Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, тадбирҳои самарабахшро амалӣ гардонида истодааст. Вобаста ба ин, дар заминаи яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар соли 2025 ба 84,6 млрд. сомонӣ таъмин намуд.
Ҳамзамон, дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” низ масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳамчун ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон дарҷ ёфтааст. Ин раванд, ниёз доштани кишвари моро ба рушди устувори иқтисодӣ, ки он ҳам ба рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ алоқаманд мебошад, ҳамчун омили пешрафти иқтисодӣ нишон медиҳад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) афзалияти бештар дорад ва ин нишондиҳанда, тамоюли тағйирёбанда дошта, асосан аз 22 то бештар аз 24 фоизро ташкил медиҳад. Барои мисол, агар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ММД соли 2023 ба 31,8 млрд сомонӣ ё ин ки ба 24,3 фоиз таъмин гардида бошад, ин нишондиҳанда соли 2024 ба маблағи 34,9 млрд сомонӣ ё ин ки ба 22,8 фоиз ва соли 2025 бошад, ба маблағи 38,8 млрд сомонӣ ё ин ки 21,9 фоизро ташкил медиҳад. Ин ҷо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар давоми солҳои 2015–2025 тавассути (диаг. 1) нишон дода мешавад.
Диаграммаи 1. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 2015–2025
Сарчашма: Дар асоси маълумоти Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2025 саҳ. 215–280. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ–декабри 2025. Саҳ. 23.
Аз руйи нишондиҳандаҳои диаграммаи 1 мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ назаррас мебошад. Чунки бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ, хусусан мавриди таҳияи барномаю стратегияҳои давлатӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ пайваста афзоиш ёфта истодааст. Вобаста ба ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ аз 27,1 млрд. сомонии соли 2015 ба 56,6 млрд. сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки афзоиш дар давоми даҳ соли охир ба 29,5 млрд. сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ аз 11,9 млрд. сомонии соли 2015 ба 28,0 млрд. сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки афзоиш дар давоми даҳ соли охир ба 16,1 млрд. сомонӣ баробар гардидааст, ки метавонад мисоли равшани ин гуфтаҳо бошад.
Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,6 баробар, нисбат ба соли 2010 ба андозаи 3 баробар ва дар қиёс ба соли 2000-ум 6,3 маротиба зиёд гардидааст. Яъне, агар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 53,2 млрд. сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда соли 2010 ба маблағи 28,2 млрд. сомонӣ таъмин карда шудааст. Дар баробари ин, соли 2000 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 13,4 млрд. сомонӣ таъмин гардид.
Вобаста ба шароити ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсадро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, масъалаи рақобат бояд боиси ташкили “истеҳсолоти васеи кишоварзӣ” дар ноҳияҳои кӯҳӣ гардад. Ба ақидаи мо, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст, ки ба таври назариявӣ муносибатҳои экологию иқтисодиро аз худ намояд. Дар ин замина, Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ таҳия гардидааст, ки барои самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Дарвоқеъ, низоми Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ барои таъмини устувории экологии кишварҳои ҷаҳон тарҳрезӣ шудааст, ки пеш аз ҳама ба ҳалли ду мушкилоти асосии таъмини устувории экологӣ равона шудаанд:
— коҳиш додани сатҳи таъсири инсон ба муҳити зист ва бо ин роҳ гирифтани пеши роҳи камшавии захираҳо;
— беҳтар намудани шароити экологӣ, паст намудани сатҳи таҳдидҳои экологӣ ба бехатарӣ, саломатӣ ва ҳаёти одамон.
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ҳангоми ироаи Паёмҳои солонаи худ ё ҳангоми суханрониҳояшон дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ нисбат ба масъалаи афзоиши партови газҳои гулхонаӣ, тағйирёбии бошиддати иқлим, хушксолию биёбоншавӣ ва пайомадҳои ногувори он, инчунин ба раванди таҳаввулоти босуръату пешгӯйнашавандаи ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ додаанд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 16-уми декабри соли 2025-ум ироа гардид, иброз намуданд, ки: “Тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид. Дар соли 2024 шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафар афзоиш ёфт”. Ба ақидаи мо, ҳадаф аз ташаббусҳои байналмилалӣ таҳким бахшидан ба ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи сарвату захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад, ки танҳо бо ин роҳ рушди устувори кишарҳои ҷаҳони муосир ва ҳифзи муҳити атрофро метавон таъмин намуд. Айни замон бо истифодаи комёбиҳои илмӣ – инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва қисман коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо иқтидорҳои нави истеҳсолии соҳаи саноат амалӣ гардида истодаанд, аммо баробари афзоиши шумораи аҳолӣ, зиёд гардидани талабот ба маҳсулоти коркардшуда ва иҷрои барномаҳои соҳавӣ, инчунин зарурати ба роҳ мондани содирот моро водор менамояд, ки самаранокии истеҳсолотро бо дарназдошти сифати маҳсулот таъмин намоем.
Вобаста ба ин, дар давоми соли 2025 дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба амал омада, ММД кишвар нисбат ба соли 2024 ба андозаи 8,4 дарсад зиёд гардид ва ба маблағи бештар аз 176 919 млн. сомонӣ баробар гардид. Тибқи маълумот ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД 38,8 млрд сомонӣ ё ин ки 21,9 фоиз ва ҳиссаи соҳаи саноат 28,6 млрд сомонӣ ё ин ки 16,2 фоизро ташкил намудааст.
Новобаста аз оне, ки ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД нисбат ба соҳаи кишоварзӣ камтар ба назар мерасад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳияи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030” аз рӯйи индикаторҳои асосии мониторинг ва арзёбии барномаи мазкур ва баробари ба истифода додани иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, ҳиссаи соҳаи саноатро дар ММД то охири давраи пешбинигардида, яъне то соли 2030 ба андозаи 30 фоиз пешбинӣ намудааст.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, ки расидан ба ин ҳадафи муҳим, марҳила ба марҳила рушди дигар соҳаҳоро таъмин менамояд, соли 2025-ум 20 фоизи ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ ё ин ки бештар аз 9,0 млрд сомонӣ ба хотири суръат бахшидан ба корҳои сохтмонии НБО “Роғун” равона гардид ва дар ин давра, татбиқи 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ амалӣ гардид.
Дар баробари ин, бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои саноатӣ ба самаранокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсири мусбат расонида метавонад, чунки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии коркардшуда, ҳаҷми талафоти маҳсулоти соҳаро ба маротиб коҳиш медиҳад. Ҳамзамон, ҳавасмандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардида, дар доираи барномаю стратегияҳои давлатӣ, афзоиши ҳаҷми ММД ва истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ таъмин мегардад.
Гарчанде Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар мақоми мусбат қарор дорад, вале таҳияи сиёсати экологӣ ба омӯзиши амиқи муносибатҳои экологию иқтисодӣ ва модели муосири рушди иқтисодӣ алоқаманд мебошад. Чунки, ҳадафи асосии сиёсати экологӣ, нигоҳ доштани мувозинатии иқтисодию экологӣ, коҳиш додани сатҳи таъсири инсон ба муҳити зист дар ояндаи наздику дарозмуддат ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, бояд имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии замин, кабудизоркунӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи саноат ҷиҳати истеҳсоли молу маҳсулоти воридивазкунанда ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ бештар истифода гарданд.
Маҳсуддинов Ораз,
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон