НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАММАИ ТАМАДДУНҲО ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

18 марти соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмию амалӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ҷашни Наврӯз василаи муассири муколаммаи тамаддунҳо ва ташаккули хотираи таърихии ҷомеаи муосири Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабиниро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуд. Мавсуф дар оғози суханронии худ иштирокчиёни мизи гирдро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, зикр кард, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳё, покизагӣ ва оғози нав дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи хос дошта, имрӯз ба яке аз василаҳои муҳими таҳкими муколаммаи тамаддунҳо табдил ёфтааст.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллию мардумӣ, балки падидаи муҳими тамаддунсоз буда, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳ, ваҳдат ва таҳаммулпазириро таҷассум менамояд. Зикр шуд, ки маҳз ҳамин арзишҳо имконият медиҳанд, ки Наврӯз ҳамчун пули робитасоз миёни фарҳангҳо ва халқҳо хизмат намояд.
Ҳамчунин, директори Марказ ба аҳамияти ҳифз ва таҳкими хотираи таърихии ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ ишора намуда, нақши Наврӯзро ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Дар анҷоми суханронии худ Хайриддин Усмонзода изҳори итминон намуд, ки мубоҳисаҳои илмии иштирокчиён ба таҳкими дарки амиқи арзишҳои Наврӯз ва нақши он дар рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни мизи гирд бо маърузаҳои илмии худ баромад намуда, доир ба аҳамияти таърихию фарҳангии Наврӯз ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Аз ҷумла, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Файзулло Баротзода дар мавзуи “Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва пояҳои фарҳангии он”, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзӯи «Фалсафаи Наврӯз: фарҳанги ҳамгироӣ ва ахлоқи башарӣ», сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Нусратулло Зокирзода дар мавзӯи «Ҷашни Наврӯз дар низоми арзишҳои миллӣ: таҳлили моҳияти фалсафӣ ва маънавии он», сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии Марказ Ҷурахон Бобоев дар мавзӯи «Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни мубоҳисаҳо иштирокчиён ба паҳлуҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Наврӯз низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, таъкид намуданд, ки ин ҷашн метавонад ҳамчун омили рушди сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ хизмат намояд. Зикр гардид, ки истифодаи оқилонаи мероси фарҳангии ниёгон, аз ҷумла суннатҳои наврӯзӣ, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷом, иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки таҳқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши амиқи таърих ва фалсафаи Наврӯз густариш ёфта, натиҷаҳои он дар тарбияи насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ васеъ истифода карда шаванд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment