ФОРУМИ ДУЮМИ КОРШИНОСИИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ – РУСИЯ: РӮЗНОМАИ РУШДИ МУШТАРАК”

Макон: Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Замон: 10:00, 11 октябри соли 2025
Забон: русӣ
11 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор мегардад.
Форуми мазкур дар чорчубаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҳошияи Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 9–10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир гардиданд, баргузор мешавад.
Дар кори Форуми мазкур роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Қайд кардан зарур аст, ки дар Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия», ки 9 октябр баргузор гардида буд, сарони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд, аз ҷумла: рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳо, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ ва талошҳои муштарак ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ.
Аз рӯйи натиҷаи кори ҳамоиш Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Русия» ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид.
Чорабиниҳои зикршуда ба ҳайси майдони муҳими баррасии самтҳои стратегии рушди минтақавӣ хидмат карданд. Форуми дуюми коршиносӣ “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” бошад, бо фароҳам овардани фазои муколамаи таҳлилӣ ва касбӣ, ҳадафҳои сиёсиро бо муҳтавои илмӣ ва стратегӣ ғанӣ мегардонад, ки барои таҳияи ҳалли дарозмуддат замина мегузорад.
Дар ҷараёни форум масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз ҷумла:
Равобити гуногунсамтаи стратегӣ;
Дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ;
Таҳкими суботи минтақавӣ;
Масоили вобаста ба об, иқлим ва энергетика;
Густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, забон ва илм;
Равандҳо ва чолишҳои муосири минтақавӣ ва байналмилалӣ.
Форум бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамкории шарикони рус ва дастгирии сохторҳои дахлдори давлатии кишвар ташкил гардидааст.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи кори форум дидгоҳу пешниҳодҳои амалие таҳия мешаванд, ки ба таҳкими шарикии стратегии миёни Федератсияи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment