(Тоҷикӣ) ҶАВОНОН ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

«Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст»

Эмомалӣ Раҳмон

Сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз аз самти афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб шуда, дар зарфи 34 соли истиқлолияти давлатӣ ҷавонони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши ҷавонон, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад, ки моҳияти ин самти сиёсатро қаблан дар баромадҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин гуфта буданд: “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд. Бинобар ин, Ҳукумати мамалакат нисбати ҷавонон набояд бетафовут бошад ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амали карда мешавад мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки давлати Тоҷикистон мебошад”. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии сиёсии кишвар баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо санадҳои гуногун аз қабили Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 1997 «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва дигар қонуну қарорҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст

Ташаккул ёфтани заминаи меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис ёфтани мақомоти давлатии ваколатдори кор бо ҷавонон (Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон), барои дастгирии олимони ҷавон таъсис гардидани “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ”, бо мақсади аз лиҳози моддӣ ва моҳияти иҷтимоӣ дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманд таъсиси Стипендияи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон», Квотаи президентӣ барои ҷавононе, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат иқомат мекунанд, 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, қабул шудани барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон» ва «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон» аз дастовардҳои ҷавонон мебошад, ки бевосита бо дастгирии Пешвои миллат ноил шудаанд.

Инчунин, Ҳукумати кишвар бо мақсади таълиму тарбия ва пешрафти ҷавонони мамлакат як қатор санадҳоро қабул намудааст,аз қабили эълон намудани “Соли ҷавонон” аз таваҷҷуҳи хоси Президенти кишвар нисбат ба насли ҷавон буда, инчунин баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон -ватани азизи ман» ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои арзанда ва боистеъдоду соҳибкасб ташкил карда шудаанд.

Ҳамзамон, муқаррар намудани стипендияҳои Президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ, ҷалби ҷавонон дар фаъолияти идоракунии давлатӣ, эълон гардидани “Солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”, ки тавассути чунин озмунҳо барои ташаккули донишу маърифати насли ҷавон мебошад. Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар ҷойгоҳи махсусро дорад.

Ин нуқтаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбоши ба муносибати Рӯзи ҷавонон баён доштанд, ки тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагиву фаъолияти ин сершумортарин қишри иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Мо хуб дарк мекунем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон – ғамхориву сармоягузорӣ ба хотири ояндаи ободу пешрафтаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати тоҷикон мебошад. Ҷавононро бояд тавре тарбия кард, ки онҳо фардо тавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, боз ҳам пешрафта гардонанд ва миллату давлати худро ба аҳли башар ба таври шоиста муаррифӣ карда тавонанд.

Пешвои миллат пайваста ҷавононро таъкид менамоянд, ки: «Ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиатҳои давлативу арзишҳои миллиро ҳимоя кардан тавонанд. Ҷавонон пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошанд. Дар ҳар як ҷашну чорабиниҳо Президенти муҳтарами мо нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Чуноне ки Пешвои миллати мо дар ҳар суханронӣ зикр мекунанд: «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст», ҳар як ҷавони бо нангу номуси Ватан бояд бо такя ба чунин боварии Пешвои хеш барои шукуфоӣ ва пешрафти кишвари худ саҳми назаррас ва арзанда гузошта тавонад.

Президенти муҳтарами мо ҳама вақт ба роҳбарону сардорони сохторҳову мақомот дастуру супориш медиҳанд, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳ намоянд: «Бо ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».

Хуллоса, тули 34 соли истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат чандин маротиба бо ҷавонони кишвар мулоқотҳо баргузор намуданд, ки дар ин вохўриҳо масъалаҳои муҳимми ҳаётии наврасону ҷавонон баррасӣ карда шудаанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ доир ба масъалаи ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда онҳоро ҳамчун давомдиҳандаи наслҳо ва ояндаи миллати тоҷик меҳисобанд. Ҳамчунин барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби ҷомеа зимни ироаи паёмҳо ва суханрониҳои худ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат супоришҳои алоҳида медиҳанд.

Бо дасгирии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҷавонони пуртаҷриба ва лаёқатманд ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин нишонаи таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакатро нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад.Баргузоршавии мулоқотҳои сарвари давлат бо ҷавонони кишвар ва тайини Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро низ метавон самараи истиқлоли давлатӣ ва ҳосили ваҳдати ягонаи миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, саҳми Президенти мамлакат дар баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи муосир назаррас буда, пайваста сиёсати давлатии ҷавононро дастгирӣ менамоянд. Ҷавонони кишварро низ зарур аст, ки ҷиҳати пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд. Барои ба қадри ингуна талошҳои наҷибонаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ҷавононро зарур меояд, ки фанҳои дақиқро ҳарчӣ хубтару беҳтар омўхта дар гул-гул шукуфоии диёри азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Саид Саидов,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Comments (0)
Add Comment