НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ: НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ: НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТ
Имрӯз, 9 феврали соли 2026, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишаст директори Марказ Хайриддин Усмонзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовинони директор, сардорони раёсатҳои Марказ, инчунин зиёда аз 20 нафар намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ директори Марказ Хайриддин Усмонзода доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2025 гузориши мухтасар ироа намуда, аз ҷумла қад кард, ки соли 2025 барои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳим ва масъулиятнок ба шумор меравад. Дар ин давра фаъолияти Марказ дар самтҳои таҳқиқоти илмӣ, таҳлилҳои стратегӣ, густариши ҳамкориҳои дохиливу байналмилалӣ, инчунин корҳои ташкиливу иттилоотӣ ба таври назаррас тақвият ёфт.
Қайд гардид, ки таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ яке аз самтҳои калидии фаъолияти Марказ мебошад. Дар соли ҳисоботӣ 259 адад гузориш, маълумотнома ва санадҳои таҳлилӣ бо ҳаҷми умумии 1670 саҳифа ба ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод карда шуд. Дар бештари гузоришҳои таҳлилӣ масъалаҳои марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ баррасӣ гардидаанд.
Инчунин роҳбарият ва кормандони Марказ дар фаъолияти 25 гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, дар таҳия ва татбиқи беш аз 10 консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ саҳми муассир гузоштанд.
Хайриддин Усмонзода иброз намуданд, ки Марказ ҳамкориҳои фаъолро бо 44 марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд ва заминаи рушди минбаъдаи иқтидори илмии онҳоро фароҳам месозад. Аз ҷумла, бо марказҳои илмии таҳқиқотии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо ҳамкориҳои самарабахш дорад. Бояд зикр намуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, узви Маркази СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Ҳамзамон дар соли 2025 Марказ ба платформаҳои нави ҳамкории марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Халиҷ ва ИМА пайваст.
Зикр гардид, дар давраи ҳисоботӣ 4 нафар донишҷӯён дар Марказ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 3 нафар донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии КИПР мебошанд.
Марказ дар соли 2025, бо мақсади таҳлили масоили муҳими ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон, 31 чорабинии илмӣ баргузор намуд, аз ҷумла: 9 конфронс, 1 Форум, 19 мизи гирд ва 2 семинари омӯзишӣ.
Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи май конфронси минтақавӣ “Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо” ва пас аз ҷамъбасти саммити дуюми Русия + Осиёи Марказӣ форуми дуюми марказҳои таҳлилии Осиёи Марказӣ ва Русияро Марказ доир намуд.
Берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносони Марказ дар 29 чорабиниҳои илмию коршиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар 96 чорабинии илмию амалии кишварамон берун аз Марказ бо пешниҳоди маърӯзаҳо иштирок карданд.
Кормандони Марказ дар соли 2025 беш аз 331 маротиба тавассути ВАО баромад намуда, 89 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расониданд.
Сомонаи нави Марказ бо тарҳи замонавӣ фаъол гардида, дар он давоми соли сипарӣ гардида 1070 маводи иттилоотию таҳлилӣ ба се забон (тоҷики, русӣ ва англисӣ) нашр шуд. Теъдоди хонандагон беш аз 22 ҳазор нафарро ташкил дод. Ҳамзамон, фаъолияти Марказ дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook низ мунтазам инъикос мегардад.
Дар Марказ курсҳои омӯзиши забони англисӣ ва семинарҳои методологӣ баргузор шуда, сатҳи касбии кормандон пайваста баланд бардошта мешавад. Дар самти тадқиқоти сотсиологӣ, Марказ дар соли 2025 пурсиши 10 000 нафар аҳолиро дар 29 шаҳру ноҳия баргузор намуда, ҳисоботи ниҳоиро ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод кард. Дар ин давра инчунин вобаста ба масъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, рушди минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон таҳқиқотҳои саҳроӣ анҷом ёфт.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО саволҳои зиёд пешниҳод гардида, ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment