СУЛҲОФАРӢ МАРОМИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

24 декабри соли равон дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сарфароз гардиданӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Лев Толстой мизи гирд таҳти унвони «Сулҳофарӣ мароми сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид.
Мизи гирдро муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки таҷрибаи сулҳсозӣ ва сулҳофарии Пешвои миллат на танҳо як саҳифаи муҳими таърихи давлатдорӣ, балки дарси умумибашарӣ оид ба иродаи сиёсӣ, ҷасорат ва масъулияти раҳбарӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.
Сипас, сардори раёсати таъмини иттилоот Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои сулҳофар» ва муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои сиёсати дохилии Марказ Карим Назриев дар мавзуи «Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” ҳамчун башорат аз сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат» маърӯза намуданд.
Дар баромад зикр шуд, ки ҳадафи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта шиддат гирифт, на танҳо ноором сохтани авзои сиёсии кишвар, балки ноором сохтан ва ба чолиш кашидани тамоми минтақа буд. Хизмати арзишманди Пешвои миллат низ дар он аст, ки дар баробари ба истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошта, тавонистанд, ки аз авҷи зиддиятҳои нав дар Осиёи Миёна пешгирӣ кунанд, ки имкон дошт боиси аз байн рафтани чанд давлатҳо ва қурбониҳои зиёд гардад.
Инчунин баромадкунандагон таъкид доштанд, ки дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ кам иттифоқ меафтад, ки масъалаҳои ҳассосу тӯлонӣ, аз ҷумла баҳсҳои сарҳадӣ, бо роҳи муколамаи сиёсӣ, иродаи нек ва масъулияти таърихӣ ҳалли худро ёбанд. Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ва ба мувофиқа расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар масъалаи сарҳад намунаи равшани чунин таҷрибаи нодири асри XXI буда, саҳми Пешвои миллат дар он басо арзишманд аст.
Сипас дар идомаи чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Таъкид шуд, ки баҳои баланди ҷомеаи байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки таҷрибаи Тоҷикистону Қирғизистон метавонад ҳамчун модели омӯзишӣ барои дигар минтақаҳои ҷаҳон хизмат намояд. Ин таҷриба собит месозад, ки сулҳ танҳо натиҷаи музокира нест, балки маҳсули фарҳанги сиёсӣ, сабр ва масъулияти таърихӣ мебошад.
Ин дастовард на танҳо пирӯзии дипломатӣ, балки саҳми арзандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва суботи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment