Ҳамасола санаи 23-юми феврал рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон чандон заминаи моддии хубро доро набуд, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда давра ба давра роҳи ҳалли худро пайдо карда, ба беҳтарин дастовардҳои ҳарбӣ ноил гардид. Артиши миллӣ яке аз воситаҳои муҳофизати марзу буми кишвар аз хатарҳои берунӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳкиму ҳимояи истиқлоли давлатӣ нақши калидӣ дорад.

Ҷавонони ватандӯст бо хизмат дар сафи Артиши миллии кишвар аз нахустин рӯзи таъсиси он барои ҳифзи хоки ин сарзамин кӯшиш кардаанд. Имсол 30-солагии Артиши миллӣ ботантана таҷлил мегардад. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки давлати мо соҳиби чунин Артиши миллӣ мебошад. Имрӯзҳо ҷавонони ватандӯст бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ба хизмати ватан-модар рафта, бо сари баланд онро адо менамоянд.

Дар тули таърих миллати тоҷик дорои даҳҳо намунаи артиш буд, ки дар пойдории давлату давлатдориамон хизмати арзанда намуданд.

Тайи даврони истиқлоли давлатӣ баҳри сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит муҳайё гардидааст. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамаи суханрониҳояшон нақши Артиши миллиро дар шароити кунунӣ таъкид намуда, дар ин асно муҳиммияти онро барои тоҷикон ёдрас мешаванд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад. Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоемˮ

Дар ҳақиқат, Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад. Артиши миллии кишвар дар ҳифзи амнияти давлат саҳми беназир ва шоиста дорад. Сарбозони кишвар дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчунин қарзи худро дар назди ватану миллат адо мекунанд. Ҷавонони далеру шуҷои кишвар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда, дар ин раванд дар худ хислатҳои наҷиби инсониро парвариш медиҳанд.

Таърих гувоҳи он аст, ки Артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои халқу миллат ва давлат яке аз рукнҳои таъмини амният ба ҳисоб меравад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо ба назар расида, аз ҷумла дар низоми  Артиши миллӣ низ баръало мушоҳида мегардад. Муҳофизати сарҳади давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳимми сарбозон маҳсуб ёфта, аз ҳар сарбози ватан далерӣ ва зиракии махсусро талаб менамояд. Таъмини амнияти кишварро бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар замони истиқлоли давлатӣ сарбозони кишвар масъулият ва вазифаи барояшон муайян гардидаро дар сатҳи баланд иҷро карда, ҳамеша шуҷоат, далерӣ ва матонати хешро нишон медиҳанд. Дар давоми ин солҳо ҳазорон ҷавонон ба ин мактаби мардонагӣ дохил шуда, дар он обутоб ёфтаанд.

Имрӯзҳо ҳар ҷавони худогоҳ ва ватандӯсти ин кишвар дарк менамояд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи  ҷавонмардӣ буда, аз ҳар ҷавон масъулияти баландро талаб менамояд.

Ҳамин тариқ, мардуми мо дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди ин ҷашни муборак қарор дорад. Рӯзи Артиши миллиро ба ҳар тоҷику тоҷикистонӣ табрик гуфта, дар ин рӯзи пурифтихор ба онҳо рӯзгори ободу сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Эӣ Ватан, эӣ кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар-Ватан сарбози ту

Таварова Моҳира Шарифхоновна,

мутахассиси Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати дохилии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед