Имрӯз 11 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» оғоз ёфт. Ин ҳамоиши сатҳи баланд бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рус ва дастгирии сохторҳои дахлдори давлатии кишвар ташкил гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳи расмии форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокчиён ва меҳмонони форуми байналмилалиро хайрамақдам гуфт.
Ӯ изҳори миннатдорӣ намуд, ки намояндагони марказҳои таҳлилии бонуфуз, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сохторҳои давлатӣ барои ширкат дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ба Душанбе ташриф оварданд. Инчунин қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо, бахусус дар пасманзари таҳаввулоти муҳим дар минтака — аз ҷумла сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва нишастҳои сатҳи олӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» — аҳамияти хосса касб менамояд.
Зимни суханронии худ Хайриддин Усмонзода зикр намуд, ки ҳамоиши “Осиёи Марказӣ —Русия» ба як рӯйдоди муҳим табдил ёфт ва талоши кишварҳои моро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба нишон дод, инчунин имкониятҳои нави ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисод, амният, рушди инфрасохтор ва робитаҳои башардӯстона таъкид намуд.
Ӯ инчунин нақши муҳимми платформаҳои минтақавӣ, аз қабили С5+1-ро дар пешбурди ҳамкории устувор ва таҳкими суботи Осиёи Марказӣ зикр намуд.
“Бо туфайли платформаҳои сершумори формати С5+1 кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ имконияти тавсеаи робитаҳо ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо ҳамаи давлатҳое пайдо карданд, ки хоҳони дидани минтақаи мо ҳамчун як минтақаи устувор ва шукуфон мебошанд. Мо итминон дорем, ки тавассути чунин талошҳо Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар имконият пайдо мекунад, то ба яке аз марказҳои босубот ва тараққикардаи қитъаи Осиё табдил ёбад, новобаста аз ноустувориҳо ва шиддат гирифтани танишҳо байни қудратҳои алоҳидаи ҷаҳонӣ”, — изҳор дошт директори Марказ Хайриддин Усмонзода.
Кори форум пас аз баромадҳои ифтитоҳӣ ва иштирокчиён идома ёфта, ҷаласаи пленариро дар бахшҳои худ давом медиҳад.