Санаи 23–26 июли соли 2025 Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни мулоқоти хосса ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар, маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, сайёҳӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, кишоварзӣ, илму маориф ва дигар самтҳои афзалиятнок дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни музокирот як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон ба имзо расид. Ин санад заминаҳои мусоидро барои таҳкими равобити дӯстона ва густариши ҳамкории дуҷониба, мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани самаранокии пажуҳишҳои муштарак фароҳам месозад.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон