НАВРӮЗ: АЗ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ТО МАНФИАТҲОИ ИҚТИСОДӢ

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва ифтихории мардуми тоҷик мебошад, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон, Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешуд. Мафҳуми Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои “рӯзи нав”, “тоза”, ”рӯзи нахустин” буда, таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки он ифодагари эҳёи табиат, бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.
Наврӯз решаҳои амиқи таърихӣ дошта, пайдоиши он ба давраҳои қадим, замони пеш аз ислом рост меояд. Бино ба баъзе манбаъҳо, ин ҷашн ба давраи Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV пеш аз милод) рафта мерасад. Дар он замон, Наврӯз ҳамчун оғози солшумории офтобӣ ва фарорасии баҳор таҷлил мешуд. Бо мурури замон, ин ҷашн дар байни халқҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон паҳн гардида ба як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг табдил ёфтааст.
Фарҳангу тамаддуни тоҷикон аз даврони бостонӣ то кунун бо табиату коинот ва муҳити атрофи сарзаминаш пайванди ногусастанӣ дорад. Бахусус, бунёди ҷашнҳои миллии тоҷикӣ хислати мавсимӣ дошта, аслан таҷлили тағйир ёфтани фаслҳои сол мебошанд. Агар ҷашни Меҳргон аз омадани тирамоҳи зарнисор мужда диҳад, ҷашни Сада-гардиш ба сӯи фасли баҳор бошад, пас Наврӯз – фаро расидани баҳори дилафрӯз аст. Ба ибораи дигар, ин ва дигар ҷашнҳои ориёӣ ҳеҷ гуна асосу пояи диниву мазҳабӣ надоранд ва сирф ҷашнҳои милливу табиӣ мебошанд.
Дар робита бо ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад».
Муҳиммият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки давоми мавҷудияти беш аз шашҳазорсола дар баробари пурра нигоҳдоштани оину анъанаҳои худ номи таърихию мантиқии худро низ нигоҳ дошт. Имрӯз халқҳои гуногуни дунё ҷашни Наврӯзро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта ва аз хоби тӯлонии пирию карахтӣ ҷавону нарм ва сабзпӯшу гулафшон бархостани он, ҳамчунин дилкашу назаррабо ва тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Ба ақидаи Абӯрайҳони Берунӣ- «Наврӯз ибтидои офариниши олам аст».
Дар фарҳанги тоҷикон, Наврӯз на танҳо як ҷашни оддӣ, балки як маросими пур аз маъно ва рамзҳо мебошад. Яке аз расму оинҳои муҳимми Наврӯзӣ пухтани суманак мебошад, ки рамзи фаровонӣ ва баракат аст. Ин анъанаҳо на танҳо ба зебоии ҷашн ҷилои тоза мебахшад, балки арзишҳои инсониро низ инъикос менамоянд.
Бо ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон ба эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Дар ин замина, Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ҳар сол дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ баргузор мешаванд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дарсҳои махсус бахшида ба таърихи Наврӯз ва аҳаммияти он гузаронида мешаванд, ки насли наврасро бо мероси фарҳангии худ ошно месозанд.
Мояи ифтихори мо тоҷикон аст, ки бо саҳм ва талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21 март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимӣ ва пурмазмуни тоҷикон дар даврони муосир аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Ин ҷашн на танҳо мероси таърихӣ, балки омили муҳимми рушди фарҳангӣ, таҳкими ҳувият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Бо таҷлили Наврӯз, мардуми тоҷик на танҳо гузашта ва фарҳанги худро эҳтиром мекунанд, балки ба наслҳои оянда низ арзишҳои волои инсониро мерос мегузоранд.
Дар баробари аҳаммияти фарҳангӣ, Наврӯз имкониятҳои назарраси иқтисодиро низ фароҳам меорад. Дар рӯзҳои пеш аз ҷашн ва давоми он фаъолияти бозорҳо ва марказҳои савдо бештар мегардад. Мардум барои омодагӣ ба ид маҳсулоти гуногун — аз маводи ғизоӣ то либосу туҳфаҳо — харидорӣ мекунанд. Ин раванд ба афзоиши гардиши молу хизматрасонӣ мусоидат намуда, ба рушди тиҷорати хурду миёна таъсири мусбат мерасонад.
Яке аз самтҳои муҳимми таъсири Наврӯз ба иқтисодиёт рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки дар давраи ҷашн талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, атласу адрас, заргарӣ ва дигар маҳсулоти миллӣ зиёд мешавад. Ҳунармандон метавонанд маҳсули дастони худро дар намоишгоҳҳо ва бозорҳои идона пешниҳод намуда, даромади худро зиёд намоянд. Бо ин роҳ, Наврӯз ба ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намуда, пойдории онро ҳифз менамояд.
Ҳамзамон, ҷашни Наврӯз барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби онҳо низ имкониятҳои хуб фароҳам меорад. Дар бисёр кишварҳо ин ҷашн ҳамчун мероси фарҳангии башарӣ эътироф гардидааст ва ҳар сол сайёҳони зиёд барои иштирок дар маросимҳои идона ба кишварҳои дорои фарҳанги Наврӯз сафар мекунанд. Чорабиниҳои идона, фестивалҳо, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои миллӣ метавонанд таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиро ҷалб намоянд. Ин ҳолат ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ мусоидат мекунад.
Наврӯз ҳамчунин метавонад ба рушди истеҳсолоти маҳаллӣ мусоидат намояд. Дар давраи омодагӣ ба ид талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, шириниҳо, нонҳои миллӣ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ зиёд мегардад. Ин раванд барои деҳқонон ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ имконияти хуб фароҳам меорад, то маҳсулоти худро ба бозор пешниҳод намоянд ва даромади худро афзоиш диҳанд.
Илова бар ин, баргузории ярмаркаҳо ва бозорҳои идона ба фаъол гардидани иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. Дар чунин чорабиниҳо истеҳсолкунандагон, ҳунармандон ва соҳибкорон метавонанд маҳсулоти худро бевосита ба истеъмолкунандагон пешниҳод кунанд. Ин раванд на танҳо ба афзоиши савдо, балки ба муаррифии фарҳанги миллӣ низ мусоидат мекунад.
Дар баробари манфиатҳои иқтисодӣ, Наврӯз нақши муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни кишварҳо низ дорад. Азбаски ин ҷашн дар бисёр давлатҳо таҷлил мегардад, он метавонад ҳамчун василаи таҳкими робитаҳои байналмилалӣ хизмат намояд. Баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва форумҳо метавонад ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидат кунад.
Бо вуҷуди ин, барои истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодии Наврӯз зарур аст, ки чорабиниҳои идона бо банақшагирии дуруст баргузор карда шаванд. Дастгирии соҳибкорон, ташкили ярмаркаҳои ҳунармандӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва тарғиби маҳсулоти миллӣ метавонанд дар шакли беҳтар истифода намудани имкониятҳои иқтисодӣ ин ҷашн мусоидат намоянд.
Хулоса, Наврӯз на танҳо рамзи эҳёи табиат ва оғози ҳаёти нав аст, балки метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ низ саҳми назаррас гузорад. Пайваст намудани арзишҳои фарҳангӣ бо имкониятҳои иқтисодӣ имкон медиҳад, ки ин ҷашни бостонӣ дар шароити муосир аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намояд. Ҳифз ва тарғиби анъанаҳои Наврӯз, ҳамзамон бо истифодаи имкониятҳои иқтисодии он, метавонад ба рушди устувори ҷомеа ва иқтисоди кишвар мусоидат намояд.
Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment