Санаи 20 майи соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стретегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ (дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ) таҳти унвони: «Таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкориҳои С5+1: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур таҳлилу баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи қолаби С5+1, таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, тамоюлҳои рушди робитаҳои гуногунҷанба дар минтақа, қолаби С5+1 ҳамчун омили асосии татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамтии кишварҳо арзёбӣ гардид.
Дар чорабинии мазкур коршиносони марказҳои зеҳнӣ, намояндагони ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, мутахассисону муҳаққиқони ватанӣ низ иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, ҷиҳати инъикоси раванди ҳамоиш намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Конфронсро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.и., Муртазозода Ораз ҳусни оғоз бахшида меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ қайд карда шуд: “Солҳои охир минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷӯҳи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин бештар ба иқтидори геополитикӣ ва геоиқтисодии минтақа вобаста аст. Инчунин, минтақа аз ҷиҳати иқтидори нақлиётӣ, логистикӣ ва захираҳои энергетикии худ таваҷҷуҳпазир мебошад”.
Ҳамзамон таъкид гардид: “Яке аз тарҳҳои асосие, ки кишварҳои минтақа тавассути он бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намуда, сиёсати бисёрсамтаи худро таъмин мекунанд, қолаби С5+1 мебошад”.
Конфронс аз ду бахши асосӣ иборат буда, дар бахши аввал таҳти унвони “Қолаби «С5+1» — омили татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамтии кишварҳои Осиёи Марказӣ”, коршиносон аз марказҳои зеҳнӣ ва ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо маърузаҳо суханронӣ намуданд.
милиии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Нишасти «С5+1» — майдони амал барои ҳамкории стратегӣ” маъруза намуд.
Номбурда изҳор дошт, ки «С5+1 доираи васеи соҳаи ҳамкориҳо таъмини амният ва мубориза бо терроризм, рушди иқтисодӣ, инноватсия, экология ва ҳамгироии нақлиётиро фаро мегирад. Дар доираи ин қолаб лоиҳаҳои муштарак амалӣ гардида, онҳо ба масъалаҳои сиёсати давлатии кишварҳо ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд мебошанд. Маҳз чунин хусусиятҳо қолаби мазкурро натанҳо ба як фазои расмӣ, балки ба як муҳити зинда ва амалӣ мубаддал мегардонад».
Зиёда аз ин, Комилова Хосият Ғуфроновна – д.и.т, сардори шуъбаи илм, инноватсия, муносибатҳои байналхалқӣ ва табъу нашри филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломаносов дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “Қолаби С5+1 ҳамчун майдони пешбурди иқтисоди сабз: дурнамои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо» суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки “Дар пасманзари ноустувории ҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ равишҳои бештар ҳамоҳангшуда, бахусус дар рӯзномаи муҳити зист ва энергетикиро пеш мегиранд”.
Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки “сиёсати сабзи аврупоӣ дар минтақа тавассути лоиҳаҳои гуногуне, ки ба рушди устувор, дигаргунсозии экологӣ ва таҳкими робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа нигаронида шудаанд, фаъолона амалӣ карда мешавад. Ин ташаббусҳо ҷиҳати гузариш ба “иқтисоди сабз”, беҳбуди вазъи экологӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд”.
Ҳамин тавр, Шарифзода Лоҳути Шариф – д.и.с, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши аввали конфронс натиҷагирӣ намуда, бахши дуюми ҳамоишро таҳти унвони “Тамоюли рушди минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони муосир: зарфият ва имкониятҳои истифоданашуда” ҳусни оғоз бахшид.
Дар идомаи ҳамоиш роҷеъ ба мавзуъҳои матраҳгардида, мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён ва коршиносон, аз ҷумла аз кишварҳои аврупоӣ вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи рушди ҳамкориҳои минтақа бо дигар субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ибрози назар намуданд.
Дар фарҷом, Шарифзода Лоҳути Шариф – д.и.с, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханӣ ҷамъбастӣ аз ҳамоиш натиҷагирӣ намуда иброз дошт, ки “минтақаи Осиёи Марказӣ бо назардошти иқтидори геополитикӣ ва геоиқтисодии худ ба минтақаи сулҳу субот ва имкониятҳои рушд табдил ёфтааст. Яке аз руйдодҳои муҳим дар ин самт ба имзо расидани созишномаи сеҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои давлатии се кишвар ва “Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ” ба ҳисоб меравад”.
Конфронси байналмилалӣ дар руҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон