Шарикон

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оғози асри ХХI таърихан бо давраи ҷустуҷӯйи роҳҳо ва самтҳои таъмини амнияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, шаклгирӣ ва таҳкими пояҳои ниҳодии рушди кишвар рост меояд. Дар ин радиф як силсила қарордодҳои муҳимму зарурӣ бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ниҳодҳои зеҳнии як қатор кишварҳо ба имзо расида, амалӣ намудани онҳо низ як самти назарраси фаъолияти ин ниҳод дониста мешавад.

Ин маънои онро дорад, ки вобаста ба зарурати равандҳои нави пайдогардида дар ҷомеа, муассиса воқеъбинона аз дидгоҳи нав фаъолияти худро пайваста таҷдиди назар менамояд ва ҳамкориҳои сифатан наву усулҳои самаранокро ҳадафи фаъолияти кори худ қарор медиҳад. Пешбурди робитаҳои илмию тадқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Давоми 30 соли фаъолият Марказ дар заминаи татбиқи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 адад санади ҳамкориро бо марказҳои зеҳнии кишварҳои хориҷӣ ба имзо расонида, ҳамкориҳои мутақобилан судманд мунтазам ҷараён доранд.

КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

р/т Кишварҳо Номи ниҳодҳои таҳлилӣ Санаи имзо
1 Ҷумҳурии Узбекистон Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон 12.1996
2 Ҷумҳурии Қазоқистон Институти тадқиқоти стратегии Қазоқистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон 27.02.2003
3 Ҷумҳурии Қирғизистон Институти миллии тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон 27.02.2003
4 Федератсияи Русия Институти тадқиқоти стратегии Русия 27.02.2003
Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсӣ 2006
Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия 04.10.2006
Донишгоҳи давлатии педагогии Томск 18.03.2014
5 Ҷумҳурии Узбекистон Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ 04.06.2021
6 Туркманистон Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон 10.05.2023
7 Ҷумҳурии Беларус Институти тадқиқоти стратегии Беларус 22.05.2023
8 Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Ассамблеияи парлумонии СААД

 

10.10.2024

КИШВАРҲОИ ХОВАРИ МИЁНА

9 Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

Муассисаи мутолиот ва тадқиқоти байналмилалии Теҳрон 2022
Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон 08.12.2022
Донишгоҳи Аллома Таботабоии Ҷумҳурии Исломии Эрон 2022
10 Ҷумҳурии Туркия Маркази тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Туркия 21.05.2004
11 Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Маркази мутолиоти минтақавии Афғонистон 12.11.2008

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ

12 Ҷумҳурии Ҳиндустон Институти тадқиқоти мудофиа ва таҳлили ба номи Манохар Паррикар 30.01.2004
13 Ҷумҳурии Мардумии Чин Институти рушди иҷтимоии Аврупо ва Осиёи назди Маркази омӯзиши масоили рушди назди Шӯрои давлатии Чин 25.09.1997
Институти тадқиқоти байналмилалии Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин 11.11.2005
Институти байналмилалии тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Мардумии Чин 2006
Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири Чин 17.07.2013
Академияи илмҳои ҷамъиятии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин 01.11.2018
14 Ҷумҳурии Ҳиндустон Бунёди байналмилалии Вивикенандаи Ҳиндустон 08.10.2018
15 Ҷумҳурии Исломии Покистон Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон 2018
16 Ҷумҳурии Мардумии Чин Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин 03.12.2019
Академияи масоили байналмилалии Чин дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин 18.04.2019
17 Протоколи XIV ҷаласаи форуми СҲШ Академияи байналмилалии Чин дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷуҳурии Мардумии Чин 17–18.04.2019
18 Ҷумҳурии Мардумии Чин Донишгоҳи тадқиқоти илмии Роҳи абрешими Донишгоҳи Шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин 10.06.2023
 

Донишгоҳи Ланжоу

 

 

24.06.2024

 

19 Ҷумҳурии Озарбойҷон Институти илмӣ–тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Озарбойҷон 4.10.2024

КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

20 Ҷумҳурии Федеролии Олмон Фонди Фридрих Эберт 11.04.2002
Филиали Фонди Роза Люксембург (Олмон) дар Федератсияи Русия 2009
Бунёди “Конрад Аденауэр” 04.03.2022
21 Ҷумҳурии Литва Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Литва 08.04.2007
22 Шоҳигарии Белгия Институти шоҳии муносибатҳои байналмилалӣ 11.02.2009