ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ГУРӮҲИ МУАССИСАҲОИ MERI-И ҲИНДУСТОН ВА ФОНДИ БУНЁДИ ҲИНДУСТОН-ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Имрӯз, 13 октябри соли ҷорӣ, бо мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, миёни Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ва Фонди бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ёддоштҳо аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода, ноиби президенти Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон профессор Лалит Аггарвал ва директори Фонди бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ профессор Рамакант Двиведи ба имзо расонида шуданд.

Ин санадҳо бо дарназардошти зарурати мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои муассир ва рушди минбаъдаи шарикӣ миёни ҷонибҳо таҳия ва ба имзо расида, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун ба танзим медарорад.

Тибқи Ёддошти мазкур, ҷонибҳо мутобиқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои оинномавии худ, барои таъсиси механизми устувори ҳамкорӣ ва робитаҳои мунтазами таҳлилию коршиносӣ кӯшишҳои муштаракро ба роҳ хоҳанд монд.

Мақсади асосии Ёддошти тафоҳум — муқаррар намудани робитаҳои мустақими илмӣ ва таҳқиқотӣ миёни Тарафҳо ва пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Зимни ба имзорасии Ёддоштҳо, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода изҳор дошт, ки санадҳои мазкур заминаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон буда, имкони мусоидро ҷиҳати густариши робитаҳои мутақобилан судманд миёни муассисаҳои таҳқиқотии ду кишвар фароҳам хоҳад овард.

 

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Comments (0)
Add Comment