“Артиши миллӣ тавонист, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба нерӯи тавоно табдил ёфта, ҳифзи сарҳаду қаламрави давлатро таъмин намуда, амнияти пурраи шаҳрвандонро кафолат диҳад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Давлати ҷавон дар остонаи фурӯпошӣ қарор гирифт ва иқтисоди давлат комилан аз байн рафт. Тибқи ҳисобҳои коршиносону иқтисодчиён, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисоди кишвар беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расонд.
Дар ҳама давру замон ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум вазифаи пуршарафи ҳар як инсони худшиносу худогоҳ мебошад.
Аз қадимулайём тоҷикон ҳамчун миллати бофарҳангу сулҳдӯст, босаводу мутамаддин ва ободкору созанда маҳсуб меёфтанд.
Дар тӯли таърихи миллати мо, фарзандони шуҷоатманду фидокор аз қабили Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон нафар амсоли инҳо барои зодгоҳи худ ҷонбозиҳо намуда, ҷиҳати ҳифзи сарзамини муқаддаси бостонии худ фидокорӣ карда, барои наслҳои имрӯза намунаи барҷастаи далерӣ гаштанд.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси давлати навини тоҷикон, масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ аз авлавиятҳои кори Ҳукумати кишвар маҳсуб меёфт.
Аммо нобасомониҳои шадиди даврони аввал, бахусус муқовиматҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надод, ки ин рисолат ба зудӣ анҷоми мантиқии худро биёбад.
Танҳо пас аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии кишвар имкон даст дод, ки қадамҳои аввалин ҷиҳати барқарории сохти конститутсионӣ, фаъолияти сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ ва гузоштани заминаҳои ҳуқуқии ба эътидол овардани вазъият гузошта шаванд.
Аз рӯзҳои аввал дар симати роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, боздоштани таназзули истеҳсолот, устувор нигоҳ доштани вазъи иқтисодии кишвар ва ташкил намудани Артиши миллӣ саъй меварзиданд.
Дар шароити ниҳоят душвори сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ бо тадбирҳои муҳимми Ҳукумат ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таърихи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Санаи 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он сана расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуда, марҳила ба марҳила рушд мекард. Сарфи назар аз набудани базаи моддӣ-техникӣ, аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти муташанниҷи ҷойдошта, заҳмат мекашиданд.
Қобили зикр аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони ниҳоят мушкил ва тақдирсози солҳои аввали истиқлолият, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани кишвари ҷавон ба миён омада буд, вазифаи аслии худ – ҳифзи давлатро софдилона иҷро намуданд.
Ба шарофати ҷасорату шуҷоат, фидокорӣ ва матонати сарбозони кишвар, Истиқлолияти давлат ва якпорчагии кишвар ҳифз гардида, вазъият ба эътидол омада, гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва тахрибкор безарар гардонида шуданд.
Дар шароити мураккаби вазъи ҳарбию сиёсӣ, то соли 1997 артиши ҷавони Тоҷикистон барои барқарории сохти конститусионӣ ва таъмини сулҳу субот саҳм гузошт.
Моҳи феврали соли 1998, пас аз панҷ соли таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, бори аввал рӯзи таъсиси Артиши миллӣ дар фазои сулҳу оромӣ таҷлил гардид.
Таҷрибаи панҷсолаи ҷамъшуда ва фазои сулҳу оромии кишвар имкон дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ба таълиму тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва такмили маҳорати касбии ҳайати фармондеҳӣ ба нақша гирифта шаванд.
Артиши миллӣ пояи суботи сартосарӣ, кафолати соҳибихтиёрӣ ва бехатарии ҳар як давлат маҳсуб меёбад. Он на танҳо ҳифзи тамомияти арзии кишвар, ҳамзамон манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва осудагии шаҳрвандонро таъмин менамояд.
Дар шароити чолишу таҳдидҳои муосир артиш дар таъмини иқтидори мудофиавии давлат нақши калидӣ дорад.
Новобаста аз мавҷуд будани мушкилотиҳои иқтисодиву молиявӣ Ҳукумати кишвар аз марҳилаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, бозсозӣ ва таҷдиди инфрасохтор, инчунин таъсиси воҳидҳои махсусгардонидашуда дар баробари тайёр кардани мутахассисони соҳа ба таъсиси сохторҳои алоҳида шурӯъ намуд.
Зимни баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд, ки рӯйдодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҷиҳати доштани зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, доштани ҳисси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ беш аз пеш водор месозанд.
Вазъияти зудтағйирёбандаи авзои сиёсати ҷаҳонӣ, густариши ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар падидаҳои таҳдидбор метавонанд сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардуми кишварамонро халалдор созанд.
Воҳидҳо ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамчунин дар Фаронсаву Амрико дар машқҳои низомӣ ширкат намуда, маҳорати ҳарбии худро сайқал медиҳанд.
Дар низоми амнияти байналмилалӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмонҳо нақши муҳим дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо бо иштироки ҷузъу томҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва низомиёни Ҳиндустону Ҷумҳурии Мардумии Чин машқҳои густурдаи ситодиву фармондеҳӣ баргузор гардиданд. Чунин тадбирҳои амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии муштараки ҷангӣ дар рафти амалиётҳои гуногун ва ҳамзамон, муқобилият ба амалҳои хусусияти тахрибкоронаи фаромиллӣ ва байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.
Дар баробари гузаронидани машқҳои низомии кишварҳои дигар аз соли 2000 инҷониб, гузаронидани тамринҳои муштараки ҳарбӣ бо воҳидҳои гуногуни мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба роҳ монда шудаанд. Чунин машқҳо барои рақобатпазир намудани онҳо барои муқобилият бо таҳдидҳои замони муосир созгор мебошад.
Тибқи шохисҳои арзёбии иқтидори ҳарбӣ (Global Fire Power) Тоҷикистон аз рӯи иқтидори ҳарбии ҷаҳон дар солҳои охир мақоми назаррасро касб кардааст. Чунин пешрафт аз он далолат медиҳад, ки кӯшишҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори ҳарбӣ ва таъмини кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замони ҳозира дар радифи Қувваҳои Мусаллаҳи ҳамҷавор самарабахш мебошанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосиро дар ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар иҷро карда, василаи қудратии таъмини амнияти миллӣ маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибихтиёрии кишвар борҳо неруҳои мусаллаҳ ин рисолати давлатию миллиашро анҷом додааст. Дар ин росто фарзандони миллат, ки баҳри ҳифзи арзишҳои миллату давлатдорӣ дар сафи артиши миллӣ садоқатмандона хизмат намуданд ва бархе дар ин роҳи муқаддас ҷони худро аз даст доданд, дар назди давлату миллат номи онҳо то абад фаромӯш намешаванд.
Султонзода Ҳасанҷон,
Мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии
МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон