ЁДДОШТИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНСТИТУТИ ЧИН ВА ОСИЁИ МУОСИРИ АИ РУСИЯ БА ИМЗО РАСИД

11 октябри соли 2025, бо мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд, байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид.

Ёддошти мазкур аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода ва директори Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Кирил Бабаев ба   имзо расонида шуд.

Ин санад дар асоси муқаррароти шартномаҳои байналмилалии ба тасвибрасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва бо дарназардошти ҳадафҳои муштараки Тарафҳо ҷиҳати тавсеаи робитаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ таҳия ва имзо гардид.

Тибқи Ёддошти мазкур, Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки дар заминаи қонунгузории миллии кишварҳои худ ва бо дарназардошти вазифаҳои оинномавии муассисаҳои дахлдор, барои ба роҳ мондани ҳамкории устувор ва робитаҳои мунтазами корӣ иқдомоти муштарак роҳандозӣ намоянд.

Самтҳои асосии ҳамкорӣ ба таҳқиқоти сиёсӣ ва омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, тадқиқоти иқтисодӣ, таҳқиқоти таърихӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин тадқиқот оид ба масоили экология, энергетика, нақлиёт ва об равона мешаванд.

Инчунин, дар доираи ин ҳамкорӣ, Тарафҳо нашри муштараки мақолаҳои илмӣ ва таҳқиқотиро дар маҷаллаҳо ва дигар васоити нашрияи тарафайн, аз ҷумла платформаҳои интернетӣ, ба роҳ хоҳанд монд. Баргузории семинарҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба аз ҷумлаи дигар бахшҳои муҳими ин ҳамкорӣ ба шумор меравад.

Имзои ин Ёддошти тафоҳум қадами муҳиме дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маҳсуб ёфта, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Comments (0)
Add Comment