Дар толори Кохи фарҳангии “Суғдиён” бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои ваҳдатсоз» баргузор гардид.
Дар кори конфронс Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатзода, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Хурсандқул Зикиров, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, устодону омӯзгорон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, шӯроҳои занон, собиқадорон ва фаъолони шаҳр ширкат доштанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода конфронсро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Хизмати таърихӣ ва бузурги Пешвои миллат дар он аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохтанд ва фарҳанги сулҳофариро пеша карда бо эҳсоси гарми ватандорӣ, андешаи тақдири ояндаи бақои миллат, ба музокироти сулҳ ташаббус нишон доданд. Маҳз бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллат кишвари азияткашида ва кулфатдидаи мо дар охири асри 20 бо қадамҳои нахустин ва матин нуфузи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор намуд. Натиҷаи ин ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳои беназир буд, ки имрӯз дар кишвар амнияти саросарӣ пойдор ва ободиву бунёдкориҳо бо суръат идома дорад. Сулҳи тоҷикон қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии давлату миллат гардид.
Ӯ таҳкид намуд, ки “имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеа табдил ёфта ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд”.
Дар ҷараёни конфронс баромадкунандагон, аз ҷумла Ғайбулло Авзалов, Мирзоқосим Каримзода, Рамазонӣ Давлатзода, Хурсандқул Зикиров ва Тоҷибой Султонзода, доир ба хизматҳои беназири Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ, барпо кардани сулҳу субот ва таҳкими давлатдории навини миллӣ маърӯза карданд. Таъкид шуд, ки ҳар фарди ҷомеа бояд қадри хизматҳои Пешвои миллатро донанд ва дар атрофи андешаҳои ӯ муттаҳид бошанд.
“Хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории навини миллӣ бо таваҷҷуҳ аз гузаштаи пурифтихор, таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату наҷот, забон ва дину оин аст, ки мо ҳамагон инро медонем ва қадр менамоем.
Дар воқеъ, ваҳдати миллӣ сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамраъйӣ, тантанаи адолат ва сулҳу суббот мебошад. Имрӯз дар рӯ ба рӯи воқеаҳои ҳасосии ҷаҳони муосир дар роҳи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ ва нигоҳ доштани суботи сиёсиву амниятӣ мо ҳамагон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Моро зарур аст, ки бо сарҷамъи ва муттаҳидӣ дар зери партави сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тарбияи насли ҷавон дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишу анъанаҳои миллӣ, ватандӯастӣ, ифтихори миллӣ, ҳифзу ҳимояи Истиқлолият, ваҳдати миллӣ фаъолтар бошем”, — зикр намуданд иштирокчиёни конфронс.
Инчунин дар конфронс аз номи ҷавонони шаҳри Хуҷанд, муаллими Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Муталиб Маҳмудзода, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Ҳусниоллоҳ Комилов баромад карда, аз хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дастгирии ҷавонон ёдовар шуданд ва изҳор доштанд, ки онҳо воқеан ҳам Пайравони Пешвои миллатанд.
Сардори раёсати коргузорӣ ва назорати
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа
Рамазонӣ Давлатзода