ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар таърихи давлати тозаистиқлоли тоҷикон марҳалаи сифатан нав оғоз гардид. Ба даст омадани сулҳу субот ва ибтидои раванди ваҳдати миллӣ барои ташкили ниҳодҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Раванди сулҳ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дигаргуниҳои мусбат ба даст оварад. Ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ҳар соли сипаришуда ба умри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат соле зам мекунад, вале аҳамияти ин санади тақдирсоз бо гузашти солҳо беш аз пеш меафзояд.
Чунин изҳори назар намудааст сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намуд Зубайдулло Давлатов дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.
— Бисту ҳафт соли сипаришуда собит кард, ки барои давлати тоҷикон ва миллати тоҷик неъмати азизтар ва бузургтар аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вуҷуд надорад. Нотавонбинӣ ва ношукрии баъзе ашхос аст, ки паҳлуҳои гуногуни Ваҳдати миллии Тоҷикистонро нодида мегиранд.
Имрӯз вазъ ва авзои ҷаҳон ноором аст. Дар минтақаҳои гуногуни олам ҷангу хунрезӣ идома дорад. Ҷангу муноқишаҳо дар ин давлатҳо боиси пайдо шудани ҳазорон гуреза гардидааст. Мо, тоҷикистониён ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронидаем ва аз он бояд дарси талхи таърих сабақҳои дуруст бардорем.
Зеро теъдоди созмонҳои террористӣ ва ифротӣ рӯ ба афзоиш аст. Кӯшиши зери тасарруф даровардани минтақаҳои нав ба нав аз ҷониби ниҳоди террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар кишварҳои гуногун, паҳншавии ғояҳои тундгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, гирифтори дасисаву фиреби бегонагон нашавем, ваҳдату суботро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ҳодисаҳои нангини 4-16 сентябри соли 2015- кушишҳои табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом доир гардид, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои хешро бо дасти зархаридону гумоштагон амалӣ гардонида, ба сари мардум низоми бегонаро таҳмил намоянд.
Пӯшида нест, ки имрӯзҳо истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва табодули иттилоот ба воситаи расонаҳои электронӣ васеъ паҳн шудааст. Ин тарзи истифодаи иттилоот ҳам ҷиҳати мусбат ва ҳам ҷиҳатҳои манфӣ дорад. Маҳз ана ҳамин шабакаҳои интернетӣ омили пайвастани баъзе ҷавонон ба созмонҳои ифротию террористӣ мегарданд. Ҷавонон бояд донанд, ки технологияҳои иттилоотӣ воситаи паҳншавии низоъҳо шуда, боиси ба амал омадани бархӯрдҳои фоҷиабор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мегарданд.
Падару модаронро зарур аст, ки ба таҳсили ғайрирасмии динии фарзандон роҳ надиҳанд, барои ин гуна таҳсил фарзандонро ба хориҷи кишвар нафиристанд. Зеро пас аз таҳсил онҳо ба Ватан аллакай бо мафкураи бегонаи ифротӣ бармегарданд. Дар мафкураи ин гуна ҷавонон ақидаҳое ҷой дода мешаванд, ки ба воқеияти давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ рост намеоянд ва дар натиҷа қисме аз онҳо дар зиндагӣ раҳгум мезананд ва ба доми гурӯҳҳои ифротию террористӣ меафтанд.
Таассуфовар аст, ки дар ҷомеа ҳанӯз ҳам унсурҳои манфӣ вуҷуд доранд ва онҳо ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва суботу оромии мамлакат халал ворид карда метавонанд. Ришвахорӣ, маҳалгароӣ, рушди номутаносиби минтақаҳои ҷумҳурӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатӣ аз ҷумлаи мушкилоти ҷомеа мебошанд. Имрӯз миллати тоҷик вақти зиёд ё фурсати таърихӣ надорад, ки солҳои дароз ин зуҳуроти номатлубро таҳаммул намояд. Мо бояд ба дарки он расем, ки душманон метавонанд аз маҳалгароӣ суиистифода намуда, миллатро ба муқобили ҳам барангезанд.
Маълум аст, ки яке аз сабабҳои ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани Тоҷикистон поймол шудани Конститутсия ва қонунҳо, аз доираи қонун баромадани баъзе гурӯҳҳо, манфиатҳои шахсӣ, ҳизбӣ ё гурӯҳиро аз манфиатҳои миллату давлат болотар донистан ва фаъолияти нодурусти баъзе аз воситаҳои ахбори омма буд. Агар ин гурӯҳу ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум дар анҷоми вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат ва суботу амнияти ҷомеаро дастур менамуданд, ягон идеологияи ғаразноки бегонае осудагии Тоҷикистонро халалдор карда наметавонист.
Мардуми мамлакат ғояҳои ифротгароёнаи созмонҳои экстремистию террористиро қабул надоранд ва ба хотири амну субот саъю талош меварзанд. Созмонҳои экстремистӣ миёни мардум замина надоранд ва ваҳдати миллии мамлакатро халалдор карда наметавонанд.
Таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овард, ба такрори воқеаҳои гузашта роҳ намедиҳад ва ин таҷриба, ин дарси таърих кафолати ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан ва пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ хоҳад буд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо ба ҳайси як ҷашни маъмулии тақвимӣ нест, балки фаротар аз он саҳифаи таърихест, ки ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд насиб гардидааст. Бо пофишории мухолифини майдон, ба тариқи фишор аз ҳокимият дур кардани президенти қонунии мамлакат, таъқиби вакилони халқ, навбатпойии мардум барои нон, азобу бенизомиҳои он рӯзҳоро шаҳрвандон ҳеҷ гоҳ бояд фаромӯш накунанд.
Дар он рӯзҳои мудҳиш Конститутсия ва қонунҳо амал намекарданд, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ ҳама ҷо ҳукмрон буд. Зафъу ноумедӣ мардуми зиёдро ба гурезаҳои иҷборӣ табдил дод. Зиёда аз як миллион нафар тоҷикистониён тарки Ватан намуда, асосан ба Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо рахти сафар бастанд.
Таърихи башар ҷангҳои зиёди шаҳрвандиро ёд дорад, ки бо оқибатҳои даҳшатбор анҷом ёфтанд. Ҷангиёни ҳарду ҷониб мушкилотро танҳо бо роҳи истифодаи силоҳ ҳал карданӣ мешуданд. Аммо дар шароити ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон давом додани мухолифати мусаллаҳона метавонист боиси аз байн рафтани давлат ва миллат шавад. Дар таърихи миллати тоҷик тақдири давлати Сомониён, ки бо дасиса душманон бародаронро бо ҳам барангехтанд ва давлати мутамарказро ба нестӣ расониданд, ҳамчун сабақи талхе сабт ёфтааст.
Бо такя ба таҷрибаи таърихӣ ва хиради азалии халқи тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи осоиштаи музокирот бо мухолифинро пеш гирифт ва бисту ҳафт соли сипаришуда аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дурустии роҳи интихобшударо исбот намуд. Бисёр мушкил буд ин роҳ. То он дам чунин таҷрибаи санҷидашуда вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт- яке Конститутсияи Тоҷикистон ва дигаре иродаи мардуми шарифи тоҷик.
Ба душворию маҳрумият нигоҳ накарда, раванди сулҳу ризояти миллӣ барои миллат мактаби бузурги таърихие буд, ки шаҳрвандон аз он дарси фарҳанги сулҳ, дарси давлатдорӣ омӯхтанд. Ин таҷриба ва ин сабақи таърих барои садсолаҳо аст.
Сулҳ дастоварду арзиши миллист, маҳсули хиради волои халқ аст. Бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон бо мақсади соҳибӣ ба сарватҳои табиӣ ва захираҳои ашёи хому бозори ҷаҳон рӯз ба рӯз шиддат меёбад. Ба замми ин, терроризм ва экстремизм барои давлатҳо ба манбаи нави хатару таҳдид мубаддал гаштааст.
Дар чунин шароит, ки вазъи дунё ҳар лаҳза дар ҳоли тағйирёбист, дар дохили давлат таъмин будани Ваҳдати миллӣ, суботу амнияти ҷомеа, таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ барои тинҷу осоишта кору зиндагӣ кардани мардум аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳама гуна мухолифат ва низоъ бо роҳи музокирот бояд ҳал шавад. Таҳаммул карда тавонистани ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, гузашт ва муросо, муруввату мадоро, худдорӣ аз ҷаҳлу ҷидол аз хислатҳои неки миллати бофарҳанг ба ҳисоб мераванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 26 июни соли 2000, аз ҷумла, гуфта буданд: «Имрӯз мехоҳам як ҳақиқати воқеиро, ки қаблан ҳам гуфта будам, бори дигар таъкид намоям. Ҳақиқат ин аст: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст».
Сулҳ неъмати беназир аст, неъматест, ки барои ба даст овардани он миллати тоҷик ҷони садҳо ҳазор фарзанди барӯмандро ба коми аждаҳои ҷанг қурбонӣ дод. Яъне, сулҳест, ки ба ивази ҷонсупориҳо ба даст омадаву арзиши беш аз ҷон дорад. Аз ин рӯ, барои миллати тоҷик дар қатори дигар арзишҳои миллӣ сулҳу сафои пойдор дар мамлакат арзиши бебаҳо, баланд ва муқаддас аст.
Имрӯз баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ талоши ҳамешагии шаҳрвандон, зиёиён, диндорон, кормандони воситаҳои ахбори омма, шоирону нависандагон, ҷавонон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон зарур аст. Ҳоло ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст, андешаи ҳукмрон дар ҷомеа бояд андешаи сулҳу салоҳ, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат давлату миллати тоҷик соҳиби рӯзгори орому осуда мегардад ва шаҳрвандон метавонанд машғули заҳмату талоши созанда бошанд.
Умуман, бисту ҳафт соли имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ собит намуд, ки роҳи интихобнамудаи Пешвои миллат барои рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона роҳи дуруст буда, онро шаҳрвандон дастгирӣ намуда, барои татбиқи амалии он кӯшишу ғайрат доранд. Бисту ҳафт соли пурбаракат, ваҳдату ягонагӣ, бунёдкориву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ, шодию фараҳ, шукргузорӣ ба сиёсати сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани ин гуфтаҳо аст.
Бояд дар ҳар гуфта, ҳар навишта, дар ҳар суханронӣ, хуллас, дар ҳама вазъу ҳолат, яъне ба гуфтору рафтору кирдор ба се арзиши олӣ: Ватан, давлат ва миллат арҷ гузорем.