(Тоҷикӣ) РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИММИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 31 октябри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмю амалӣ таҳти унвони “Рақамикунонии соҳаи нақлиёт ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш директори Марказ Хайриддин Усмонзода, муовинони директор, намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ширкати ҶСП “Мавсим”, инчунин сардорони раёсатҳо, муҳаққиқон ва кормандони илмии Марказ иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузор намудани конфронс пеш аз ҳама аз баррасии вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа, ки омили калидии тадбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ба шумор меравад, иборат буд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода кори конфронсро ифтитоҳ намуда, дар ин маврид ёдовар шуданд, ки рушду инкишофи соҳаи нақлиёт яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа ва дигар шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мавсуф таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани кишварро ба давлати транзитӣ, яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян намуда, дар доираи татбиқи ин ҳадаф як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025”, “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023–2028” ва “Барномаи рушди низоми логистика барои солҳои 2023–2028” – ро қабул ва бо ҷалби сармоя ва маблағгузориҳои назаррас амалӣ намуда истодааст.
Дар баробари ин, амалӣ гардидани ин барномаҳо имконият фароҳам меорад, ки инфрасохтори нақлиётӣ беҳтар гардида, ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ ва транзитӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёбад. Ҳамзамон, дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст, ки сабабҳои асосии он, дастрас нагардидани саривақтии рухсатномаҳо аз баъзе кишварҳо ва истифодаи нокифояи имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби ширкатҳои нақлиётӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни кори ҳамоиш як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, муайян намудани мавқеи иқтисоди рақамӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва зарурати рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ дар замони муосир, таъсири рушди иқтисоди рақамӣ ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, арзёбии дастовардҳои иқтисоди рақамӣ, дурнамои нишондиҳандаҳои иқтисоди рақамӣ ва самтҳои асосии такмил додани хизматрасониҳо дар соҳа ва баҳодиҳӣ ба вазъи технологияҳои инноватсионӣ, инчунин стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар мавриди таҳлилу баҳодиҳӣ қарор дода шуданд.
Иштироккунандагони конфронси илмию амалӣ муаммоҳои рақамикунонии соҳаи нақлиётро, хусусан дар мисоли нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, банақшагирии хатсайрҳо ва назорати самараноки ин соҳаи муҳимми хизматрасонӣ мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода, якчанд пешниҳодҳои худро барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ, дар доираи кори конфронс баён намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамикунонии соҳаи нақлиёт на танҳо воситаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, балки омили муҳимми таъмини рушди устувор ва ташаккули иқтисоди сабз ба шумор меравад, ки ба ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат мувофиқ арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷом, иштирокчиёни конфронс баргузории чунин ҳамоишҳои илмию амалиро қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории илм, тиҷорат ва ниҳодҳои молиявию давлатӣ, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ маънидод намуда, рушди рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиётро омили асосии расидан ба ҳадафҳои миллӣ, арзёби намуданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment