Санаи 23-юми майи соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар ташаккули рушди сармояи инсонӣ ва неруи корӣ дар ҳидоятҳои Пешвои миллат” баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ба ин қишри фаъоли ҷомеа, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тарбия, таҳсил, неруи инсонӣ, кору фаъолият ва истироҳату фароғати ҷавонон, арзёбӣ мегардад.
Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муртазозода Ораз бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки таҳлилҳо дар ин самт ба он далолат мекунанд, ки феълан 70 дарсади аҳолии кишвари моро насли ҷавони дорои иқтидори зеҳниву ҷисмонӣ дар бар мегиранд. Татбиқи як зумра барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъйин гардидани ҷавонони лаёқатманд, эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» аз таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба насли ояндасози кишвар шаҳодат медиҳад.
Зимни суханронӣ номбурда қайд намуд, ки дар шароити замони пуртазоди имрӯза, ки экстремизми динӣ ва равандҳои тундгарою номатлуб саросари дунёро ба ташвиш овардаанд, нақши ҷавонони кишвари мо дар самти пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ назаррас буда, ҳамзамон дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намуда, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд. Таъкид гардид, ки ҷавонони бонангу номуси кишвар дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд ва ҳамчун неруи асосии пешбарандаи Тоҷикистон дар суботу пешрафт ва ободию сарҷамъии сокинони кишвар таъсиргузор бошанд.
Сипас Солиҳов Ҷамшед муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Марказ дар мавзуи “Футбол омили муттаҳидкунанда, таҳкимбахшанда ва васлкунандаи дӯстии ҷавонон дар замони муосир (бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол)”, Фаттоев Масрур, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохили дар мавзуи “Аҳаммияти маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ” ва Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ дар мавзуи “Ҷавонон-неруи созандаи ҷомеа дар рушди сармояи инсонӣ ” суханронӣ намуда, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ҷавонон, ба масъалаҳои худшиносию худогоҳии ҷавонон, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.
Қайд карда шуд, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7-уми майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид бо Қатъномаи махсуси худ рӯзи 25-майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.
Имсол бори аввал бо ташаббуси Ҳукумати кишвар Рӯзи футболро дар арсаи байналмилалӣ таҷлил менамоем, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз тарафи кормандони Марказ фикру андешаҳои судманд иброз гардида, зимни суханрониҳояшон қайд намуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои ҳукумату давлат имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон бо неруи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва фаъолияти пурсамар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ саҳм гузошта, сазовори боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат гардидаанд.
Мизи гирдро муовини директори Марказ Ораз Муртазозода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиён барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон