БАРГУЗОРИИ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗУИ “АФЗАЛИЯТҲОИ ТАТБИҚИ МАНФИАТҲОИ ҲАЁТАН МУҲИММИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ”

Санаи 28 ноябри соли 2025 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Афзалиятҳои татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ» мизи гирд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони ватанӣ, мутахассисони ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Марказ д.и.ф., профессор Усмонзода Х.У., кори мизи гирдро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хушомадед гуфтанд. Ҳамзамон, таъкид доштанд, ки шинохти назариявии манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир ва тағйирпазири ҷомаи ҷаҳонӣ  яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки таъмини манфиатҳои миллӣ дар ин замина, дарки дурусти манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон омили таъмини рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мегардад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки масъалаи дастёб шудан ба ҳадафҳои муҳиму стратегии Тоҷикистон, ки дар низоми манфиатҳои миллии кишвар ҷойгоҳи махсусро соҳиб мебошад, мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтаанд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор масъалаҳои муҳим аз ҷумла масъалаи таҳлили назариявии шинохти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикситон, инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, тасмимҳои давлатӣ ҷиҳати ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эҷоди навори амниятӣ дар тули марзҳои  кишвар, мусоидат ба фаъолияти созандаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикситон дар хориҷи кишвар (арзёбии стратегии барнома ва стратегиҳои давлатӣ), афзалиятҳои татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳимми иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикситон дар Осиёи Марказӣ, афзалиятҳои татбиқи манфиатҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ, тақвияти шинохти Тоҷикистон дар заминаи тарғиб ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, татбиқи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастёб шудан ба  амнияти озуқаворӣ (афзалиятҳои стратегӣ дар Осиёи Марказӣ) ва фаҳмиши амалии манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷонибаи коршиносон қарор гирифтанд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки манфиатҳои миллӣ вобаста ба шароит ва вазъияти мавҷуда, рушди босуръати техника ва технология метавонанд шаклан ва моҳиятан тағйир ёбанд, вале манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлатӣ аз ҷумал, ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, дахлнопазирӣ ва тамомияти арзии кишвар, тағйирнопазир будани сохти конститутсионии Тоҷикистон, новобаста аз вазъият ва шароити минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти ҳаётан муҳим доранд.

Инчунин, дар раванди баргузории мизи гирд масъалаи таҳдидҳо ба манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Comments (0)
Add Comment