(Тоҷикӣ) ҶАЛАСАИ ШУРОИ ИЛМӢ: ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

8 январи соли 2026 ҷаласаи навбатии Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Шурои илмӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, инчунин аъзоёни Шурои илмии Марказ иштирок намуданд.
Кори ҷаласаро раиси Шурои илмӣ, директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҳисоботи солонаи раиси Шурои илмӣ, директори Марказ Хайриддин Усмонзода оид ба фаъолияти илмӣ, машваратӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2025, тасдиқи нақшаи кории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, нақшаи кории Шурои илмии Марказ барои соли 2026, нақшаи кори Шурои илмию методӣ, ҳайати Шурои илмӣ ва Шурои илмию методӣ, инчунин нақшаи кории раёсатҳои Марказ барои соли 2026, нақшаи корҳои илмию тадқиқотии раёсатҳои Марказ барои солҳои 2026–2030 ва ҳисоботҳои унвонҷӯён баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Дар ҳисоботи худ директори Марказ Хайриддин Усмонзода зикр намуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2025 мутобиқи нақшаи аз ҷониби Шурои илмӣ тасдиқшуда амалӣ намудааст. Фаъолияти Марказ дар ин давра ба ҳайси ниҳоди мутамаркази илмӣ, таҳлилӣ ва машваратии кишвар ба пайгирии саривақтии равандҳои дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин ҷустуҷӯ ва такмили механизмҳои амалисозии дурнамои ҳадафманди сиёсати дохилию хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида буд.
Зикр гардид, ки дар соли 2025 роҳбарият ва кормандони Марказ дар ҳайати 25 гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, дар таҳия ва татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ саҳми фаъол гузоштанд. Дар натиҷа, тавсияҳо ва пешниҳодҳои таҳиянамудаи кормандони Марказ вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта ба мақомоти дахлдор мунтазам ирсол карда шуданд.
Инчунин зикр карда шуд, ки Марказ бо 44 муассисаҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монда, таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд ва барои рушди минбаъдаи иқтидори илмии онҳо замина фароҳам месозад. Аз ҷумла, ҳамкориҳо бо марказҳои таҳқиқотии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо ба таври мунтазам роҳандозӣ гардида, табодули афкор ва таҷриба дар сатҳи баланд сурат мегирад.
Хайриддин Усмонзода инчунин қайд намуд, ки Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорату идораҳо, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Пажуҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоуддинов, Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, МД «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо амалӣ менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 нафар донишҷӯ дар Марказ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 3 нафар донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии КИПР мебошанд.
Зимни ҳисобот зикр гардид, ки Марказ дар соли 2025 бо мақсади таҳлили масоили муҳими ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон 31 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 9 конфронс, 1 форум, 19 мизи гирд ва 2 семинари омӯзишӣ баргузор намудааст. Аз ҷумла бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи май конфронси минтақавӣ “Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо” ва пас аз ҷамъбасти саммити дуюми Русия + Осиёи Марказӣ форуми дуюми марказҳои таҳлилии Осиёи Марказӣ ва Русияро баргузор намуд.
Корҳои ташвиқотию тарғиботӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи фаъолияти кормандони Марказ қарор доранд. Дар соли 2025 роҳбарият ва кормандони Марказ дар чорабиниҳои сиёсӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Дар давоми соли 2025 кормандони Марказ зиёда аз 331 маротиба тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла радио, телевизион ва нашрияҳои даврӣ, вобаста ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ ибрози назар намуданд. Мавзӯъҳои асосии баррасишуда ба масъалаҳои “Интихобот–2025”, Созишномаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд, имзои “Эъломияи Хуҷанд”, Форуми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, инчунин ҷашнҳои миллӣ ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ бахшида шуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар Марказ аз моҳи апрели соли 2025 курси омӯзишии «Забони англисӣ» барои кормандон ҳафтае ду маротиба роҳандозӣ гардидааст.
Илова бар ин, ҷиҳати тақвияти корҳои илмию таҳқиқотӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Тарзи нави иқтибосоварӣ дар корҳои илмӣ» аз ҷониби сардори Раёсати таъмини иттилоотии Марказ баргузор гардид.
Зикр шуд, ки дар Марказ барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, кормандон пайваста сатҳи илмию касбии худро дар дохил ва хориҷи кишвар баланд мебардоранд.
Дар анҷом, тибқи рӯзномаи ҷаласа дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, аз ҷониби аъзоёни Шурои олимон тасдиқ карда шуданд. Аъзоёни Шуро ҳисоботи Марказро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз фаъолияти он изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамчунин дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Марказ як қатор кормандон барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳлилӣ ва иштироки фаъол дар татбиқи вазифаҳои Марказ бо сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment