Санаи 25-уми октябри соли 2024 дар МД “Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “30 сол дар масири таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ”, бахшида ба 30 солагии таъсиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олӣ, масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ доктори илмҳои фалсафа,профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда,ҳозиринро хайра мақдам гуфт. Мавсуф ҳадафи баргузории ҳамоишро ба таҷлили 30 солагии Марказ ва 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дода, нақш ва арзёбии ҷойгоҳи Маркази тадқиқоти стратегӣ ва саҳми он дар самти омӯзиш ва таҳлили равандҳои муосири дохилию хориҷӣ, таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи соҳаҳои гуногуни кишвар, хусусан сиёсати дохилию хориҷӣ, таҳлилу арзёбии дастовардҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ, зарурати пайгирии мунтазами равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷодаи давлатдории миллиамон, дастовардҳо ва дурнамои рушди фаъолияти кормандони Марказ ва дигар масоили марбут ба фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегиро шарҳ дод. Хайриддин Усмонзода зимни суханронии худ қайд намуд, ки 30 сол барои таърих муддати зиёде нест, аммо аҳаммияти ин давра дар он аст, ки он ба марҳалаи муҳимми таърихӣ, яъне ба даврони ташаккули пояҳои давлатдорӣ ва тарзҳои рушди кишвари соҳибистиқлоли мо рост омадааст
Мавриди зикр аст, ки аз рӯзи таъсиси Марказ роҳбарони ин муассиса ҳамеша дар фаъолияти худ пешбурди корҳои тадқиқотию таҳлилилӣ вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро меҳвар ва маҳаки асосӣ қарор дода, тайи солҳое, ки масъулиятро ба дӯш доштанд вазифањо ва супоришҳои дар фаъолияти Марказ гузоштаро ба таври шоиста иҷро намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар шароити имрӯза Марказ хусусият ва масъалаҳои шароити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як марҳалаи замонии охири асри ХХ ва оғози асри ХХ1-ро мавриди таҳлилу арзёбӣ дар фаъолияти хеш қарор додааст. Аз ҷумла, рушди Марказ дар даҳсолаи сеюми қарни 21 ба давраи ҷустуҷӯйи роҳҳо ва самтҳои таъмини амнияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шаклгирии пояҳои ниҳодии рушди кишвар рост меояд. Яъне вобаста ба зарурати равандҳои нави пайдогардида дар ҷомеа, муассиса воқеъбинона аз дидгоҳи нав фаъолияти худро пайваста таҷдиди назар менамояд ва ҳамкориҳои сифатан наву усулҳои самаранокро ҳадафи фаъолияти кори худ мепазирад.
Дар шароити имрӯза фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегӣ ба арзёбии рушди имрӯза ва дарозмуддати тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар, ҳамчунин ба омодасозии тавсияю пешниҳодҳо дар бобати амалисозии тадбирҳои мушаххас дар сатҳи мухталиф – миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ равона карда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки Марказ ба шарофати касбият, садоќат ба кор, масъулиятшиносї ва њадафмандии кормандонаш ба комёбию муваффаќиятњо ноил гардидааст. Аз ин лиҳоз, саҳми мутахассисони муассиса дар рушди фаъолияти Марказ ва дар таҳлили равандҳои муосир хеле барҷастаю назаррас аст.
Директори Марказ дар идомаи суханрониаш афзуд, ки воқеиятҳои ҷаҳон дар солҳои охир ба шиддат тағйир ёфта истодаанд ва аз ин чиҳат дар зеҳнҳо ногузир саволҳои зиёде пайдо мешавад, ки кишварҳое чун Тоҷикистон дар канори ин дунёи дар ҳолати ошуфтагӣ қарордошта бояд чӣ гуна амал намоянд. Танҳо таъкиди субъекти муносиботи байналмилалӣ будан бидуни андешидани чораҳои амалӣ, аз ҷумла ширкати фаъол дар равандҳои минтақавию глобалӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, таъмини рушди босуботи кишвар роҳи ҳалли масъала буда наметавонад ва сиёсати роҳбарияти олии кишварамон таҷассуми талошҳо дар ин роҳ аст.
Аз ин рӯ фаъолияти муассиса бо дар назардошти воқеаҳои солҳои охири ҷаҳон хеле равнақ пайдо карда, дар ҷанбаҳои гуногун пешравиҳо дида мешавад.Коршиносони марказ барои муаррифии шоистаи мавқеи кишварамон дар робита бо таҳаввули феълии назми минтақавию ҷаҳонӣ дар чорабиниҳои байналмилалии хориҷ аз кишвар пайваста саҳм мегиранд. Дар зарфи се соли охир кормандони Марказ дар 72 конфронсҳо, форумҳо ва ҳамоишҳои муҳимми байналмилалӣ дар хориҷ аз кишвар иштироки фаъол намудаанд. Иштироки фаъоли кормандони Марказ дар ҳамоишҳои байналмилалии баргузорнамудаи кишварҳои бо Тоҷикистон шарик на танҳо дар тақвияти мақоми Марказ ҳамчун ниҳоди таҳлилии назди Президенти кишвар, балки дар шинохти мусбати Тоҷикистон миёни доираҳои бузурги коршиносии байналмилалӣ нақши муҳим гузошт.
Инчунин Марказ бо иштироки пайваста дар чорабиниҳои ҳамтоёни хориҷиаш, ки ҷузъи фаъолияти низомномавиаш маҳсуб меёбад, ҳузури фаъол дошта кӯшиш менамояд, ки заррае ҳам бошад дар пешбурди сиёсати созандаи Роҳбарияти Олии мамлакат ва тақвияти имиҷи мусбати байналмилалии кишварамон саҳми назаррас гузорад.
Марказ аз рӯзи фаъолияташ вобаста ба таҳлилу масоилҳои ҷомеа, бахусус ниёзи муассиса бо кадрҳои болаёқат ва эҷодкору боистеъдод дар самти тарбияи мутахассисони забондону донишвар ва дар ҷодаи илм раҳнамоӣ кардани ҷавонон диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Дар идомаи суханрони Хайриддин Усмонзода нақши Марказро тайи чанд соли охир дар афкори созандаю бунёдкоронаи ҷомеа,ташаккул додани сиёсати иҷтимоии замонавӣ, таҳлилу баррасии масъалаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва илман исбот намудани равандҳои дар ҷомеаи навини тоҷик зуҳур намуда, назаррас арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки ин масирро сарбаландона кормандон давом дода истодааанд.
Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа доктори илмҳои филологӣ профессор Абдуллозода Масрур Аҳмад дар мавзуи “ 30- сол дар талоши рушди стратегии Тоҷикистон: аз ташаккул то шукуфоӣ” маъруза намуда, иброз намуд, ки дар марҳилаҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон, ки кишвар бо мушкилоти бесобиқа ва зарурати бунёди низоми нави идораи давлатӣ рӯбарӯ буд, нақши ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотӣ, махсусан ниҳодҳои таҳлилию машваратӣ назаррас арзёбӣ мегардад.
Аз ҷумла, таъсиси Маркази тадқиқоти стратегӣ муҳимтарин рӯйдоди таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид, ки таҷассумгари талоши давлат барои рушди устувор ва такя ба равиши илмӣ дар қабули қарорҳо мебошад.
Аз ин рӯ, ташаккулёбии Марказ бо марҳалаҳои гуногуни тараққиёти мамлакат, ки дигаргуниҳои манзараи сиёсӣ, вазъияти иқтисодӣ ва муносибатҳои байналмилалиро инъикос менамояд, алоқамандии зич дорад.
Бо шарофати сиёсати дурандешона ва илммеҳварӣ Ҳукумати кишвар, дар тӯли ин се даҳсола Марказ на танҳо ҳамчун як муассисаи илмӣ, балки ба як абзори муҳиме табдил ёфт, ки дурнамои стратегии рушди кишварамонро ташаккул дода, роҷеъ ба муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар шароити мураккаб ва тағйирёбанда саҳми муассир гузоштааст. Дар ин давра Марказ роҳи душворро аз ташаккулёбӣ то рушди бомуваффақият тай намуда, ба ҷузъи ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ, ба як ниҳоди боэътимоди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба яке аз василаҳои асосии ташаккули дидгоҳи стратегӣ оид ба рушди кишварамон табдил ёфт.
Маҳз дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, Марказ бо вазифа ва уҳдадориҳои мушаххас ба фаъолият шуруъ намуда, ба Ҳукукмати мамлакат ҷиҳати муайян намудани масири давлатдории миллӣ дар ҷаҳони пуртаззод, кумаки илмӣ – таҳлилӣ расонд. Дар ин замина, Марказ бо пешниҳоди таҳлилҳои саривақтӣ, ояндабинона ва тавсияҳои муҳим, ки барои рафъи мушкилот, фароҳам овардани шароит барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва истиқрори сулҳу оромӣ дар ҷомеа нигаронида шуда буданд, дар таҳкими давлатдорӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, дар солҳои душвори
Марказ дар доираи вазифаҳои низомномавии худ корҳои илмӣ-тадқиқотии зиёдеро анҷом дода: аз барқарории сулҳу субот дар ҷомеа то таъсиси ниҳодҳои нави давлатӣ, аз ташаккули идеяи миллӣ то муайян намудани афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ, дарёфти роҳу воситаҳои таъмини амнияти миллӣ ва технологияи таъмини суботи сиёсӣ.
Имрӯз низ Марказ бо такя ба усулҳои муосири илмии таҳлил ва пешгӯӣ дар ташаккули стратегияи рушди Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Мо хуб огоҳӣ дорем, ки коршиносони Марказ дар баррасии масъалаҳои мубрами замони муосир фаъолона ширкат намуда, барои дарёфти роу воситаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон саъю талош менамоянд.
Аз ҷумла, саҳми Марказ дар ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирии таҳдиду хатарҳои эҳтимолии дохилӣ ва берунӣ шоистаи таҳсин мебошад. Кормандони Марказ дар доираи фаъолияти худ тамоюлҳои геополитикиро ба таври амиқ таҳлил намуда, дар робита ба таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон пешгирии хатарҳо ба таҳкими амнияти миллӣ тавсияҳои судмандро таҳия менамоянд.
Дар охир мехоҳам ба тамоми кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ барои фидокорӣ, маҳорати баланди касбӣ ва саҳмашон дар рушди кишвар миннатдории самимӣ баён намоям.
Дар ҷараёни ҳамоиш, Содиқи Насиба Нуруллозода – доктори илмҳои фалсафа,профессор,раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсии ҷавонон, академики АМИТ- Кароматулло Олимов, тариқи маҷозӣ Ваҳобов Жавлон Абдужалолович – директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ (Ҷумҳурии Узбекистон), тариқи маҷозӣ Тукумов Еркин Валитханович- директори Маркази тадқиқоти стратегии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва ноиби Президенти АМИТ Муҳаммаддовуд Саломиён суханронӣ намуда, вобаста ба фаъолияти Марказ ва саъю талошҳои кормандони онро дар марҳалаи имрӯза, рӯйи масъалаҳои таъмини сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, эҳёи сиёсию иқтисодии кишвар ва мушаххас сохтани самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иҷимоӣ ва иқтисодии мамлакат назаррасу муҳим муаррифӣ карданд.
Дар қисми дуюми ҳамоиш Пиризода Ҷалил Сафар – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академик, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзуи “Тамоюлҳо ва дурнамои амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият”, Қурбонов Абдураҳмон Шерович – доктори илмҳои фалсафа, профессор, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “ Стратегияи рушди илм дар замони Истиқлолият”, Шарифзода Саидҳомид Сафар – номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҳамкориҳои байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, Одиназода Амин – номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “ Нақш ва ҷойгоҳи рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ” ва Бобоев Ҷурахон Исломович – сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Саҳми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид” суханронӣ карданд.
Баъдан номзади илмҳои фалсафа, котиби матбуотии Марказ Рамазонӣ Давлатов китоби «30 сол дар масири таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ»-ро муаррифӣ намуд.
Дар интиҳои ҳамоиш иштирокчиён доир ба масъалаҳои гуногуни матраҳгардида ба музокира баромада, фикру андешаҳои арзишманд баён карданд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият ва фазои якдигарфаҳмӣ доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон