое, ки имрӯз сохтмончиёни ин кохи нур мекашанд, дар ояндаи наздик аз ин заҳматҳояшон баҳраи ширин хоҳанд гирифт. Таъмини аҳолии кишвар ва минтақа бо барқи хушсифат, захираи бузурги оби тоза, истеҳсол ва содироти барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҳамчунин, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёти миллӣ ва шаҳри Роғун инчунин ноҳияҳои атрофи он (махсусан, аз ҷиҳати сайёҳӣ) ин иншооти бузурги аср яъне НОБ Роғун сарчашма мегирад.

Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тариқи Онлайн-конфронси байналмилалӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмии 5 кишвари соҳилӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии (АТЭИ) НБО “Роғун” баргузор гардида буд, ки мизбони баргузории конфронс Ҷумҳурии Қазоқистон буда, дар он ҷониби кишварҳо онлайн суханронӣ намуданд.

Коршиносони соҳа баён намудаанд, ки баррасии натиҷаҳои АТЭИ лоиҳаи НБО “Роғун” аз мавзуи асосӣ ба ҳисоб рафта, таъсири эҳтимолии экологии Неругоҳ дар доираи Барномаи нави экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ, ки навсозӣ гардид, аз нав баҳо дода шуд. АТЭИ таъсири эҳтимолии экологӣ ва иҷтимоиро дар натиҷаи сохтмон ва истифодабарии лоиҳа муайян мекунад. Он, инчунин, чораҳоро барои пешгирӣ ё кам кардани ҳама гуна таъсири зараровар муайян менамояд ва фоидаҳову такмилҳоеро, ки лоиҳа дар давоми давраи амалисозии худ меорад, таъкид мекунад. Лоиҳаи НБО “Роғун”, ки маблағгузории созмонҳои байналмилалии молиявиро тақозо менамояд ва АТЭИ бояд ба талаботи байналмилалии қарздиҳандагон ҷавобгӯ бошад. Чунин ҳам ҳаст. Баҳодиҳӣ муайян кард, ки лоиҳаи сохтмони НОБ “Роғун” ба Барномаи нави экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ мутобиқ буда, истифодабарии Неругоҳ ба дарёи Вахш, Амударё ва ҳам кишварҳои болообу поёноб ягон таъсири манфӣ надорад. Зеро Неругоҳ дар давраи сохтмон маҷрои дарёи Вахшро тағйир намедиҳад. Дар ин давра Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар поёноб воқеъ аст, ҷараёни дарёи Вахшро мисли ҳозир ба тартиб медарорад. Истеъмоли об низ тағйир наёфта, он дар доираи меъёр боқӣ мемонад.

Тазаккур бояд дод, ки ин иншооти бузурги аср орзуи деринаи халқи тоҷик ва миллати тоҷик буда, бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, барои мардуми шарафманди тоҷик ҳазорсолаҳо хизмат намуда, қаҳрамонии фарзандони асили миллат дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

 

Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
 сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқотии
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон