14 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мизи гирд таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири тоҷик» баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода оғоз намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин рӯзи тақдирсози миллат сидқан табрику таҳният гуфт.
Хайриддин Усмонзода дар сухани ифтитоҳии худ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини субот ва шукуфоии миллати тоҷик шарҳ дода, ёдовар шуд, ки таҷлили Рӯзи Президент мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 16 ноябр баргузор мегардад.
Мавсуф таъкид намуд, ки баргузории ин ҷашн ба рӯзе рост меояд, ки 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат бори аввал ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Ҳамон сол Тоҷикистон тибқи Конститутсияи нави худ ба низоми идории президентӣ гузашт, ки ин интихоби бунёдӣ барои наҷоти давлату миллат ва рушди устувори кишвар гардид.
Директори Марказ инчунин зикр кард, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст мебошад, зеро он рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандиест, ки Президент ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият менамояд.
Дар кори мизи гирд инчунин бо маърузаҳои худ муовини директори Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ Лоҳутӣ Шарифзода дар мавзуи: «Мақом ва ҷойгоҳи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ташаккули ҳокимияти конститутсионӣ», сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзуи: «Ниҳоди президентӣ дар низоми сиёсии Тоҷикистони муосир”, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавӣ Ҷамшед Салихов дар мавзуи: «Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат» ва мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Абдулло Абдуллозода дар мавзуи: «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар» баромад намуданд.
Дар баромади худ маърузакунандаҳо, қайд намуданд, ки пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар кулли кишварҳои собиқ Иттиҳод зуҳури низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тағйироти сохти конститутсионӣ ба амал омад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин низоъҳои иҷтимоӣ истисно набуд. Зеро оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хавфи парокандагии кишвари моро фаро гирифта, мардум ба мушкилиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буданд.
Дар мизи гирд таъкид гардид, ки зарурати гузариш аз низоми парлумонӣ ба низоми президентӣ дар Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-ум аз вазъи мураккаби сиёсиву амниятии кишвар сарчашма мегирифт. Ба иттилои коршиносон, дар он солҳо ихтилофҳои шадиди миёни шохаҳои ҳокимият маҳз дар заминаҳои баҳсҳои парлумонӣ сурат гирифта, боиси фалаҷ шудани фаъолияти он мегардид. Ҳатто 21 апрели соли 1992 гурӯҳҳои мухолиф 20 намояндаи ҳукумат, аз ҷумла 16 вакили Шӯрои Олӣ ва 2 муовини сарвазирро гаравгон гирифтанд, ки ин амният ва суботи давлатиро зери хатар гузошт.
Коршиносон зикр карданд, ки боқӣ гузоштани қудрати марказӣ дар дасти парлумон метавонист нооромиҳоро шиддат диҳад, мисли ҳолате, ки солҳои тулонӣ дар Қирғизистон ва ҳатто имрӯз дар баъзе кишварҳои ғарбӣ мушоҳида мешавад, ки бар асари ихтилофҳои ҳизбҳо ва фраксияҳои парлумонӣ фаъолияти ҳукуматҳо фалаҷ мегардад.
Аз ҷониби дигар, ҳизбҳои ондавраии Тоҷикистон барнома ва ҳадафҳои ҳамсон ба ниёзҳои миллӣ надоштанд ва бештар аз идеологияҳои хориҷӣ пайравӣ мекарданд. Дар чунин вазъ барои барқарории субот, муттаҳидсозии ҷомеа ва пешгирии ҷанги сиёсӣ мутамарказ намудани ҳокимият зарур гардид.
Маҳз ҳамин шароит талаб кард, ки низоми президентӣ барқарор карда шавад ва роҳбарии кишвар ба дасти шахсияти бонуфузу қавиирода вогузор шавад. Ин раванд бо баргузории интихоботи президентӣ 6 ноябри соли 1994 расмият ёфт, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуда, ба барқарории сулҳу оромӣ дар мамлакат замина гузошт.
Инчунин гуфта шуд, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсӣ 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, раванди барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ оғоз ёфт. Вале нооромиҳои сиёсии дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муваққатан коҳиш дода, рушди давлатдории навини тоҷиконро буҳрони сиёсӣ — ҳуқуқӣ фаро гирифт. Бо вуҷуди ин, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор гардид, тавонист заминаи устуворро дар рушди ҳокимияти конститутсионӣ гузорад. Баъди он, Тоҷикистон тавонист ҳокимияти конститутсиониро барқарор намуда, пояҳои асосии ҷомеаи ояндаро муайян созад. Маҳз пас аз ҳамин рӯйдоди таърихӣ давраи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон оғоз ёфт. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардиданд, ки дар ташаккул ва рушди сиёсати хориҷӣ заминаи устуворро ба миён гузоштанд.
Сарвари давлат дар солҳои нооромӣ ва буҳрони миллӣ стратегияи хориҷии кишварро бо устуворӣ пеш бурда, дар барқарор намудани эътибори байналмилалии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ӯ тавонист бо сиёсати хирадмандона ва инсондӯстона оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, бо дастгирии мардуми кишвар мушкилоти даврони баъдиҷангиро паси сар кунад.
Хусусияти барҷастаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ин тавозуни муносибатҳо бо шарикони гуногун мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сиёсатеро пеш барад, ки бар пояи баробарӣ ва манфиатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Шарқу Ғарб, шимолу ҷануб бино ёфтааст. Ин тавозуни геополитикӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ ҳам бо абарқудратҳо ва ҳам бо кишварҳои рӯ ба рушдро ба таври муассир ба роҳ монад. Сиёсати хориҷии кишвар дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ низ, бо вуҷуди душвориҳои он замон, принсипҳои сулҳҷӯёнаи худро нигоҳ дошт ва пас аз барқароршавии сулҳ бо сифати нав идома ёфт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ин сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистонро ҳамовозӣ кард, ки далели он қабули пайдарпайи ташаббусҳои байналмилалии пешниҳоднамудаи кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Дар солҳои истиқлолият, бо дастгирии халқи тоҷик ва Парлумони мамлакат, сиёсати хориҷии сулҳомези Пешвои миллат таҷрибаи ғанӣ андӯхт ва Тоҷикистонро ба як кишвари фаъоли майдони дипломатияи ҷаҳонӣ табдил дод.
Дар рафти ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Маърӯзачиён ва иштирокдорон аҳаммияти сарангуштии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва саҳми таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди эҳёи давлатдорӣ, таҳкими пояҳои конститутсионӣ, сулҳу субот ва тараққиёти устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол баланд арзёбӣ карданд.
Дар анҷом аз ҷараёни ҳамоиш натиҷагирӣ шуда, зарурати таҳқиқи минбаъдаи ин равандҳои таърихӣ ва тарғиби дастовардҳои давлати миллӣ таъкид гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон