НАВРӮЗ – ПАЙКИ ШОДИВУ ЭҲЁ ВА РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

«Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд.»
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони инсон аст. Бо фаро расидани ин ҷашни фархунда, табиат аз нав зинда мешавад, қалбҳо гармӣ мегиранд ва зиндагӣ ранги тоза касб мекунад.
Ба таъбири бузургворе: «Басо мардумон омаданду рафтанд, басо ҷаҳондорон кишвардорӣ карданду бигзаштанд, басо боғҳо шукуфтанду хазон гардиданд, басо чашмасорон ба ҷӯш омаданду ҷой ба биёбон доданд, лек Наврӯз – паёме аз рӯзгори бостон». Воқеан ҳам, ин ҷашни куҳан дар тӯли асрҳо аз имтиҳонҳои сахти таърих гузашта, то имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Хушбахтона, дар замони Истиқлолияти давлатӣ Наврӯз нерӯи тоза гирифта, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Таърихи Наврӯз ҳеҷ иртиботе ба ҷаҳонбинии динӣ, мазҳабӣ ё сиёсию нажодӣ надорад. Асоси он башардӯстӣ, эҳтиром ба инсон ва табиат мебошад. Маҳз ҳамин арзишҳои умумибашарӣ боис шуданд, ки Наврӯз марзҳоро убур намуда, ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Дар ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Тоҷикистон назаррас буда, маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат мутарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ бо Қарори иҷлосияи 64-уми Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Наврӯз дар сиёсати фарҳангии кишвар ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо ва робитаи гузашта бо имрӯз аҳамияти бузург дорад. Он рамзи дӯст доштани зиндагӣ, эҳёи анъанаҳои неку зебоипарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки таърихи Наврӯз ҳатто аз ойини бостонии зардуштӣ ҳам куҳантар буда, аз пайванди тамаддуни ниёгонамон шаҳодат медиҳад. Огоҳӣ аз чунин суннатҳои ғанӣ ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллиро тақвият мебахшад. Миллате, ки расму оин ва арзишҳои худро ҳифз мекунад, то ба ҷовидонҳо мерасад.
Дар замони муосир, таҷлили Наврӯз барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва арзишҳои бостонӣ аҳамияти махсус дорад. Ин ҷашн на танҳо рамзи баҳор, балки тарғибгари ҳамгироӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.
Ҳамзамон, Наврӯз бо кишоварзӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Он оғози мавсими киштукор ва оғози кори деҳқон аст. Тибқи маълумотҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 84 653,8 млн сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 9,5 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз баракати замин ва самараи меҳнати мардум дарак медиҳанд.
Наврӯз аз аҳди бостон то имрӯз тимсоли пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, рамзи эҳёи табиат ва инсон, инчунин ифодагари орзуву ормонҳои неки мардум буда, ҳамчун ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, тавозуни зиндагӣ ва оғози корҳои созанда мвҳсуб мегардад.
Дар робита ба ин, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре таъкд медоранд: «Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии миллатамон буда, арзишҳои фарҳангию миллии моро дар тӯли таърих ҳифз кардааст». Ин суханон моҳияти аслии Наврӯзро равшан инъикос мекунанд.
Ҳамин тавр, Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки ойинаи таъриху фарҳанг, пайванди гузашта, ва ояндаи миллат буда, имрӯз, бо шарофати Истиқлол ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни аҷдодӣ дар саросари ҷаҳон бо як шӯкуҳу маҳомати хос таҷлил мегардад ва мардумони гуногунзабону гуногунфарҳанг бо эҳтиром мегӯянд: Наврӯз муборак!
Нозимзода Файзулло Ҳамро,
сармутахасиси Раёсати таҳлил ва
ояндабини масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment