(Тоҷикӣ) ҲАМКОРИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ БО ФОНДИ КОНРАД АДЕНАУЭР ТАВСЕА МЕЁБАД

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Имрӯз, 27 октябри соли 2025, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Намояндаи Дафтари минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот Хайриддин Усмонзода меҳмонро хайрамақдам намуда, ҳолат ва дурнамои ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ваколатдори минтақавии Бунёди Конрад Аденауэрро шарҳ дод. Мавсуф нақши Бунёди Конрад Аденауэрро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва глобалии сиёсӣ, бахусус, дар фароҳам овардани фазои мусоид барои баррасии маҷмӯи масъалаҳои марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ, хеле муҳим арзёбӣ намуд.
Х. Усмонзода инчунин таъкид намуд, ки Марказ минбаъд низ ба идомаи робитаҳо бо Бунёди Конрад Аденауэр ҷиҳати ҳамкориҳои созанда ва дастгирии муколамаи доимӣ, ки ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ равона шудааст, ҳавасманд аст.
Дар навбати худ Андре Алгермиссен барои мулоқоти самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолияти Марказро дар соҳаи таҳқиқи масъалаҳои меҳварии минтақа таъкид намуд. Вай илова намуд, ки мақсади вохурии ӯ тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо ва табодули назар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо хоҳиш ва ҳавасмандии худро ҷиҳати ташкили форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ баён карданд. Форум як қадами муҳим барои баррасии васеи масоили таъмини субот ва амният дар минтақа хоҳад буд, ва имконияти амиқтар намудани ҳамкории байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони байналмилалиро фароҳам хоҳад овард.
Бояз зикр намуд, ки ҳамкории байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Конрад Аденауэр пас аз имзо намудани Ёддошти тафозуми ҳамкорӣ 4 марти соли 2023 таҷдид шуд. Дар доираи ин ҳамкорӣ чандин конфронсҳои байналмилалӣ баргузор шуданд, аз ҷумла ду конфронс таҳти унвонҳои «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» (10 март 2023) ва «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо» (1 май 2025).
Натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба инчунин нашри як қатор нашрияҳои муштаракро дар бар мегирад, аз ҷумла китоби «Таҷрибаи озмудашуда ва санҷидашудаи ҳамкории байни кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва маҷмӯаи «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо».
Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment